Тамоми шароите, ки барпо намудани намози чумъа ба онхо ба-
стаги дошт, барои баргузории намози идайн хам лозим мебошанд, ба
гайр аз хутба, ки он дар намози идайн суннат буда ва баъд аз адои ду
ракъат намоз хонда мешавад.
Намози иди Фитр ва Курбон ду ракъат аст ва тарзи адои он ба ин
тарик аст, ки аввал имом такбири тахрима – «Аллоху акбар» гуфта, ба
намоз сар мекунад. Аввал, ба мисли дигар намозхо, сано мехонад ва
баъд аз он се бор бо садои баланд такбир – «Аллоху акбар» гуфта, дар
хар такбир дастхояшро баробари гушхояш мебардорад. Пас аз он
«Аъузу биллох,…» ва «Бисмиллох,…»-ро паст ва сураи «Фотиха»-ро
хамрох бо сураи дигаре баланд мехонад. Сипас ба рукуъ ва сучуд раф-
та, ракъати аввали намозро ба чо меоварад.
Он гох барои ракъати дуюм бармехезад ва бо садои паст «Бисмил-
лох,…» гуфта, сураи «Фотиха» ва сураи дигареро бо садои баланд ме-
хонад. Пас аз он се бор бо садои баланд такбир мегуяд ва дар хар так-
бир дастхои худро мебардорад. Холо дигар такбирун ба рукуъ ва
пас аз он ба сучуд рафта, монанди дигар намозхо ракъати дуюмашро
хам анчом медихад.
Расули Худо (с) дар намозхои идайн – иди Рамазон ва Курбон су-
рахои «Аъло» ва «Гошия» – ро мехонд, хатто агар ид дар рузи чумъа
меомад, хам дар намози ид ва хам дар намози чумъа хамин ду сураро
мехонд. Аммо гохе дар намозхои хар ду ид сураи «Коф» ва «Вакта-
рабати-с-соъату» – ро кироат мекард.
Хондани ду хутба барои намозгузорон баъд аз анчоми намоз сун-
нат аст ва имом дар он бояд ахкоми идайнро барои мардум баён со-
зад, дар иди Фитр масоили садакаи Фитрро ва дар иди Курбон масои-
ли курбонй ва такбироти ташрикро баён намояд.
Хамчунин зарур аст матолиберо, ки дар хутбахои чумъа барои
мардум баён медошт, дар хутбахои намози идайн низ бигуяд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …