Главная / Илм / Такбири ташрик

Такбири ташрик

Такбири ташрик пас аз фарзи намози бомдоди рузи нухуми зулхичча – рузи Арафа шуруъ мешавад ва баъд аз намози асри рузи сездахум ба поён мерасад. Як бор гуфтани такбири ташрик бар хар намозгузор пас аз хар намози фарзи фавран вочиб аст, зан бошад ё мард, бо
чамоат намоз бихонад ё танхо. Пас аз намози фарз фавран такбир гуфта мешавад. Занхо такбирро охиста мегуянд. Пас аз намози ид низ гуфтани такбир вочиб аст. Такбири ташрик муддати панч руз ё пас аз бисту се вакт намоз гуфта мешавад. Такбири ташрик ин аст:
Аллоху акбар Аллоху акбар, Ла илоха иллалоху валлоху акбар, Аллоху акбар ва лиллохи-л-хамд». Агар имом такбироти ташрикро фаромуш кунад хам, муктади бояд такбир гуяд.
Такбири ташрик зикр ва замзамаи ёди Худо дар рузи шодмонист, ки бандагон онро ба бузургдошти Парвардигорашон бо садои баланд вирди идонаи худ мегардонанд ва ба таври бошукухе шукри неъматхои уро ба чой меоваранд. Гуфтани такбири ташрик пас аз намозхои
фарзи вочиб буда бошад хам, вале он вирди идонаи мусалмонхост, ки замзамаи он сари хар кадам ва дар хар нишасту бархост хуб ва шаръан писандидааст.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222