Главная / Илм / Тарикаи эътикоф нишастан

Тарикаи эътикоф нишастан

Эътикоф дорои одобу мустахаббот, вочибот ва як силсила мукар-
рароте мебошад, ки бояд мавриди риоя карор гиранд. Онхоро аз ки-
тоби «Фикхи исломи бар асоси мазхаби ханафи» ба таври пурра зикр
менамоем.
Эътикоф иборат аст аз макс (нишастан) ва руза гирифтан ба ни-
яти ибодати Худованд дар масчид ва камтарин муддати он як руз аст.
Эътикоф дар хар замоне, ки руза гирифтан дар он чоиз бошад,
дуруст ва кобили тахаккук аст, вале бехтарин замон барои эътикоф
мохи мубораки Рамазон, махсусан дах рузи охири ин мох аст, ки дар
он эътикоф суннати муаккада мебошад, зеро Расули Худо (с) онро
пайваста анчом додааст.
Дар шаръи мукаддаси Ислом асли эътикоф мустахаб аст, аммо
хар гох касе назр намояд, ки эътикоф менишинад, эътикоф бар вай
вочиб мегардад. Хар гох назр намояд, ки чанд рузи муайян эътикоф
менишинад, лозим аст як чо ва пай дар пай онро ба чо оварад.
Дар шабхои эътикоф хурдану нушидан чоиз мебошад, вале муо-
ширати заношавхари ва наздики бо занон: хамбистари намудан, ламс
(молиш) кардан ва ё бо шахват бусидан барои шахси дар эътикоф ха-
ром аст. Худованд мефармояд: «Ва бо занони худ, дар холате ки дар мас-
чид барои этикоф нишаста бошед, мубошират (ва наздики) нанамоед».
Эътикоф бояд дар масчид ба таври пайваста – беинкитоъ анчом
дода шавад ва агар шахси муътакиф бе зарурат катъ намояд, масалан,
соате хам аз масчид хорич шавад, эътикофи у фосид мегардад.
Агар дар масчиде эътикоф нишинад, ки дар он намози чумъа на-
мехонанд, метавонад бо фаро расидани рузи чумъа барои адои намози
чумъа ба масчиди чомеъ рафта ва баъди хатми намоз ба чои эътикофи
худ баргардад.
Хамон гуна ки аз гуфтахои боло бармеояд, дар эътикоф нишастан
се чиз лозим аст: 1) Масчиде, ки дар он намоз бо чамоат баргузор гар-
дад, 2) нияти эътикоф ва 3) пок будан аз хайзу нифос ва чанобат. Би-
нобар ин, эътикоф дар масчидхои матрука – бенамоз дуруст намегар-
дад, хамчунин шахсе руз то бегох бе нияти эътикоф дар масчид ба сар
барад, он эътикоф ба шумор намеравад. Шахси чунуб ва занони дар
хайзу нифос низ наметавонанд эътикоф бинишинанд, зеро поки шарти
дуруст гардидани тамоми ибодатхост.
Аз хама бехтар он аст, ки эътикоф дар Масчидулхаром (атрофи
хонаи Каъба), баъд аз он дар Масчиди Набави ва баъд аз он дар
Масчидулаксо дар Байтулмукаддас ба чой оварда шавад, сипас дар
масчиди чомеъ ва ба дунболи он масчиди махалла ва хар масчиде, ки
дар он чамоат бештар бошад.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222