- Танзими миллии рушди бозори инноватсияхо
- Тачрибаи танзими давлатии бозори инноватсияхо
- Сиёсати давлатии илми-техники ва технологияхои пешкадам хамчун омили рушди бозори инноватсияхо
- Танзими миллии бозори инноватсияхо
Имрузхо дар Чумхурии Точикистон барномаи рушди инноватсиони амал мекунад, ки гайр аз максадхои асосии гузошташуда, хадаф ва самтхои муайянкардашуда, танзими рушди бозори инноватсияхои миллиро низ фарогиранда аст. Дар ин замина Низоми миллии инноватсионие созмон дода мешавад, ки он шароитро барои татбики самарабахши дастовардхои илмию техники ва технологи, баланд бардоштани ракобатпазирии технологияхо ва махсулоти инноватсиони, истифодаи окилонаи захирахои табии, махсулоти хом ва сармоягузори, муваффак шудан ба амнияти иктисоди, энергетики, озукавори ва экологи, ташаккули иктисодиёти инноватсиони, афзоиши некуахволи ва баланд бардоштани сатхи зиндагии ахоли таъмин менамояд.
Татбики Барнома дар ду мархила пешбини гардидааст:
- мархилаи якум (2011-2014) – мархилаи омодасозию ташкили;
- мархилаи дуюм (2015-2020) – мархилаи рушди инноватсиони.
Дар назар дошта шудааст, ки дар мархилаи якум заминаи зарури барои ба рох мондани фаъолияти инноватсиони омода карда мешавад: санадхои конунгузори ва меъёрии хукукихамчун асоси фаъолияти инноватсиони тахия ва кабул карда мешаванд; чорахои иктисоди ва ташкили оид ба дастгирии фаъолияти инноватсиони кабул карда мешаванд; корхо оид ба таъсиси инфрасохтори инноватсиони анчом додамешаванд; замина барои рушди минбаъдаи он гузошта мешавад, низоми тайёр кардани мутахассисон дар сохаи инноватсия ташаккул дода мешавад, хамчунин як катор чорабинихои дигар амали карда мешаванд.
Мархилаи якуми татбики Барнома бо таъсиси чузъхои зарурии сохтори Низоми миллии инноватсиони анчом меёбад. Низоми миллии инноватсиони аз мачмуи чузъхои конунгузори, сохтори, ташкили ва функсионалие иборат хохад буд, ки рушди фаъолияти инноватсиониро дар Чумхурии Точикистон таъмин мекунанд.
Низоми миллии инноватсиони саъйу кушиши макомоти давлатии идоракунии хамаи сатххо, ташкилотхои сохаи илмию техники, муассисахои тахсилоти оли ва бахши сохибкории иктисодиётро, ки ба такмили механизмхои хамкорихои байни иштирокчиёни равандхои инноватсиони, истифодаи самараноки дастовардхои илм ва технологияхо барои татбики афзалиятхои миллии стратегии мамлакат равона карда шудаанд, муттахид менамояд.
Дар мархилаи дуюми Барнома дар заминаи Низоми миллии инноватсионии таъсисдодашуда бояд корхои зиёде доир ба амалисозии Барнома анчом дода шаванд, то хар сол дар иктисодиёти кишвар чузъи инноватсиони бемайлон инкишоф ёбад. Дар рафти татбики Барнома оид ба такмили минбаъдаи Низоми миллии инноватсиони бо дарназардошти дастовардхои илми чахони, технологияхои пешкадам ва тачрибаи ташкили фаъолияти инноватсиони чи дар мамлакати мо ва чи дар хоричи он тадбирхо андешида мешаванд.
Яке аз самтхои асосии татбики Барнома, ин ин тадбирхое, ки чихати ноилшави ба максад ва халли вазифахои Барнома нигаронида шудаанд. Тахияи санадхои конунгузори ва меъёрии хукукие, ки барои фаъолияти инноватсиони дар Чумхурии Точикистон замина фарохам меоваранд.
Яке аз вазифахои асосии давлат дар самти сиёсати инноватсиони ташаккули заминаи меъёрии хукукии фаъолияти инноватсиони мебошад.
Дар Чумхурии Точикистон дар солхои наздик зарур аст то дар эчоди заминаи хукукии гузариш бо рохи ба ичтимоиёт нигаронидашудаи рушди инноватсиони, ки асоси онро бояд принсип ва стандартхои эътирофшудаи танзими конунгузории фаъолияти инноватсиони ташкил диханд, бояд корхои зиёде анчом дода шавад.
