Главная / Илм / ТОЧИКИСТОН ДАР СОЛХОИ ЧАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИ

ТОЧИКИСТОН ДАР СОЛХОИ ЧАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИ

Точикистон, ки кисми таркибии давлати Шурави буд, ин чанг ба хаёти сиёсии чумхури бе таъсир намонд. Дар чумхури кори тамоми доирахои давлати, муассисахо ва ташкилотхо ба талаботи давраи чанг мувофик гардонида шуданд. Аз рузхои аввали саршавии чанг, мехнаткашон ба гирдихамои чамъ шуда, ба мудофиаи Ватан бархостанд. Фиристодагони Точикистон дар хамаи мухорибахои чанг иштирок доштанд.
Дар рузхое, ки немисхо барои ишгол кардани шахри Москав харакат карданд, барои мудофиаи шахр дивизияи 20- уми ордени Ленин ва Байраки сурхдори савора фиристода шуд. Тамоми таъминоти ин кисми харби аз хисоби Точикистон буд. Ин кисми харби чандин марказхои ахолинишинро озод карда, дар мудофиаи Москав сахми калон гузошт. Барои нишон додани кахрамони дар мудофиаи шахр 150-нафар афсарон ва аскарони кисми харби бо ордену медалхо мукофотонида шуданд.
Дар мухосира ва асир гирифтани кисмхои харбии фашистон дар Сталинград двизияи 61- савораи Точикистон сахмгузор мебошад. Баъдтар ин двизия барои нишон додани шучоат номи гвардиягиро гирифт.
Дар Точикистон инчунин дар давоми чанг кисму чузъхои харби ташкил карда шуда, онхоро бо либоси низоми ва лавозимоти чанги таъмин намуда ба фронт гуселонданд. Онхо полкхои 45-эхтиётии НКВД, полки инженери- аэродроми, полки 106 авиатсионии киркунанда. Аз чумла 179 миномётчи, 213 тупчи, баталиони алохидаи автоматчиёни точик, двизияхои 20-ум, 61, 62, 64, 104 савораи кухгарди
тирандози, бригадаи тирандозии 98 ва 99 ва гайрахо буданд. Ин кисмхо аз рузхои аввал то охири чанг дар мухорибахо иштирок карда дар торумор намудани душман сахми калон гузоштанд.
Барои кахрамони бемислу монанд дар мухорибахои чанг 54-нафар фиристодагони Точикистон бо номи Оли Кахрамони Иттиходи Шурави ва 15-нафари дигар кавалерии ордени Шарафи дарачаи 3-юм гардиданд. Танхо барои озод намудани Варшава, Прага Бухарест, Будапешт ва Белград 15 хазор нафар фиристодагони Точикистон бо ордену медалхои чанги сарфароз гардиданд. Дар акибох низ зиёиён, коргарону дехконон бо ордену медалхо кадр карда шуданд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222