Главная / Илм / Ташаккули афкори психологи дар

Ташаккули афкори психологи дар

Афкори психологии мутафак-
кирони точику форс дорои
таърихи беш аз ду хазорсола
мебошад ва он дар баробари
ташаккулу инкишофи донишхои фалсафи рушду нумуъ
ёфтааст. Акидахои зардуштия, монавия ва маздакия, ки
дар ахди бостон ривоч доштанд, саршор аз маънихои фал-
сафиву психологи буданд.

Бояд кайд кард, ки афкори психологи дар мутафак-
кирони точику форс махсусан дар асрхои IX -XV – и ме-
лоди, яъне дар даврони чомеаи феодали бештар имкони-
яти зиёд пайдо кард. Ислом хамчун дини хукмрон дар ин-
кишофи пуравчи афкори фалсафию психологи накши му-
айяни худро низ гузошта аст. Ин аст, ки як зумра олимону
файласуфони боистеъдод, монанди Ибни Сино, Аб-
дурайхони Беруни, Носири Хисрав, Насриддини Туси, За-
кариёи Рози, Абдухомид Газоли, Фороби ва дигарон ба
майдони илм омаданд ва бо омузиши масъалахои фалса-
фию психологи машгул шуданд.

Мактабхои пешин сурат ва сирати тозаро меги-
рифтанд ва ба ташаккулу равияхои нави фалсафи замина
мегузоштанд. Ба ин восита, мактабхои машхури илмии
дахрия, фалсафаи асхоби хаюло, машоия, калом, тасав-
вуф, ихвон-ус-сафо, исмоилия ва г. арзи вучуд намуданд.
Минбаъд, ривочу равнаки афкори фалсафиву психологии
точику форс дар алокмандии кави бо назариёти фалсафии
Хиндустон, Хитой ва Юнон сурат мегирад. Дар нимаи
дуюми асри XIX мактаби нави маорифпарвари зухур
кард, ки дар ташаккули афкори психологи ва педагогии
он накши фарханги мутараккии рис басо бузург буд.

Таърихи афкори психологии точик пеш аз хама бо
дини зардуштия ва китоби мукаддаси он «Авесто»
алокаманд аст. Зардуштия – динест, ки дар нимаи якуми
хазораи 1-и то мелод дар худуди имрузаи Осиёи Миёна ва
Афгонистони Шимоли пайдо шуда, сипас дар Эрон ва
Шарки Наздик пахн гардидааст.

Зардуштия дар тули асрхо дар натичаи тагйири ша-
роити ичтимоию сиёси ба дигаргунихо дучор омад. Аз
асри 7 сар карда, ислом хамчун дини хукмрон эълон гар-
дид. Зардуштиён таъкиб карда мешуданд. Як кисми онхо
ба Хиндустон фирор карда, холо дар он чо бо номи
порсхо ва кисми дигарашон (дар Эрон) бо номи габрхо
машхуранд.

«Авесто» хамчун шохасари мукаддаси Зардуштия,
иборат аст аз панч китоб: «Ясно» – мачмуи дуохои гуно-
гуни зардуштия; «Виспарад» – мачмуи дуохое, ки хангоми
ибодат хонда мешуданд; «Яштхо» – мачмуи достонхои си-
тоиши дар васфи эзиди зардуштия; «Вандидод» – мачмуи
конунхои дини ва хукуки зидди девон; «Хурд-Авесто» –
мачмуи дуохое, ки хар як зардушти онхоро дар намоз,
тахорат ва умуман рузгори худ истифода мекард.

Чанбаи асосии чахонбинии зардуштияро муносибати
ахлоки намудан ба олам ташкил медихад. Он дар мубори-
заи ду кувваи бо хам зидду оштинопазири неки ва бади –
Хурмуз ва Ахриман зохир мегардад. Мурод аз муборизаи
ин ду кувва бенёди оламе мебошад, ки инсони некандеш
дар он максади асосии офариниш махсуб меёбад. Дар
ниходи хар як фарди башар кувваи фоилае (нафс ё акл)
мавчуд аст, ки тавассути он инсон камолоти чисмониву
маънави ёфта метавонад. Аз ин ру, гояи асоси дар Зарду-
штия – ин Гуфтори нек, Рафтори нек ва Пиндори нек аст.
Бинобар ин, инсон бояд хамаи хислатхои фосиду разилро
аз шахсияти худ дур намояд ва руй ба инсони некгуфтор,
некрафтор ва некпиндор шудан нихад. Аз ин чо барои хар
ду кувва симохои хос таъин шудааст, ки яке Ахурамаздо
(симои неки) ва дигари Ахриман (симои бади) мебошанд.

