Главная / Илм / Таносуби омилхои биологи ва ичтимои дар инкишофи психикии шахс

Таносуби омилхои биологи ва ичтимои дар инкишофи психикии шахс

Одам бо нишонахои муайяни кобилияту ис

теъдодхои ирси ба дунё

меояд. Аглаби онхо би-
сёрмаъноянд: дар асоси онхо сифатхои мухталифи шахс
ташаккул ёфта метавонанд. Барои амали гардидани он
раванди тарбия накши халкунанда мебозад.

Вокеан имкониятхои тарбия бо хусусиятхои ирсии
фард низ алокаманд мебошанд. Асоси ирсии организми
одам хусусиятхои анатоми- физиологи, сифатхои асосии
системаи асаб ва чараёни протсессхои асабии уро муайян
менамояд.Табиату имкониятхои инкишофи ояндаи пси-
хикаи одам дар сохти биологии у нихода шудаанд.

Генотипи фард (мачмуи генхои хамин фард) накшаи
инкишофи фардии уро муайян мекунад. Мархилахои гу-
ногуни инкишофро генхои мухталиф назорат мекунанд,
аммо фаъолгардонии онхо на худ ба худ, балки тахти
таъсироти олами беруни сурат мегирад.

Раванди инкишофи психики вобастаи на факат маб-
даи ичтимои, балки марбут ба мабдаи ирси низ мебошад.
Ва ин муайянкунандахои асоси байни хам алокаманданд.
Хар кадаре функсияи ташаккулдиханда мураккабтар
бошад, хамон кадар робитаи дутарафаи мабдаъхои таби-
иву ичтимои зичтар мешавад.

Дар хар давраи инкишоф хассосияти баланди инти-
хобии одам ба таъсироти муайяни мухит (сензитиви) чой
дорад. Сензитиви – чун софкунакест, ки баъзе таъсироти
мухитро аз худ гузаронида, дигар таъсиротхои бокимон-
даро бозмедорад. Вай дар баъзе одамон махдуд ва дар
гурухи дигар нисбатан васеътар мушохида мешавад. Ин
хама таъсироти мухитро ба инкишофи хамин фард ва ра-
вияхои у муайян менамояд.

Хар як мархилаи инкишоф барои тараккиёти мин-
баъда асос мегузорад. Аммо факат фаъолии одам уро
субъекти инкишоф мегардонад. Хусусиятхои психикии
одам инчунин таъсироти мухити ичтимоии ба у равона
бударо муайян мекунанд. Одам бо дигаргун сохтани
мухит бахри амалигардонии барномаи генотипи хеш ша-
роитхои бехтаринро фарохам меоварад. Дар мархилахои
аввали тараккиёт афзалан тарзхои рафтори намуди уму-
мидошта ва дар мархилахои оянда бошад тарзхои фар-
дии рафтор ташаккул меёбанд.

Чихатхои табиии одамро бо мохияти ичтимоии у
мукобил гузоштан лозим нест. Мабдаи биологиро дар
одам хамчун мавчудияти ким чи гуна сохти пасттарин
набояд донист. Набояд фаромуш кард, ки нишонаву ало-
матхои табиию биологии одам нишонахои одами мебо-
шанд, на хайвони. Одам аз лахзаи таваллуд дорои сохти
олии биологи аст, ки дар он ба таври ирсияв инкишофи
хаматарафаи у нихода шудаанд. Худи биологияи одам та-
биати ичтимоиро дошта, бо инкишофи чамъияти-таърихи
муайян карда мешавад.

Камолот ва ташаккули психикаро бояд аз хам фарк
кард. Тагйирёбии худ ба худи дохилии психикаи одам ка-
молоти он аст. Инкишофи психика тахти таъсироти бе-
руни ва пеш аз хама таъсироти ичтимои сурат мегирад.

Мачмуи хама хусусиятхои физиологию психологии
фард, ки инкишофи онхо марбути амали омилхои умумии
генетикист, конститутсияи (аз лотинии сотШи1ю-сохт)
одамро ташкил медихад.

Масъалаи таъсири мутакобилаи хусусиятхои биоло-
гию ичтимои дар таърихи психология назарияхои мухта-
лифи инкишофи психикаро ба вучуд овард. Яке аз онхо
назарияи камолоти биологи мебошад ва он таъкид меку-
над, ки вазифахои психикии одам ба таври ирси муайян

шудаанд ва онхо аз мухити беруна вобаста набуда, ба
андозаи камолоти биологии организм инкишоф меёбанд.
Зимнан инкишофи фард инкишофи кулли авлоди одамиро
такрор мекунад (конуни биологи).

