Забонхои точики ва англиси дорои захираи хеле бойи калимаву таркибхо мебошад. Як гурух калимаву таркибхо сермаъно буда, вобаста ба ифодаи фикр яке аз маънохои он корбаст мегардад. Гурухи дигар маънохои зиёд надоранд ва танхо як- ду маъноро ифода мекунанду бас. Гурухи сеюм ба гайр аз маънохои аслии худ маънохои мачозиро мефахмонанд. Аз ин ру, хангоми кор- басти калимаю таркибхо барои ифодаи максади худ калимаи мувофик ва маънои муносиби онро бояд истифода кард, вагарна маънои чумла тагйир меёбад, ё ки максади гуянда ё нависанда ба таври возех ифода намегардад.
Омузишхо нишон медиханд, ки пахлухои мухталифи маъно, хам асли ва хам мачозии вохидхои фразеологи хамеша боиси хушобуранг баён ёфтани фикр мегарданд. Аз тахлилхо бармеояд, ки вохидхои фразео- логи дар харду забон истифода мешаванд ва то дарачае аз хамдигар тафовут ва умумиятхо доранд. Хамин тафовут ва ё худ умумиятхо хан- гоми тарчума ба забони англиси ва ё баръакс ба мутарчимон хамеша мушкилихоро пеш меорад. Аник сарфахм рафтани маънои асосии кали- ма, мачоз ва ё асл будани он, муродиф шудани он дар чумла дар аксар маврид нофахмихоро ба миён меоварад. Аслан, аксари мухаккикон бар онанд, ки тарчума як навъи санъати сухан аст ва тарчумон бояд
хамин санъатро мохирона, устодона ба кор барад, то ин ки маънои асл дар асари тарчумашуда коста нагардад. Тарчума худ яке аз воситахоест, ки дар тахкими равобити гуногуни халкхои олам накши бориз дорад. Тарчума кардан хамеша ва дар хама даврхо имконият фарохам мео- вард, ки халкхо ба хамдигар алокаманд бошанд, аз урфу одат, маданият, фарханги хамдигар бархурдор гарданд. Тарчума хамчун илм конун ва конуниятхои худро дорад. Аз ин нигох хар як мутарчим ухдадор аст, ки аз он огах бошад ва дар тарчума то хадди имкон истифода барад. Оид ба тарчума ва илми тарчума олимон ва забоншиносони гуногуни дунё ба монанди В.Гумболдт, А.Шмигел, А. Тайлер, А.В.Фёдоров, О.Ка- де, В.Н.Комиссаров, Ю.Найда, Ж.Вине, Л.С.Бархударов, А.Д.Швейтсер, Э.Муллокандов, Б.Камолиддинов, М.Б.Нагзибекова, М.М.Мирзоева ва дигарон назария ва акидахои гуногун пешниход намудаанд.
Дуруст аст, ки усулхои гуногуни тарчума аз нигохи бисёр олимони забоншинос, мутарчимон дар илм пешниход шудаанд. Истифодаи ин принсипхо ва ё методхои тарчума дар амал татбик карда шудаанд ва онхо дар хама маврид бояд риоя карда шаванд. Аслан, дар тарчума риоя кардани принсипхо ба монанди дуруст дода тавонистани фикри нусхаи асл, калимахои матни аслро вусъат дода тавонистан, хонда шудани тарчума хамчун матни асл, нигохдоштани услуби матни асл принсипхои асоси ба хисоб мераванд. Дар асари А.Тайлер «Принсипхои тарчума» принсипхои зерин пешниход шудааст:
Тарчума бояд пурра гояхои матни аслро дар бар мегирад;
Услуб ва тарзи ифодаи тарчума ба матни асл монанд бошад; Тарчума низ мисли матни асл осон хонда шавад.
Яъне, дар тарчума бояд принсипхои мазкур хамчуноне риоя шаванд, ки ифодаи маълумотро бо чузъиёташ, маънохои вожахои алохидаро таъмин карда тавонад, аниктараш нусхаи сахехи матни асл бошад.