Зардушт дар «Ясно» бо забони шоирона мепурсад:
«Кист падари рости?»; «Кист офарандаи рушноии суд-
бахш?»; «Кист офарандаи фариштаи мехру мухаббат?»,
«Кист, ки аз руи донишу хирад эхтироми падар дар дили
писар ниход?». Дар чавоби хамаи ин номи Ахурамаздо ба
забон гирифта мешавад.

Таълимоти фалсафии зардуштия хусусияти дигарро
дорад, зеро вучуди ду мабдаи мустакил (мабдаи рух, хайру
шар»-ро эътироф мекунад. Бо мурури замон, чахонбинии
дугонапарасти ба чахонбинии яктопарасти (монавия)
мубаддал гаштааст. Хамин тавр, чахонбинии монавия та-
шаккул ёфт.

Монавия – таълимоти динист, ки дар асри 3 дар
Шарки Наздик ба вучуд омада, ба зуди дар бисёр мамла-
катхо – аз Италия сар карда, то Хитой интишор ёфта буд.
Ин таълимот бо номи асосгузораш Мони (216-277)
машхур гардидааст. Монавия синтези зардуштия ва ма-
сехият мебошад. Асоси монавия дугонапарстии зардушти,
эътирофи ду кувваи азалии бо хам зид – нуру зулмот,
хайру шар мебошад. Муборизаи байни онхо бо галабаи
олами нур ба анчом расида, дар натича рух аз чисм (мод-
да) чудо мешавад. Мони рухро абади медонист ва таълим
медод, ки вазифаи инсон рухи рушноиро аз рухи торики
рахо додан аст. Ин талаботро бо рохи пархезгори, зохиди,
гушанишини ва тарки дунё кардан ба даст овардан мум-
кин аст.

Дар таълимоти монавия масъалаи идрок ё худ
маърифат чойи муайянро дорад. У боварии комил дорад,
ки инсон факат бо шарофати маърифат намудан покии
ботинашро таъмин намуда метавонад.

Мониги дар ташаккули афкори ичтимоию психологи
ва фалсафаи халкхои эронинажод накши мухиме бозид,
барои дар охири асри V ва аввали асри VI пахн шудани
таълимоти маздакия замина гузошт.

Маздакия таълимоти динию фалсафи дар Эрон буда,
хамчун фиркаи монавия пайдо шуд ва бояд унсурхои де-
мократии онро инкишоф дод. Ин таълимот бо номи идео-
лог ва рохбари он Маздак Бомдод машхур гардидааст.
Мояи таълимоти маздакия, ба монанди зардуштия ва мо-
навия робитаи хайру шарр мебошад. Мувофики таълимо-
ти маздакия, олам аз шохии нур ва шохии зулмот иборат
аст. Нур ба хайр ва зулмот ба шарр мувофикат мекунад.
Нур (рушнои) аз руи ихтиёр ва ирода амал менамояд ва
дорои шууру эхсос аст. Харакати зулмот бошад, тасо-
дуфист. Дар маздакия рохи ягонаи начот аз шарр – ин
некбини, умед ва муборизаи фаъол аст. Ба андешаи Маз-
дак, чахор кувва (акл, шуур, хофиза ва шоди) чахонро
идора мекунад. Ин чахор кувва хафт вазир доранд, ки дар
ботини 12 вучуди рухони дар харакатанд. Хар кас, ки
хамаи ин омилхоро дар вучуди худ гирд оварад, ба камо-
ли комил ноил хохад шуд. Илова ба ин, зарур аст, ки у
фирефтаи неъматхои модди нашавад ва аз хама чизхое, ки
ин дилбастагиро вусъат мебахшанд, хазар кунад. Дар
рохи начоти рух аз махбаси нафс зарур аст, ки хавою
хавас ба кулли саркуб карда шавад.

Хулосаи мухимтарини таълимоти маздакия он аст, ки
чонибдорони он галабаи рухи бадро тасодуфи, вале гала-
баи рухи рушноиро конуни медонистанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222