Главная / Илм / Тафовути матлаъхо

Тафовути матлаъхо

Аз назари чумхури ахли илм, аз чумла имом Абуханифа (рх),
имом Молик (рх) ва имом Ахмад (рх) вакте хилоли мохи Рамазон дар
сарзамине дида шуд, руза бар тамоми мусалмонон дар сар то сари
олам вочиб мегардад, зеро руи хитоб дар фармоиши Расули акрам (с):
Бо»
дидани он (дар аввали мохи шаввол) ифтор намоед» ба суи тамоми му-
салмонон аст. Тафовуте, ки дар матлаъ (мохтоббаро)-и як сарзамин бо
тулуъгохи сарзамин ва минтакаи дигар вучуд дорад, дар ин хукм таъ-
сире надорад. Зеро бо тафовути чандсоатае, ки дар миёни матлаъхо
вучуд дорад, дар курси мох ва гузариши шабу руз таъсири чиддие ба
вучуд намеояд.  
Назари дигаре дар ин маврид низ вучуд дорад, ки он аз дидгохи
фикхии имом Шофеъй (рх) ва мувофиконаш иборат аст ва дар он та-
фовути матлаъхо ба эътибор гирифта шудааст. Аз назари инхо вакте
хилоли мохи Рамазон дар сарзамине дида шуд, руза танхо бар ахли он
сарзамин ва мардуми сокини манотики хамчавори он вочиб мегар-
дад. Зеро аз Курайб ривоят шудааст, ки Уммулфазл бинти Хорис
уро ба назди Муъовия дар Шом фиристод. Вай мегуяд: «Ба Шом раф-
там ва кори уро \ додам. Пас ؛он бар ■ дар !Пом фаро
расид ва хилол (-и мохи Рамазонро) дар шаби чумъа дидам, а аз он
дар охири ■ ба Мадина барга«41ггал1. Абдуллох ибни Аббос (р) аз ■
.1
Гуфтг: Ту дидй? Гуфтам.: Оре, ва мардум хам ва р а
доштанд ва м овия (хам) р гуфтг: Лекин мю
онро шаби шанбе дидем ва хануз руза медорем то он ки си рузро комил
гардонем ва ё боз мохи бибинем. Гуфтам.: Оё бю дидани м овия
иктифо намекунй? Гуфтг: Не, Расу ли Худо (с) ба мю хамин тавр амр
кардааст».
Харчанд аз назари чумхури ахли илм тамоми матлаъхо дар субути
хилоли мохи Рамазон як матлаи умумй ба шумор раванд хам, дидгохи
дуюм низ хеле кавй ва бар асоси далели шаръй бино ёфтааст. Бинобар
ин, хайати кибори уламои мамлакати Саудй хеч кадоми онхоро бар
якдигар тарчех надода, барои хар кишвари исломй ва сарзаминхои
хамчавори он хакки интихоби яке аз ду назари фикдаро коил шудааст,
яъне уламои хар кишвар метавонанд бо яке аз ду дидгохи фикхи дар
бораи матлаъхо, ки ба шароити ичтимой ва чугрофиёии хоси худашон
муносибтар бошад, амал намоянд.
Назари чумхур дар ин маврид бехтар ба назар мерасад, зеро вах-
дати дар матлаъхо, ки вахдати дар руза ва дар идро ба вучуд меова-
рад, сабаби вахдат ва хамбастагии мусалмонон мегардад. Бинобар ин,
Мачлиси Мачмаи фикхи исломй дар нишасти сеюми худ дар шахри
Аммон – пойтахти кишвари Урдун, ки дар таърихи 8-13 мохи сафари
соли 1407 х. мутобик ба 11-16 октябри соли 1986 м. баргузор гардид,
пас аз баррасии ду масъала дар казияи якпорчасозии оози моххои ка-
марй: а) хачми таъсири ихтилофи матлаъхо дар вахдати огози моххо
ва б) хукми исботи аввали моххои камарй ба василаи хисоби астро-
номй карори зеринро ба тасвиб расонд: 
Якум, вакте руъяти мох дар кишваре собит гардид, бар хамаи му-
салмонон вочиб аст, ки ба он амал намоянд. Тафовути матлаъхо эъти-
боре надорад. Зеро руи хитоб дар амри ба руза ва ифтор бо дидани
мох ба суи умуми мусалмонон аст.
Дуюм, он бояд танхо ба тарики руъят собит шавад, вале ба хоти-
ри риояи аходиси набави ва хакоики илми аз хисобй астрономи ва ра-
садхо дар дидани он кумак гирифта шавад.
Вале чун масъала аз чумлаи масоили ихтилофи аст, пас ахли хар
сарзамине метавонад ба яке аз онхо амал намояд ва касе хам шаръан
хакки сарзаниши онхоро надорад.
Дидгохи дигаре низ дар ин масъала вучуд дорад, ки коил ба ин
мавкеъ аст: Агар матлаъхои сарзаминхои гуногун ва минтакахои хам-
чавор дар тулу арзи чугрофиёии худ ба хам наздик бошанд, пас мат-
лаи яке аз онхо матлаи дигарон низ ба шумор меравад, вале агар дар
миёни онхо тафовуте ба андозаи фосилаи байни китъаи Осиё ва Амри-
ко вучуд дошта бошад, пас метавон матлаъхои онхоро гуногун эъти-
бор кард. Зеро фосилаи замоние, ки матлаи ин ду минтакаро аз хам
чудо месозад, худуди дувоздах соат, яъне ним шабонарузро ташкил
медихад. Аммо ин дидгох ба эродхои илмие ру ба ру шуда, хануз аз
мавкеи фикхии муносибе бархурдор нагаштааст.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222