Главная / Илм / Тачрибаи танзими давлатии бозори инноватсияхо

Тачрибаи танзими давлатии бозори инноватсияхо

Аксар мамлакатхои мутараккии саноати имруз умеди худро ба рушди устувори дарозмухлати иктисоди бо гузариш ба рохи инноватсионаи тараккиёт мебанданд, ки он дар саноат ва сохахои дигари хочагии халк багоят васеъ истифода бурдани дастовардхои навтарини илм ва техника, технологияхои иттилооти, биотехнология, маводхои нав, технологияхои захира ва табиатсарфкунанда тавсиф карда мешавад. Бинобар индаркнамоии инноватсионии корхона, иктисодиёт бо пурраги- яке аз вазифахои асосии давлати аз чихати саноати тараккиёфтаи муосир мебошад.

Хар кадом мамлакат ин вазифаро тибки тарзу усули худаш бо назардошти шароитхои мушаххаси сиёси ва ичтимои, анъанахои мавчудбуда, хусусият ва талаботи иктисоди милли, имкониятхои истехсолии мавчуда, захирахои инсони, модди, молияви ва табии дар ихтиёраш буда, неруи инноватсиони гуншуда халлу фасл менамояд. Якчоя бо ин як катор конуниятхои басо умумимавчуданд, ки дар ин ва ё он шакл дар давлати дилхохи саноати мушохида мешаванд.

Вазифаи мухими менечменти инноватсиони дар сатхи макроиктисод интихоб ва истифодаи воситахои дар шароити мушаххаси иктисоди бештар самараноки идоракунии раванди инноватсиони ба онхо вогузоштани захирахои дар ихтиёри чомеа буда мебошад.

Бо алфози дигар, фишангхои идоракунии иктисодиро, ки имкони бо харочоти камтарини захирахои чамъияти-мехнати, сармоя ва вакт ба сатхи муайяни рушди инноватсиони баромаданро медиханд, бояд муайян намуд.

Зарурияти дастгирии давлатии фаъолияти инноватсиони, ки аз як тараф, бар накши мухими пешрафти технологи дар таъмини рушди иктисоди, аз дигар тараф, бар он ки бахши хусуси на хамеша тайёр аст, ки раванди инноватсиониро барои нигох доштани ракобатпазири дар хачми пурра ба маблаг таъмин намояд, асос меёбад. Холати охиринро бо сабабхои иктисодии сершумор метавон маънидод кард. Яке аз онхо бо номаълумии зиёд ва таваккали калон хангоми бурдани тадкикот ва махсусан хусусияти бунёди ва чустучуи дошта вобаста аст.

Дар як катор сохахо, ки ба онхо таклидкории нисбатан соддатари навигарихои илми-техники хос аст, ширкати хусусии раванди инноватсиониро бо маблаг таъминкунанда дар назди ракибон бартарии дарозмуддатро ба даст намеоварад. Натичахои тадкикот ва коркардхои тачрибавию технологии ичрошуда ба дорои умумии саноат табдил меёбанд, ки дар натичаи он харочоти ибтидои барои ба даст овардани онхо чуброн карда намешавад.

Боз як холати мухим-микёс ва мухлати калони ичрои баъзе лоихахои тадкикоти охиринро берун аз хадди имкониятхои молиявии як ширкати саноати мегузорад, хатто агар вай хар сол барои гузаронидани корхои илми-тадкикоти ва тачрибаю технологи маблагхои зиёд чудо намояд, хам.

Ба гайр аз ин, набудани бозори ташаккулёфта мавчудияти истеъмолкунандаи неруманди (потенсиалии) яккаву ягона, масалан, давлат, баъзан ба сифати омили завки бизнесро ба дастовардхои илму техника боздоранда баромад мекунад.

Барои аз тарафи давлат дастгири намудани фаъолияти инноватсиони дар аксар мамлакатхои тараккикардаи саноати одатан мачмуи басо умумигаштаи васоити иктисоди мавриди истифода карор мегирад. Дар он мамлакатхо грантхо ва субсидияхои нишонадор бештар пахн гардиданд, ки метавонад то 50% арзиши лоихахои мушаххасро таъмин намоянд. Дар баъзе мамлакатхо грантхо бо шарти пардохт намудани харочоти давлат онхо дар холати ноил гардидан ба муваффакияти тичорати, дода мешаванд. Дар холати нобарории бо сабабхои объективи рух додан, маблагхои аз давлат гирифта шуда метавонанд баргардонида нашаванд. Аксар вакт дар фаъолияти инноватсионии корхонахо инчунин, андозхо ва карзхои гуногун васеъ истифода бурда мешаванд. Сахмгузорихои мустаким, кафолатхои давлати ва маблагтаъминкуни тавассути иштироки давлат дар сармояи ширкатхои саххоми бошад нисбатан камтар истифода бурда мешаванд.

