Главная / Илм / Тавсифи вазифахо ва усулхои менечменти инноватсиони

Тавсифи вазифахо ва усулхои менечменти инноватсиони

Хусусиятхо ва фаркиятхои назарраси менечменти инноватсиониро аз руи максад, таркиб ва сохтори фаъолияти инноватсиони муайян кардан мумкин аст. Максади тараккиёти инноватсиони дар хама зинахои идоракунии иктисодиёт дарачахои гуногун (аз сатхи давлати сар карда то корхонахои хурди инноватсиони) ин ташкили заминаи инноватсиони барои рушди иктисодии дарозмуддат ва таъмин афзолиятхои ракобат мебошад.

Аз назарияи ракобат чунин бармеояд, ки махз неру ва иктидори инноватсионии тараккиёт ва татбики технологияи нав метавонад ба бунёди ташаккулёбии афзалиятхои ракобати, замина гузорад.

kakimi-kachestvami-dolzhenДарменечменти инноватсиони тарзи  ифодаи аксари нишондихандахои анъанави тагйир меёбанд. Бештар ба масълахои истехсоли хаддалимкон зиёди махсулоте диккат дода мешавад, ки дарасоси ихтирооту навоварихо ба вучуд омада, фаъолияти устувори корхонахоро дар бозор таъмин мекунад. Навсозии хар гуна объекти иктисодИ васеъсозии имкониятхои афзунгардонии фоида, воридшавИ ба сохахои нав ва азхудкунии бозорхои навро ифода менамояд.

Баъзе тахлилхо шаходат медиханд, ки новобаста аз он, ки % корхонахо ба муфлисшавИ наздиканд фаъолияти онхо дар солхои охир ба чорисозии навоварихо ноил гардидааст. Масъалан натичаи пурсишномахо нишон додан, ки дар Россия зиёда аз 25% рохбарони корхонахо самти тараккиёти фаъолиятро дар истехсоли махсулотхои нав, дарёфти бозорхои нав ва васеъсозии доираи фаъолияти корхона мебинанд. Онхо бар он акидаанд, ки муваффакияти касби ва умуман пешрафти корхона аз фаъолияти истехсолии самти инноватсиони дошта вобаста аст.

Тараккиёти инноватсиони хангоми мукарарсозии максадхо ва самтхои рушди стратегии корхона хусусиятхои хоси худро ворид сохта, вазифахои дастгохи идоракуниро тагйир медихад.

Дар шароити фаъолияти инноватсиони яку як бора накши менечер меафзояд ва аз шахсият, кобилият, ихтисос ва махорати касби у ояндаи корхона муайян мегардад. Дар чунин шароит алокамандии махсус ва пайдарпаии мантикии амалигардонии вазифахои асосии менечменти инноватсиони баръало зохир мегардад. Хамин тавр, ахамияти вазифахои зерини менечмент ба монанди: 1) робита, 2) ташвик, 3) чараёни таксимоти ваколатхо зиёд мешаванд. Миёни воситахои ташкили чараёнхои инноватсиони намудхои гайрирасми бартари доранд, ки бештар ба конуниятхои муносибатхои байнишахси ва хамбастагии гурухи такя мекунанд.

Инчунин таносуби байни намудхои гуногуни назорати чараёнхои инноватсиони тагйир меёбад. Онхо бештар ба худназорати стратегии инноватсия ва ба намудхои молияви – иктисодии назорат нигаронида шудаанд. Робитахое, ки бо назорати чараёнхои инноватсиони алокаманд аст, ахамияти назаррасро ба худ касб мекунад. Тавассути онхо хусусиятихои чараёни ва доими доштани рафти табадули ахбор бартари пайдо мекунанд.

Тагйироти махсусро инчунин вазифахо ва усулхои менечмент аз сар мегузаронанд, ба идораи инноватсионии хайати кормандон нигаронида шудаанд. Коркард ва татбики инноватсияхо аз кормандон ихтисоси мувофик ва донишу малакаи махсуси касбиро талаб мекунанд. Дар сохторхои идоракунии инноватсиони баландбардори дарачаи маълумотнокии кормандон пешбини кардамешавад, то ин ки ба талаботхо чавобгу буда, ухдадорихояшонро амалан ичро карда тавонанд. Таъмини бомуваффакияти менечменти инноватсиони ташаккулёбии чунин хайати кормандонеро пешбини менамояд, ки чавобгариро ба зима гирифта аз ухдаимустакилона кабулкардани карорхо мебароянд ва рушди инноватсиониро таъмин мекунанд.

Дар менечменти инноватсиони инчунин шакли рафтори кормандон, коллективи инноватсиони ва кули вохидхои сохтории корхонаи инноватсиони тагйир меёбанд. Дар ин чо унсури асосии рафтор на танхо амали окилонаи ба максад нигаронидашуда, балки амали окилонаи ба арзишхо мувофикбуда, ба хисоб мераванд.

Коргари сохаиинноватсиони рафтори худро ба талаботхои муайяне мувофик месозад, ки ичроиши вазифахои касбиро бо арзишхои шахси бо хам мувофик созад.

Албатта арзишхои шахси бо хавасмандкуни (мотиватсия) зич алокаманд, буда чунин вазифахои менечментро ба монанди ташкил ва идораи ташвик тагйир медиханд.

Дар менечменти инноватсиони зохиран ва ба таври назаррас таркиб, сохтор ва мундаричаи усулхои идоракуни тагйир меёбанд. Менечменти инноватсиони бештар бартарии тахлил ва пешбини, усулхои микдории тархрези ва намудхои ичтимои-психологии мусоидатро эътироф намуда, истифодабарии фишангхои маъмуриро инкор мекунад. Низоми вазифахои идоракунии истехсолот дар менечменти инноватсиони аз максад ва вазифахои объекти идоракуни, банакшагири, мутобиксози, ташвик, тахлили фаъолияти истехсоли, танзими чараёни истехсолот иборат мебошад.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222