Дар мархилаи якуми татбики Барнома (мархилаи омодагири ва ташкили, солхои 2011-2014) зарур меояд, ки асоси танзими конунгузории фаъолияти инноватсиони дар чумхури гузошта шавад. Хамин тарик, соли 2012-ум дар Чумхурии Точикистон конун «Дар бораи фаъолияти инноватсиони» кабул гардид, ки боби 4-уми он танзими давлатии фаъолияти инноватсионии миллиро фарогир аст.
Шаклхои танзими давлатии фаъолияти инноватсиони дар Точикистон чунин аст:
- Макомоти давлати шаклхои зерини танзими фаъолияти инноватсиониро истифода менамоянд:
- муайян намудани афзалиятхои рушди инноватсия;
- тахия, татбик ва маблаггузории барномахои максадноки инноватсиони ва дигар барномахо, аз чумла дар самти хавасмандгардонии рушди фаъолият ва инфрасохтори инноватсиони;
- пешбинии маблагхои бучети барои маблаггузории лоихахои инноватсиони, корхои илмию тахкикоти, тачрибавию конструктори ва технологи доир ба самарабахшии натичахои фаъолияти инноватсиони, чойгиронии фармоишхо ба тахвили мол, ичрои корхо, хизматрасонихо барои эхтиёчоти давлати ва махалли бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;
- чойгир намудани фармоиши давлати барои хариди махсулоти дар натичаи фаъолияти инноватсиони истехсолшуда дар доираи барномахое, ки мутобики сиёсати давлатии инноватсиони тасдик шудаанд;
- таъсиси фондхои инноватсиони ва венчури, сармоягузории таъсис ва рушди дигар субъектхои фаъолияти инноватсиони, сахмгузори, аз чумла чалби сармояи хоричи бо максади таъсиси субъектхои фаъолияти инноватсиони, ки барои рушди равандхои инноватсиони мухиманд;
- андешидани чорахои зарури оид ба таргиби фаъолияти илмию техники дар воситахои ахбори омма ва баланд бардоштани сатхи чалби сармоя ба фаъолияти инноватсиони.
Танзими давлатии фаъолияти инноватсиони аз чониби макомоти давлати метавонад мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон бо истифодаи дигар шаклхо амали гардад. Яке аз механизмхои асосии танзими давлатии инноватсияхо ин дастгирии давлати ба шумор меравад. Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионидар чумхури аз чониби макомоти давлати дар шаклхои зерин амали мегардад:
- маблаггузории корхои илмию тахкикоти, тачрибавию конструктори ва технологи барои ба вучуд овардани махсулоти нав ё такмилдодашуда, технологияи нав ё такмилдодашуда, ки барои истифодабарии амали таъин шудаанд;
- ба субъектхои фаъолияти инноватсиони барои ихтиёрдори ё истифодабари пешниход намудани молу мулки давлати, натичахои фаъолияти зехни ва воситахои фардикунонидашудаи ба онхо баробар;
- мукаррар намудани имтиёзхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон;
- мусоидат ба рушди корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхое, ки ба фаъолияти инноватсиони машгуланд;
- дастгирии истехсолию технологии субъектхои фаъолияти инноватсиони;
- расонидани хизматхои махсусгардонидашуда ва машварати;
- маблаггузории корхо оид ба тайёр намудан ва баланд бардоштани дарачаи тахассусии мутахассисон дар сохаи фаъолияти инноватсиони;
- фарохам овардани шароити зарурии ташкили, хукуки ва иктисоди, ки сармоягузориро барои татбики сиёсати давлатии инноватсиони таъмин менамояд;
- ташаккули инфрасохтори инноватсионии илм, истехсолот ва хизматрасони;
- иштирок дар ташкили истехсолоти ракобатпазир; – таъмини бозори кафолатноки фуруши махсулоти инноватсиони дар асоси фармоиши давлати;
- пешбарии инноватсияхои ватани ба бозори хоричи;
- дигар шаклхои дастгирии давлатии фаъолияти инноватсиони, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст.
Дастгирии давлатии фаъолияти инноватсиони дар мухлати талофияти лоихаи инноватсиони, вале на зиёда аз панч соли баъди татбики амалии он таъмин карда мешавад.Дастгирии давлатии азхудкуни ва пахнкунии махсулоти инноватсиони дар давраи мукарраршуда пешниход гардида, дар ин мухлат он махсулоти инноватсиони хисобида мешавад.