Дар тули солхои охир ахамияти тадбирхои гайримустакими аз тарафи давлат хавасмандгардонии инноватсиони дар сохахои алохидаи саноат аз хисоби мачмуи васеъи сабукихои додашудаи андозбанди, дастгирии максадноки бизнеси хурд ва миёнаи инноватсиони, ташаккули зерсохтори зарурии инноватсиони ва институтхои дахлдори супоридани технология аз бахши давлати ба саноат ва гайра баланд гардид. Ба ин тадбирхо такя намуда, аксар мамлакатхои саноати (аз чумла мамлакатхои Иттиходи Аврупо) максади стратеги то 30 % баланд бардоштани хиссаи харочоти миллиро барои гузаронидани корхои илми-тадкикоти, тачрибавию конструктори ва мачмуи махсулоти дохила пешниход намуданд.

Аён аст, ки дар сохахои мухталифи саноат сабабхои гуногун барои мудохила ё баръакс, мудохила накардани давлат боло гирад, аз ин сабабхо хачми умуми ва механизмхои кумаки давлати вобастаанд.

Дар дахсолаи охир сиёсати мамлакатхои муттараккии саноати нисбат ба корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию конструктори хусусияти бештар интихобиро медоштаги шуд. Тамоили тамазкури дастгирии давлати дар самтхои муайян, аз чумла, ба халли масъалахои мухими зерин алокаманд буданд:

  1. дастгири намудани бахши хусуси дар аз худ намудани технологияхои пешкадами барои баланд бардоштанир ракобатпазири дар бозори чахони ахамияти мухимдошта;
  2. пуркувват намудани иктидори илми-техникии хурд ва миёна;
  3. такмили зерсохтори корхои илми-тадкикоти ва тачрибавию конструктори.

Бо хамин рох давлат озмуданист, ки ба бахши хусуси, ба он чое, ки тибки конунхои бозор бебарорихои багоят калонро метавон чашмдор шуд, китфи худро барои такя гузорад. Сухан пеш аз хама, дар бораи хавасмандгардонии тадкикоти илмива амалии   таваккали хавфнокиашон баланд (аз сабаби сатхи баланди номуайянии натичаи нихои), баланд бардоштани имкониятхои инноватсионии бизнеси хурд ва миёна, ташкили аксуламали субъектхои мухталифи муносибатхои хочагидори дар мархилахои торакобатии ба дастории донишхои нави илми ва технологи, меравад.

Такмили сиёсати давлат бо максади бозсозии сохтори ва мавчудияти махдудияти кавии бучави дар бист мамлакати муттараккии саноати пахншавии чунин нуктаи назар оварда расонд, ки тибки он давлат набояд кушишхои худ ва захирахои дар ихтиёраш бударо дар байни самтхои тараккикардаистода майда-майда таксим намояд. Онхоро ба сохахои стратегии барои ояндаи тамоми иктисоди милли багоят мухими саноат бояд равона кард.

Мафхуми аз тарафи умум кабулшудаи «сохахои стратеги»-и саноат хануз пайдо нашудааст. Дар адабиёти илми барои тавсифи онхо махакхои мухталиф, аммо якдигарро ивазнамоянда мавриди истифода карор гирифтааст. Ба гайр аз ин, хар кадом давлат манфиатхои хосаи иктисодиро дорост ва инчунин осори худашро мегузорад.

Ба сифати мисол, се таърифро меорем, ки дар яке аз тадкикотхои муайянсози ташкилоти хамкорихои иктисоди ва рушд дода шудаанд.

  1. Хамон сохахои саноати стратеги ба хисоб мераванд, ки ба туфайли бунёд кардани имкониятхои нави технологи ба рушди бисёр сохахои дигар, ширкатхои саноати ва истеъмолкунандогони нихоии махсулот таъсири пуркуввати мусби мерасонад.
  2. Хамон сохахои стратеги хисоб меёбанд, ки махсулоташон барои тараккиёт ва рушду равнаки иктисодиёт зарур аст.
  3. Хамон сохахои саноат стратеги хисоб меёбанд, ки барои таъмини сохтории милли ахамияти мухим доранд.