Аслан, хангоми тарчумаи иборахои фразеологи аксарияти фразе- ологизмхои маъмул рохи дурусти худро пайдо мекунанд, аммо дар баробари он усулхои гуногуни тарчума сабабгори истифода нашудани хамин вожахо дар забони тарчумашаванда гардиданашон мумкин аст. Мушохида кардан мумкин аст, ки онхо гохе тарчумаи тахтуллафз, гохе тасвири, ва то чое мутарчимон кушиш менамоянд, ки дар забони тарчумашаванда муродифи мувофик пайдо намоянд. Аслан, тарчумаи
вожа ё калима аз кушиши дар забони тарчумашаванда ёфтани вожаи хаммаънои он огоз мешавад. Аксарияти калимахои забони точики ва ё англиси вожахои хаммаънои худро дар харду забон доранд. Дар на- зарияи тарчума вожаи забони точикиро, ки маънояш ба ягон калимаи забони англиси наздик мебошад мувофикати вожаги ё мувофикати лугави меноманд.
Вохидхои фразеологи хам дар забони точики ва хам англиси мах- сусан дар асархои бадеи фаровон истифода мешаванд ва онхо ба забонхои гуногуни дунё бо тарзхои мухталиф тарчума мешаванд ва ба хонандагон пешниход мегарданд.
Вохидхои фразеологи дар забон маънохои ба худ хос доранд. За- боншинос Мачидов Х. кайд мекунад, ки «ифодаи маънои яклухти ба хиссахо чудонашаванда аз хусусиятхои мухими вохиди фразеологи мебошад. Вохиди фразеологи бо маънои яклухт ва тобишу охангхои фардии худ хели махсуси маъноро ба вучуд меоварад”. Муайян кардани маънои калимахо, аник дарк кардани он хамчун вохиди фразеологи, дар маънои мачози омадани онхо хамеша ба мутарчим мушкилихоро пеш меорад.
Ба забони англиси ифода кардани иборахои фразеологи вазифаи мушкил дар назди тарчумонхо мебошад. Тавассути густурдагии маъно, мачозият, кутохи ва возех будани маъно иборахои фразеологи дар забон накши мухимро мебозанд. «Дуруст аст, ки як катор вохидхои фразеологи аз чихати чузъхои дохилиашон тагйир ёфта метавонанд. Дар ин маврид вариантхои нави вохидхои фразеологи ба вучуд меоянд.
Иборахои фразеологи хусусан дар нутки шифохи, матнхои бадеи ва сиёси истифода мешаванд. Хангоми тарчумаи иборахои фразеологи ба тарчумон зарур аст, ки хам маъно ва хам фасохати онро тасвир карда тавонад ва дар айни замон набояд вазифаи услубии иборахои фразеологиро аз мадди назар дур монад. Дар сурати мавчуд набудани ибораи фразеологии муродиф, мутарчим мачбур аст, ки муродифи наздик ба онро чустучу кунад. Аслан, чи тавре ки зикр шуд се навъи тарчумаи гайрифразеологиро метавон мушохида кард:
- тарчумаи лугави (агар дар забони тарчумашаванда муодили мувофик пайдо нашавад, ибора бо лексикаи аз чихати маъно наздик тарчума мешавад);
- тахтуллафзи (бо максади муайян кардани матлаби нависандаи асар, дар холати пайдо накардани тарчумаи он бо усулхои дигар);
- тасвири (шархи вохиди фразеологи ва муайян кардани мазмуни он барои хонанда).
Дар забони англиси муодилхои иборахои фразеологи метавонанд пурра ва ё кисми бошанд. Муодилхои пурраи фразеологи он экви- валентхои тайёри забони англиси мебошанд ки ба забони точики аз чихати маъно, сохтор, фасохат, тобиши услуби ва сохтори грамматики бо хам мувофикат мекунанд. Масалан, дар мисоли зерин хамин нуктаро дидан мумкин аст:
намаки замин – the salt of the earth;
бо оташ бози кардан – to play with the fire;
бе оташ дуд нест – there is no smoke without fire ва гайра.
