Главная / Илм / Таквову зухд ва беолоишии Имом Ахмад (р)

Таквову зухд ва беолоишии Имом Ахмад (р)

Такво ва зухди Имом Ахмад ба хадде буд, ки забонзади омму хос будааст. Аз кабул кардани казовати Яман, хамчунин аз кабул кардани хадя ба шиддат худдори намуда, ба хотири ин ки дар зиндаги факат аз хосили кору захмат истифода менамуд, дучори тангдасти шуда буд.
Писараш Абдуллох мегуяд: «Дар замони хилофати Восик дар тангдастии шадиде будем. Шахсе мехост чахор хазор дирхам ба унвони хадя ба падарам бидихад, ки онро аз падараш ба ирс бурда ва бино ба изхори он шахс на аз садака буд ва на аз закот. Бо вучуди исрори он шахс падарам аз кабул кардани он хадя худдори намуд. Пас аз чанде дар ин маврид бо падарам сухбат кардам, гуфтанд: «Агар онро кабул мекардем, хамаи онро масраф карда будем ва чизе аз он боки намонда буд». Абудовуд мегуяд: «Мачлиси Имом Ахмад мачлиси охират буд, ки дар он аз лаззатхо ва хушихои дунё ёде намешуд ва хеч гох Имом Ахмадро надидам, ки лаззатхои дунёро зикр кунад».
Абучаъфар Мухаммад ибни Яъкуби Саффор мегуяд: «Хамрохи Ахмад ибни Ханбал дар Сомарро будем, аз у талаби дуо кардем, гуфтанд: «Парвардигоро, Ту медони, ки мо бештарин аъмолеро, ки дуст медори, анчом медихем, пас моро хамеша бар аъмоле, ки дуст медори, карор бидех», сипас сукут карданд. Талаби дуои бештаре кардем, гуфтанд: «Парвардигоро, ба рости мо аз Ту ба василаи он кудрате, ки барои осмонхо ва замин гуфти: «Биёед дар зери амру хукми Ман, чи бихохед ва чи нахохед, гуфтанд: Омадем итоаткунандагон», талаб мекунем, ки моро муваффак ба анчом додани аъмоле куни, ки дар он ризояти Туст. Парвардигоро, мо аз факр ба Ту панох мебарем, магар аз факири ва мухточи ба Ту, панох мебарем ба Ту аз хорию зиллат, магар аз хорию зиллат барои Ту, Парвардигоро, бар мо зиёд неъмат мадех, ки саркаши мекунем ва неъматхоятро бар мо кам макун, ки неъматро фаромуш мекунем ва барои мо аз рахматат ва ризкат он чиро бубахш, ки моро муваффак ба тоату ибодати Ту мекунад ва моро бо фазлу карамат бениёз кун»».
Ибни Касир (р) пас аз ин ки дар бораи зухду таквои Имом Ахмад сухан меронад, мегуяд: «Хабархои воридшуда аз у дар мавриди зухду такво бисёр зиёд аст ва Имом Ахмад дар мавриди зухд китобе бисёр пурманфиат таълиф кардааст, ки хаммонанди он то кунун навишта нашудааст, хамеша дар хадди тавони худ зиндаги мекарданд».

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222