Мувофики таълимот ва талаботи ислом имон ё худ эътикод ба Худои вохиду якто (Аллох), ки холики тамоми мавчудот ва молику хокими тамоми олам, Парвардигори замину осмон (Раббус- самовоти вал-арз) дониста мешавад, нахуст забони ба воситаи гуфтани калимаи шаходат ва сипас калбан тасдику кабул кардан хосил мегардад. Яъне имон аз тарики икрори забони ва тасдики калбии яктои- вахдонияти Аллох, рисолати Паёмбари ислом(с) ва маод (рузи охират) хосил мешавад. Ин чихати эътикодии ислом бо соддагии худ чолиби таваччух аст. Дар хакикат хамин соддагии гаравиш ба ислом ва соддагии маросиму ибодатхои он нисбат ба дигар динхо яке аз сабабхои зуд интишор ёфтанаш дар байни кабоили араб ва берун аз он гардид.
Имон зарурати шинохтани Худоро такозо мекунад. Мувофики илохиёти исломи, ки асоси онро оятхои куръони ва хадисхои Мухаммад (с) ташкил мекунад, Худо яккаву ягона аст. Аз ин ру ислом дини тавхиди (монотеисти) ба шумор меравад. Яктопарастии исломи, яктопарастии холис аст. Он комилан назар ба дигар динхо аз олоишхову бокимондахои ширк- бисёрхудои (политеизм) пок шудааст. Хеч яке аз муассисони адёни бузург монанди Мухаммад(с) ба тавхиди катъи ва босубот напардохтаанд ва дар химояи он пофишори накардаанд.
Тавхиди исломи аз матну мазмуни сарчашмахои асосии он бидуни хеч гуна таъвил ва тафсир возех ва равшан аст. Худованди ислом аз хама гунох мегузарад, магар аз ширк–яъне чизе ё касеро ба вахдат, азамат, кибриё ва кудрат ба Аллох шарик донистан.
Дар Куръон омадааст: “Кулхуваал-лоху ахад аллохус-самад. Ламялидва лам юлад ва лам якун лоху куффуван аха.д”(К._Ихлос: 1-3) яъне, “Бигу: “Вай Худои яктост, Худои човид аст, на касе фарзанди У, на фарзанди касест ва хеч кас мисл ва хамтои У нест”. Маълум, ки дар дини насрони, харчанд он хам дини тавхиди- монотеисти аст, Худои ягона дар се сурат (икнум): Худо Падар, Худо Писар, Рухи Мукаддас зохир мешавад. Сураи зикршудаи куръони ва бисёр дигар оятхои ба он монанд махз ба мукобили чунин тасаввуротхои насрони ва динхои бутпарасти равона шудааст. Хулоса, Худо дар ислом аз хама гуна шабохатхои антропоморфии зохири пок карда шудааст. Худоро дар хеч шакле тасаввур кардан мумкин нест. Вакто ки гуфта мешавад, Худо мебинад, мешунавад, мегуяд, дар аршу курси менишинад хама истиъори мебошад. Тасаввур кардан он, ки Худо мисли инсон забону дахон гушу чашм ва гайра дорад мушрикист ва он гунохи сахтест дар ислом. “Иннаал-лоха ло ягфара манюшрук бихи”. Хамоно Худо касеро, ки ба у шарик сохта намебахшад” ( К.4:116). Чунин оятхо дар Куръон зиёданд.
Дар таърихи илохиёти ислом байни фиркахои гуногун чун: сифотиён, чабария ва кадария, муътазила, ашъария ва салафия дар атрофи ин мавзуъ бахсу чадалхои зиёде ба вучуд омадаанд. Дар натичаи ин бахсхо нисбат ба ин мавзуъ ду чараёни гайри ортодоксалии ифроти ба вучуд омадаанд, ки яке ахли ташбех далолат ба монандии “Аллох” ба инсон мекарданд, яъне ба истилохи имруза антропоморфистхо буданд ва дигаре ахли т а ъ т и л Аллохро бе сифоту бехувият, яъне бидуни атрибут медонистанд.
Хамин тавр мувофики таълимоти ислом Худо ба хеч яке аз мавчудоти модди шабохат надорад ва зоти Худо асрори гайбист, вале барои инсон дидани вай имконнопазир нест. “Диди Худо яъне маърифат ба зоти мукаддаси у,-мегуяд Аббос Мехрин (Шуштари),-барои башар номумкин аст, вале бо мутолиа ва тафаккур ва тааммул дар саноеъ ва махлукоти у, мумкин аст вучуди уро эхсос кард.”(Аббос Мехрин ( Шуштари). Омузиши ислом ё хулосаи таълимоти ислом. Техрон. 1354.42) . Яъне инсон худоро танх аз осори санъати у мешиносад.
Худо дар ислом дорои номхо-асмоъ ва сифоти зиёдест. Худо фард, таъоло (олимартаба, олимаком), азали, мавчуд кабл аз мавчудот ва коим ба зот, олим, кодир, каххор ва чаббор аст.
Худованд дар ислом дорои с и ф о т и с а б у т и ( тасдики, мусбат) ва с и ф о т и с а л б и ( инкори, манфи) аст. Худованд дорои дах сифат аст, хаштои он сабути ва дутои он салби. Сифоти сабутии Аллох инхоянд: Худои Таъоло олим аст, яъне доно аст, зинда-хай аст, яъне харгиз намирад, Кодир аст, яъне тавоност; шунавост на ба гуш; биност на ба чашм; гуёст на ба забон; иродат дорад яъне хар чизро хост карда ва бихохад бикунад; таквин-офаридгор , ба вучудорандаи хама чиз хаст аз нести ба хасти, офаридгори хамаи олам аст бо сифати таквинии худ.
Аммо он ду, ки салби аст: аввал он, ки Аллох таъоло бе айб аст, айб надорад, дуввум он ки Аллоху таъоло шарик надорад.
Ба гйр аз сифоти номбурда дар Куръон Худо як исми зот ва наваду нух исми сифоти дорад. Лафзи ” Аллох” исми зот аст. Исмхои сифоти аз чумла инхоянд: Ахад (якто),Хай (зинда), Олим (доно), Кодир (тавоно), Самеъ (шунаво), Басир (бино), Холик (офаридгор), Розик (рузидиханда), Гафур (афкунанда), Рахмон (бахшанда), Рахим (мехрубон) ва гайра чамъан 99 ном аст.
Ногуфта намонад, ки Аллох харчанд дар сурат ба инсон, мисли динхои дигар шабех нест, вале дар баъзе сифот бо инсон як аст, чун ки рухи илохи дар инсон дамида шудааст. Масалан, инсон худ офаридгор аст, худо низ холику офаридгор, инсон худ рахим-мехрубон аст Павардигор низ рахим, инсон худ олиму хакиму заки аст, Парвардигор низ ин сифотро дорад. Хамин тавр аксари исмхои сифотии Худо ё он сифотест, ки инсон дорад ё надорад вале мехохад, ки дорои он бошад, мисли хай (абадият), Кудрати беинтихо ва гайра. Аз нигохи илохиёти ислом ин умумият, чунон ки гуфтем, аз он аст, ки Парвардигор ба инсон рухи худро дамидааст ва аз ин тарик инсон дорои баъзе сифоти илохи вале ба нисбати камтар аст.