Тарчума бар заминаи эквиваленти кисми, маънои онро дорад, ки хангоми тарчума фасохат, обуранги бадеии фразеологизмхо пурра дода шаванд. Дар зери ин истилох бояд назар дошт, ки дар варианти пешниходшудаи тарчума баъзе фаркиятхо нисбати забони точики вучуд доранд. Яъне, ба тарчумон хангоми тарчумаи ибораи фразео- логи сохтори забонии он мухим набуда, обурангии он (яъне, маънои комил) мухимтар аст. Эквивалентхои кисми иборахои фразеологиро ба се гурух таксим кардан мумкин аст. Ба гурухи якум фразеологизмхое дохил мешаванд, ки аз чихати маъно, рангорангии услуби ва хушобу- ранги бо хам наздик мебошанд, аммо аз чихати узвхои лексики фарк доранд. Масалан, дар ибораи куххои тилло / ситора ваъда додан – to promise wonders, to promise the moon ва гайрахо. Гурухи дуюми онхо аз чихати шумора, тартиби калимахо аз хамдигар тафовут дошта, аз чихати маъно, сохтори лексики ва услуб мувофикат мекунанд. Масалан: Дар шахри курон якчашма шох аст. ~ Among the blind one-eyed is a king (фарк дар шумора).
Гурухи сеюми фразеологизмхо кариб аз хама чихат бо хам муво- фикат мекунанд, ба чуз тарзи ифода ва фасохат. Масалан, кас нагуяд, ки дуги ман туруш аст – every bird likes its own nest ва гайрахо.
Яке аз хусусиятхои хоси калимахои дохили хар як забон ин имкони- яти ташкил кардани хар гуна пайвастагихо мебошад. Он пайвастагихое, ки доимо хамчун намунахои тайёр истифода мешаванд, иборахои рехта ва онхое, ки доимо иваз шуда метавонанд пайвастагихои озод
меноманд. Аз ин ру, ба тарчумон хамеша лозим аст, ки иборахои рехтаи забони тарчумашавандаро нагз донад, зеро онхо ба нутк хусусияти идиоматики/мачози медиханд. Масалан, намунаи пайвастагихои озод: девори оханин – an iron fence, маззаи тез – a bitter testes; инстикти гург – a wolf’s instinct; пайвастагихои рехта: иродаи оханин – a cast-iron will; хазли тез – bitter irony; иштихои гург – voracioius appetite ва г. Дар аксар маврид дар тарчумаи чунин вожахо усулхои пайдо кардани эквива- лент дар забони тарчумашаванда истифода мегарданд. Яъне, хангоми тарчумаи иборахои рехта муродифи мувофик ё тайёри забони дигар истифода мешавад. Дар сарчашмахои гуногун чунин рохи тарчумаро эквиваленти зиёддошта ном мебаранд.
Дар хамин хол принсипи мазкур вайрон намешавад, агар ба забони тарчумашаванда роххои гуногуни ифода вучуд дошта бошад. Чунончи дар ибораи мазкур: мусаллахша- вии бошитоб, бо шитоб мусаллах шудан – arms race ё худ arms drive. Хангоми тарчумаи иборахои рехта аз усулхои гуногун кор фармудан мумкин аст. Масалан, тарчумаи интихоби. Дар зери ин мафхум одатан тарчума бо ёрии муродифхои имконпазири забони тарчумашаванда дар назар дошта мешавад. Интихоби муродиф ё худ синоним аз матни забони тарчумашаванда вобаста аст. Бояд гуфт, ки дар тарчумаи чунин иборахо холатхое ба назар мерасанд, ки онхо дар забон эквивалент надоранд. Дар ин сурат истифодаи методи тарчумаи озод кобили ка- бул аст.
Аслан, аз руи пешниходи сарчашмахои илмии гуногун ду рохи тарчумаи озоди иборахои рехтаро имконпазир мехисобанд: тарчумаи тахтуллафзи кардан ва ё аз методи тасвири истифода бурдан, ки дар ин бора болотар сухан рондем. Албатта, бояд зикр кард, ки методхои дигари тарчума дар забон вучуд доранд, аммо тарчумаи тасвири нисбат ба тарчумаи интихоби асосёфта аз мутарчим махорат ва малакаи муай- янро хангоми тарчума талаб мекунад, ки хамин усулхоро дар тарчумаи асархои интихобшудаи ин рисола мушохида кардан мумкин аст.