Назарияи дигар – назарияи накши пешбаранда до-
штани мухит буда, намояндагон бар он акидаанд, ки
мухит дар инкишофи психикии одам омили халкунанда
аст. Чонибдорони ин назария дар инкишофи психики
тагйироти сифатии синнусолро ба назар намегирифтанд
ва онхоро аз чамъкунии донишхо ва махорату малакахо
иборат медонистанду халос.

Дастовардхои муосири илми аз он шаходат
медиханд, ки омилхои муайяни биологи ба сифати шаро-
итхое метавонанд баромад кунанд, ки онхо ташаккули ин
ё он сифатхои психикаи одамро ё душвор, ё сабук мегар-
донанд.

Чуноне маълум аст, хастаи (ядро) хучайраи биологии
одам аз 23 чуфти хромасома бо таксимоти якхелаи хромо-
сомахои % ва у иборат аст. Аммо одамоне дучор меоянд,
ки дорои ходисахои гайриодддии хромосома (бо зуди
1:500) мебошанд ва дар хастаи хучайравии онхо на 46,
балки 47 хромосома мавчуд аст. Шахсони дорои хромо-
сомаи зиёдатии % буда, бо ноустувории эмотсионали,
агрессияи баланд ва шахсони хромосомаи зиёдатии у
дошта, бо сустиродаги ва дарачаи пасти акли аз дигарон
фарк мекунанд.

Албатта, падидаи гайриоддии хромосомаро хамчун
мавчудияти «генхои чинояткори» дар одамони чудогона
шарх додан мумкин нест. Низоми мусоиди тарбия, ки ху-
сусиятхои биологии хамин фардро ба назар мегирад,
чихатхои манфии ин ходисахои гайриоддии хромосомаро
заиф мегардонад.

Сохаи бо геншиноси хамчавори психология – генши-
носии психики (психогенетика) робитаи мутакобилаи ге-
нотип ва шароитхои мухитро тадкик мекунад, ки дар ху-
сусиятхои рафтори фард зохир мегардад. Дар ин маврид,
методи дугоникхо (хануз онро Ф.Галтон дар соли 1876
пешниход карда буд) истифода мешавад, ки тавассути он
накши хосаи мухит ва ирсият таъкид карда мешавад. Ге-
нотипи дугоникхои монозиготи (аз як тухмхучайра ба
дунёомада) ба хам монанд аст.

Барои хар як фард шароитхои ба худ хоси ирси ва
мухити инкишоф мавчуданд. Мухит сабабгори зухуроти
имкониятхои генетики шуда метавонад.

Асоси гурухбандии фардхоро хамчун намояндагони
намуди биологи се меъёр ташкил медихад: генетики,
нейрогуморали ва хусусиятхои модарзодии типи фаъоли-
яти олии асаб (нейротип).

Аз руи хусусиятхои нейрогуморали, вобаста ба ху-
сусиятхои         эътибордихии          системаи         симпатики-

адреаналини ба таъсироти мухит се тарзи рафторро фарк
мекунанд: 1) тарзи рафтори А (адреаналини); 2) тарзи
рафтори НА (норадреналини); 3) тарзи рафтори А+НА
(омехта).

Намояндагони тарзи рафтори А бо изтиробу хаячон,
масъулияти баланд, худтанкидкуни фарк карда, мушки-
лихои асабиро вазнин аз сар мегузаронанд ва мубталои
амрози калбанд (байни мардон хиссаи тарзи рафтори А
зиёда аз 30% ва байни занон 30% – ро ташкил медихад).

Намояндагони тарзи рафтори НА бо пуршиддатии
зиёди эмотсионали фарк мекунанд. Инхо одамони чидди,
дамдузд, камсухан, канорачу ва хукмфармоянд. Онхо дар
рохи ба максадраси фаъол буда, ба рафъ намудани муш-
килихо кодиранд, аммо нобарорихоро бо душвори аз сар
мегузаронанд, гирифтори бемории асабанд (тарзи рафто-
ри НА байни мардон 17% ва байни занон 26%-ро ташкил
медихад).

Намояндагони тарзи рафтори А+НА (омехта) бо хо-
лати эмотсионалии баланд, бо зуд ивазшавии холати рухи
ва бо ноустувории хиссиётхо аз дигарон фарк мекунанд.

Инхо одамони типи истероидиянд; онхо мохиру мумтоз
буда, дар маркази таваччух буданро хуш медоранд, дорои
хассосии баланд буда, бо атрофиён зуд унс мегиранд ва
токати нохушихоро надоранд.

Хусусиятхои нейтрогуморалии одамон дар шаро-
итхои фавкулодда хело тезутунд зохир мешаванд.
Гуруххои фавкуззикр аз хамдигар бо нишондихандахои
биокимиёви, масунияти (иммунологи) ва дигар нишон-
дихандахои чисмони фарк мекунанд.

Хусусиятхои биологии фард дар раванди ичтимо-
ишавии у тагйир меёбанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222