Дарк кардан душвор нест, ки таърифхои якум ва дуввум амалан ба хам монанданд. Нисбат ба таърифи сеюм бошад, бояд кайд намуд, ки аксар сохахои саноати мансуб ба ин таъриф махсулоти таъиноти дугонадоштаро мебароранд, дар сохахои иктисодиёт метавонад васеъ пахн шавад. Аммо таърифхои мавчуда хар кадаре, ки байни худ фарк кунанд хам, чизи асоси он аст, ки дар заминаи онхо сохахои аз нуктаи назари давлат, афзалиятноки саноат чудо мегардад, ки ба онхо диккати бештар равона карда мешавад.

Фонди рушди иноватсия Дастгирии «сохахои стратеги»-и саноат амалан аз тарафи хамаи мамлакатхои аз чихати саноати тараккикарда ба чо оварда мешавад, гарчанде, ки дар амал шаклхои гуногунтаринро ба худ гирад хам, аксарияти давлатхо дар ин маврид танхо бо субсидияхои молияви махдуд намегиранд. Онхо мачмуи холатхои мухталифи ба бахши хусуси таъсиррасониро, ки ба раванди сармоягузори, сохаи савдо, шароити ракобати бозори ва чараёни азхудкунии технологияи нав дахл менамоянд, мавриди истифода карор медиханд.

Дар мамлакатхои Аврупои Гарби дастгирии «сохахои стратегии» саноат хам дар сатхи давлати ва хам дар сатхи байнидавлати ба чо оварда мешавад. Мисолхои хоса дар холати якум, ба тараккиёти наклиёти бо истифодаи сарчашмахои нави сузишвори, баланд бардоштани суръати рохи охан ва рушди электроника дар Фаронса, саноати кайхони дар Британияи Кабир, Олмон ва Итолиё, хавопаймосози дар Нидерландия алокаманд мебошанд.

Хар сатхи байналмиллали мамлакатхои Аврупои Гарби кушишхои худро барои баланд бардоштани сатхи илми-техники ва технологии ширкатхои милли дар ру ба руи тезутундшавии ракобат аз тарафи ширкатхои ИМА, чахон ва мамлакатхои нави саноати муттахид месозанд. Бо ин максад чунин барномахои калонмикёси иттиходияхои (корпоратсияхои) истехсоли ва илми-техники, ба монанди «Аэробус», «Эврика», «Фреймуорк» тахия карда шуданд.

Хатто хукумати ИМА, хангоми маъмурияти Р.Рейган, ки ба таври шифохи дастгири намудани сохахои муайяни саноатро рад карда, хаматарафа химоя намудани ракобати озодро тарафдори карда буд, унсурхои сиёсати нишонии саноатиро дар амал мавриди истифода карор дода буд. Нозирон тахмин мекунанд, ки махз хамин максадро, аз чумла, иштироки фаъоли давлат дар бунёди консорсиуми ширкатхои бузурги «Сематек» дар сахли микроэлектроника, дар худ дошт.

Бо хамин тарика хиссаи бузург дар рушди биотехнология дар ИМА аз хисоби маблаг таъминкунии калонмикёсикорхои илми-тадкикоти ва тачрибавию конструктори аз тарафи институтхои Миллии тандурусти ва Фонди миллии илми таъмин карда шуда буд. Ба ёд наовардани он мумкин нест, ки бисёр сохахои саноати холат ИМА (масалан, аэрокайхони) мохиятан дар заминаи харидхои калонмикёси вазорати дифоъ комат рост карданд. Сиёсати мазкур инчунин дар тули хукмронии хамаи президенти минъбаъдаи ИМА идома ёфт.

Аён аст, киаз тарафи давлат дастгири кардани афзалиятноки илми- техники бисёр сохахои саноат низ, ниёз доранд. Казия дар он аст, ки бо назардошти занчираи мукараршудаи рушди ичтимои-иктисоди, мухимтарини онхоро дуруст муайян намуд.

Хатогии дилхох дар муайян намудани сохахои стратеги ба давлат багоятгарон меафтад. Дар айни хол, бояд фахмо бошад, ки таксимоти захирахои махдуди бучави тибки принсипи «ба хар хохар як гушвораги» самараи зарури иктисоди ба даст намеоварад.

Вобаста ба ин, имруз казия дар давраи хозира муайян намудани афзалиятхо ва технологияхои нозук,ки ба онхо кушишхои давлат бояд тазаккур дода шавад, ба мадди аввал мебарояд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222