Фаъолияти инноватсиони аз хисоби маблагхои бучети давлати, маблагхои корхонахо, муассисахо, дигар ташкилотхо, грантхо ва дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, маблаггузори карда мешавад.
Ба ваколатхои макомоти ичроияи махаллии Хокимияти давлати дар сохаи фаъолияти инноватсиони дохил мешаванд:
- дар асоси стратегияи рушди инноватсиони ва барномахои максадноки инноватсиони тахия намудани барномахои максадноки инноватсионии махал ва пешниход намудани онхо ба баррасии Мачлиси вакилони халки дахлдор;
- ба субъектхои фаъолияти инноватсиони дар мувофика бо макоми ваколатдор барои ихтиёрдори ё истифодабари пешниход намудани молу мулки давлати, дастовардхои фаъолияти зехни ва воситахои фардикунонидашудаи ба онхо баробар мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон;
- амали намудани ваколатхои дигар дар сохаи фаъолияти инноватсиони бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.
Бояд чунин санадхои конунгузорие тахия ва кабул карда шаванд, ки тамоми мачмуи танзима (регулятор)-хои иктисодии фаъолияти инноватсиони, аз чумла танзимахои молияви, зиддиинхисори, андози, гумруки ва гайраро фаро гирад. Конунгузори бояд шароити зарурии хукукиро барои истифодаи натичахои тахкикот ва коркардхои илми даристехсолот, тахияи тадбирхо оид ба дастгирии давлатии сохибкории хурди инноватсиони, ба гардиши иктисоди (хочаги) чалб намудани объектхои моликияти зехни ва натичахои дигари фаъолияти илми ва илмию техники, танзими шароити тичоратикунонии технологияхои коркардшаванда, мукаррар ва татбик намудани меъёрхои муайянкунии махсулот ва хизматрасонии инноватсиони, химояи хукукхои моликияти зехни таъмин намояд.
Хамчунин, тахияи заминаи меъёрии таъсис ва татбики низоми фондхои бучети ва гайрибучети дар сохаи инноватсия лозим меояд.
Кабули хуччатхои меъёрии хукуки оид ба пешниходи имтиёзхои андози ба истехсолкунандагони махсулоти инноватсиони ба Кодекси андози Чумхурии Точикистон ворид намудани иловахои дахлдорро такозо мекунад. Хамчунин зарур аст, ки хуччати меъёрии хукуки оид ба кам кардани пардохтхои гумруки барои аз хоричи кишвар ворид намудани тачхизоти махсуси илми ва истехсоливу технологие, ки шабех (аналог)-хои ватани надоранд, тахия ва кабул карда шавад.
Ба максади таъминоти конунгузоричихати хамкорихои Чумхурии Точикистон дар самти фаъолияти инноватсиони бо давлатхои аъзои ИДМ кабули санади махсуси конунгузори зарур аст, ки он барои ба тартиб даровардани муносибатхо дар ин самт, мувофикасозии максаду вазифахое, ки ба сиёсати инноватсиони ва танзими давлатии фаъолияти инноватсиони равона шудаанд, имкон дихад. Дар ин хуччат бояд равишхои махсуси ба вучуд овардани механизмхои мушаххаси хавасмандгардонии рушди инноватсиони мутобик ба манфиатхои милли инъикос карда шаванд. Чунин санади конунгузори, ки ба муътадилгардонии меъёрхои конунгузори дар сохаи фаъолияти инноватсиони имкон медихад ва тамоми чихатхои рушдиинноватсиониро дар давлатхои аъзои ИДМ фаро мегирад, метавонад Кодекси инноватсионии Чумхурии Точикистон бошад. Кабули Кодекси инноватсиониро дар хар яке аз давлатхои аъзои ИДМ Ассамблеяи байнипарлумонии давлатхои аъзои ИДМ тавсия намудааст.
Фаъолияти инноватсиони ба такмили доимии заминаи меъёрии хукукии танзимкунандаи ин соха эхтиёч дорад. Дар мархилаи дуюми татбики Барнома (мархилаи рушди инноватсиони, солхои 2015-2020) санадхои нави конунгузори тахия гардида, ба конунгузори тагйиру иловахое ворид карда мешаванд, ки ба танзими равандхои инноватсиони дар иктисодиёт бо дарназардошти тачрибаи амали низоми меъёрии хукуки дар Чумхурии Точикистон, тахлили тачриба ва анъанахои рушди конунгузорихо дар сохаи фаъолияти инноватсиони дар мамлакатхои мутараккии иктисоди нигаронида шудаанд.