Мархилаи муосири рушди инноватсиони бо инкилоби технологИ тавсиф дода мешавад, ки бо гузариши коркарди бартаридоштаи механикии предметхои мехнат ба истифодаи комплексии шаклхои мураккаби харакати материя, махсусан равандхои физики, химияви, ва биологи алокманд аст.
Технология на танхо тартиби ичроиши амалиёт, балки интихоби предметхои мехнат, воситаи таъсиррасонИ ба онхо, мучахазгардонии истехсолот бо тачхизот, воситахои ёрирасон, олотхо, воситахои назорат, усулхои омезиши унсурхои шахсИ ва моддии истехсолотро дар вакт ва фазо, таркиби мехнат ва муносибати истехсолот ба воситахои асосиро дар бар мегирад.
Бинобар ин азхудкунии технологияхои нав хамзамон хам натича ва хам замина барои истифодаи самараноки воситахо ва предметхои нави мехнатИ мебошад. Ин тамоюли инкишофи технологияи навро чунин бояд шарх дод.
Якум, сухан дар бораи гузариш аз чараёнхои бисёрамалиётии танаффусдор (дискретИ), ки танхо ба самти бештар кисматкунии амалиётхо инкишоф меёбанд ва ба раванхои истехсолии майдаамалиёти мерасонад.
Дуввум, коркарди механикии предмети мехнат бо амалиётхои бетанаффус чой иваз мекунад: коркарди вибратсиони, металургияи хокави (порошковый), шакливазкунии дакики пластики, гудозиши дакик аз руи тархи гудохташванда, тамгагузори (штамповка) ва гайра.
Сеюм, гузариш аз тарххои пушидаи технологи ба коркарди пурраи нимсохтхо (технологияи бепартов) огоз меёбад.
Чорум, дар технология бештар шароитхои экстримали истифода мешаванд: харорат ва фишори нихоят паст ва нихоят баланд, вакууми чукур, усулхои импулси-таркиши, шуъоафкании ядери ва гайрахо. Истифодаи технологияхои плазмави барои истехсоли махсулоти нав, тагйир додани таркиб ва хусусияти онхо ва гайра.
Панчум, технологияи нав, одатан на танхо бо истифодаи кувваи барк, хамчун кувваи харакатдиханда алокаманд аст, балки барои коркарди бевоситаи предметхои мехнат: куввахои баландшиддати электрохимияви, электрофизики (лазери, шуъоафканишхои электрики, электроимпулси, расишхои электрики) низ алокаманд аст. Технологияхои лазери бошад барои васлкуни, буридан, гарми додан, мустахкамкунии деталхо, махкам кардани сурохихо, назорати берасиш истифода карда мешавад.
Шашум, барои технологияхои навтарин, универсалияти баланд хос буда, он ба гузариш аз мошинхои гуногуни датгоххои харакатдихандаи механики дошта ба тачхизотхои универсали ва истифодаи кувваи барк ба сифати воситаи универсали дар коркарди масолеххо алокаманд аст.
Хафтум, технологияхои нав аксаран хислати байнисохави доранд. Масалан, хам дар металлургия ва хам дар мошинсози шакливазкунии пластики, штамповкаи сахти шестернахо, тирхо, вал, ва гайрахо истифода карда мешаванд.
Технологияи нав нисбат ба дастгох ва махсулот прогрессиви буда, солхои тулони истифода карда мешаванд. Бинобар ин сармоягузори ба онхо тез худхарид карда мешавад. Таснифи технологияхо одатан ба як чанд аломатхо асос ёфтааст.
Аз руи аломати сохаи истифодаи технологияхо намудхои технологияхои илм ва маориф, информатика, саноат, бахши хизматрасони, тандурусти, кишоварзи ва гайра.
Аз руи аломати дарачаи навигари технологияхои ба ихтироот асос ёфта, асли (оригинали) барои ташкилот ва ба нау-хау асос ёфта чудо менамоянд.
Технологияхоро аз руи динамикаи инкишоф ба афзоишёбанда, инкишофёбанда, пойдоршуда, пиршуда чудо менамоянд.
Аз руи доираи истифодабари намудхои технологияхои идоракуни (асоси, ёрирасон, хизатрасон) ва технологияхои истехсоли (асоси, ёрирасон, хизматрасон) фарк мекунад.
Аз руи аломати таъинот технологияхои бунёдкунанда, вайронкунанда, дутаъинотаро чудо манамоянд.
Оиди муносибат ба захирахо технологияхои илмгунчоиш, сармоягунчоиш ва энергогунчоиш, технологияхои энергиясарфкунанда, бепартов фарк мекунанд.
Аз руи дарачаи автоматикунони технологияхои дасти, механиконидашуда, автоматиконидашуда, автомати, бе иштироки бевоситаи одам чудо мешаванд.
Аз руи аломати ракобатпазири технологияхои ракобатпазир (дар давлатхои алохида) ва гайри ракобатпазир чудо менамоянд.
Ба монанди рамзгузории инноватсияхотехнологияхоро низ рамзгузори кардан мумкин аст, ки он имконият медихад раванди идоракуни, бахисобгири, мушахасскуни ва патенткунонии онхо автомати кунонида шавад.