1. Агар бо сабабхои дигаре ир аз хамбистарй – ба сабаби хурда
ва нушидан бар рузадор каффорате вочиб гардад ва хануз он каффо-
ратро напардохта, ки каффорати дигаре бар вай вочиб гардад, барои
хар ду додани як каффорат кифоя аст, агарчи дар ду рамазон иттифок
афтода бошанд. Аммо, агар ба воситаи хамбистарй бар вай чанд каф-
форат вочиб гашта бошад ва хама дар як Рамазон ба амал омада бо-
шанд, додани як каффорат барои хама кифоят мекунад, вале агар дар
ду Рамазон ба вучуд омада бошанд, як каффорат барои онхо кифоят
намекунад, бояд ду каффорат дихад.
2. Агар касе рузаи як рузи Рамазонро пас аз ният бе хеч гуна бе-
морй ва узри шаръие касдан бихурад, бояд хам казои он руз ва хам
каффорати онро ба чо оварад.
Он ду мох, руза адо кардан,
Ончи хурдаст хам казо кардан.
Вакте барои адои каффорат аз миёни се навъи он – озод сохтани
гуломе ва ё таом додани шаст мискин – рузаро ихтиёр намояд, пас бо-
яд ду мохро паёпай руза бигирад. Ба шарте дар миёни он ду мох, як-ду
рузро бихурад, бояд аз сари нав ду мох, руза бигирад. Албатта, рузхои
хайз барои занон муъоф (бахшуда) аст. Агар зане дар миёни ду мохи
рузаи каффораташ хайз бинад, бакияи онро пас аз пок гаштанаш
идома медихад.
3. Агар ба сабаби нифос аз паёпай гирифтани руза бозмонад, пас
аз поки бояд аз нав ду мохро паёпай руза бигирад. Нифос харчанд уз-
ри шаръи хам бошад, дар вактхои дигар метавонад паёпай ду мох, руза
бигирад, вале дар холати хайз чунин имконро надорад. Барои хамин
дар миёни он ду холат фарк гузошта шудааст.
4. Барои каффорат, агар таом додани шаст мискин ба холаш му-
вофик бошад, агар таоми омода дихад, пас хар мискинро ба андозаи
ду вакт хурок: субху шом то хуб сер шудан таом дихад.
5. Агар нони гандуми холис бошад хам, кифоя мекунад ва агар
ири нони гандум бошад, бояд онро бо хурише хамрох намояд.
6. Дар сурате ки барои шаст мискин ба чои таом гандум, чав ва ё
хурмо дихад, чоиз аст ва ба хар яке ба микдори садакаи Фитр – ним соъ
– дода шавад. Додани кимати гандум, хурмо ва гайра низ чоиз мебошад.
7. Касеро аз чониби худаш барои додани каффорат вакил гардо-
над ва у низ ба навбати худ каффоратро бипардозад, чоиз аст, вале
агар касе бе ваколат каффорати шахсеро бидихад, чоиз намешавад.
8. Метавонад ба чои шаст мискин як нафар мискинро шаст руз
таом дихад.
9. Дар таом додан пай дар пай будани хурок шарт нест. Бинобар
ин, агар мискинеро чанд руз таом дихад ва чанд рузи дигар таътил
намояд, вале саранчом шаст рузро комил гардонад, дуруст аст.
10. Агар микдори каффорати шаструза ё кимати онро якбора ба
мискине бидихад, чоиз нест.
11. Агар аз микдори садакаи Фитр камтар бидихад, низ чоиз нест.
12. Дар пардохти фидяе, ки барои пирамарди солрафта пешбини
шудааст ва дар таоми каффоратхо, ки ба сурати хурокворй ва ё галла-
гихо бароварда мешаванд, тамлик шарт нест, вале дар садакаи Фитр
ва закот тамлик шарт аст. Назари факехон ин аст, ки пардохтхо дар
хар чое аз нусуси шаръ бо калимаи таом (طعام) ва итъом (إطعام) зикр
шуда бошанд, дар онхо тамлик ва мубохият хар ду чоиз хастанд ва
дар хар чое бо калимаи додан (الإيتاء) ва ё адо (الأداء) зикр шуда бошанд,
дар онхо тамлик шарт аст. Бинобар ин, агар барои шаст мискин таоме
омода намояд ва дар пеши онхо бигузорад, барои иброи зиммааш ки-
фоя мекунад, шарт нест, ки онро ба дасти якояки онхо бисупорад ва
онхо кабз намоянд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …