Главная / Илм / Таваллуди Паёмбар (с)

Таваллуди Паёмбар (с)

Ном: Мухаммад (с)
Куня: Абулкосим
Номи падар: Абдуллох писари Абдулмутталиб
Номи модар: Омина духтари Вахб
Паёмбар (с) дар дувоздахуми Рабиъул-аввали “Омул-фил”, ки мувофик бо 571-уми мелоди аст, дар Макка таваллуд шуд. Ин солро ба ин хотир “Омул-фил” номиданд, ки Абраха бо сипохиёни хеш, ки филхои чанги ба хамрох дошт, тасмим ба вайрон намудани хонаи Худо (Каъба) гирифтанд, аммо Худованд ононро ба хотири чунин касди шуме нобуд кард ва барои халокат ва нобудии онон парандагоне ба номи Абобил фиристод, ки сангхое аз “сиччил” бар онон партоб мекарданд, чунонки Худованд дар сураи “Фил” мефармояд:
“Оё нашунидаи, ки Парвардигори ту бо филсавороне, ки касди вайрон кардани хонаи Худо доштанд, чи карда ва чи бар сари эшон оварда аст; Магар найранги эшонро табох ва ботил нагардонидааст; Ва магар паррандагонро гурух – гурух бар сари онон нафиристодааст; Он паррандагон ба суйи филсаворон сангхои кучаке аз санггилро меандохтанд”.
Кабл аз таваллуди Паёмбар (с) падараш Абдуллох ибни Абдулмутталиб, ки барои дидори таѓохояш Бани Наччор берун рафта буд, даргузашт. Зеро Паёмбар (с) хангоме ки мутаваллид шуд, падараш дори фониро видоъ гуфта буд. Хангоми таваллуди Паёмбар (с) ин муждаро ба чаддаш Абдулмутталиб доданд. Абдулмутталиб аз шунидани ин хабар бисёр хушхол шуд ва уро дар огуш гирифта, бо у ба шукронаи ин неъмати Худованди ба тавофи Каъба пардохт ва номи уро ба илхоме аз чониби Худованд Мухаммад гузошт. Бо вучуди ин ки ин ном дар миёни мардуми араб собика надошт, аммо Абдулмутталиб дуст дошт, ки у назди Худованд ситуда бошад, аз ин ру номи уро Мухаммад (писандида) номид.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222