Ба хотири ахамияти хоб ба инсон чанд нозукихои хобкуниро менависем. Аввало гизоро 2-3 соат пеш аз хоб тановул карда вакти шом гизои вазнину дерхазм нахурдан аст. Бо шиками гурусна хобидан низ зарар допгга, шом нушидани нушокии зиёд ва хам ба умеди интизории субх берун накардани фазлахо низ зарари бисёр дорад. Дар вакги хобидан аввал каме ба рост, баъд ба чап, ахиран ру ба боло карда хобид, вале бехтарин хоб ба росту, баъд ру ба боло буда бадтаринаш бо шикам ва хам бо дасти чап мебошад. Дар вакти хоб ба зери сар болипгги на онкадар баланд монда хобидан мувофики омили саломатй аст.
Агар пеш аз хоб гизои душворхазм хурдеду рохи хазми онро наёфтед, акалан болини саратонро боз баландтар карда баъд хоб кунед. Баъдтарин хоб сар ва ё пойро суи шарк ва гарб(кибла) монда хобидан буда бехтарин тарзи хоб сар ё пойро суи чанубу шимол гардонида хобидан аст. Ва аз хама хоби баъдтарин ва зарароваррандатарин ба шахс ин хоби баъди пешин аст, ки метавонад шахсро хатто гирифтори бемории рухи намояд. Дар хавои каме сард хох рузона ва хох шабона бе руйпуш хобидан боиси беморихои сардй мегардад. Дар хавои гарми офтобй хобидан низ зарар дошта, баръакс шабона дар зери партави мох хобидан ахамияти калон дорад.
Талаботхои асосии хоби бофарогат метавон дар чанд чумла чамъбаст кард, ки чунинад:
1. Дар як вакти муайян бояд хоб кардан.
2. Речаи хобу бедориро риоя кардан.
3. Ба хастагии чисмонй ва ё аклй рох надодан.
4. Шабона то дер кор накардан.
5. Пеш аз хоб дар хавои тоза сайру гашт кардан.
6. На камтар аз 1,5-2 соат пеш аз хоб шом хурдан.
7. Дар шом хурдани гизои сабуку нагз халшаванда.
8. Шустани дандонхо пеш аз хоб.
9. Душ кардан бо оби ширгарм пеш аз хоб.
10. Дар чогахи сахтию нармиаш мутадил хоб кардан.
11. Форточкахои хонаи хобро кушода хоб кардан.
Кайд. Соли 1840 Чарлз Диккенс хангоми саёхат ба Амрико, дивани хобкуниро тавре гузошт, ки сараш ба шимол бошад, инро у бо компас аник намуда буд. Аз руи конуни куввахои магнитш замин.