Хар чизе, ки баёнгар ва бабороварандаи тандурустй, нашоти чис-
мй ва кувват гирифтани бадан бошад ва аз роххои хакикй (табий) –
халку бинй вориди меъда ё шикам ва магз гардад, муфсиди (шиканан-
даи) руза мебошад. Аз ин лихоз, доруву дармонхое, ки ба василаи су-
зандору (укол) дар бадан тазрик (ворид карда) мешаванд, албатта, ба-
бороварандаи бехй ва шукуфоии бадан хастанд, вале чун аз рохи
рагхо ва гушт вориди бадан мешаванд, аввал ин ки дохили меъда ё
магз намешаванд ва агар бишаванд хам, чун аз гузаргохи аслй ворид
нашудаанд, муфсиди руза намебошанд.
Доктор Вахба Зухайлй назари мазхаби ханафиро дар бораи сузан-
дору чунин овардааст: «Хукнахо (уколхо)-е, ки дар мушакхо, зери
пуст ва рагхои варид (вена) карда мешаванд, рузаро фосид намеку-
нанд, аммо бехтар аст агар имкон бошад онро ба пас аз ифтор ба таъ-
хир андозад. Аммо имола (клизма) кардан рузаро мешиканад. На-
зари сохиби «Махмуду-л-фатово» низ он аст, ки бо тазрики хеч гуна
ампул (сузандору)-е руза фосид намешавад.
Албатта, бояд донист, ки бо ин хукнахо вакте руза намешиканад, ки
маводи иобахш ва кувватдихандае дар таркиби худ надошта бошанд.
Вале баъзе донишмандон бо дар назардошти хамон шукуфой ва кув-
ват пайдо кардани бадан, ки хадафи якуминдарачаи тагзия (тановули ху-
рок) низ хамин аст, тазрики сузандоруро шиканандаи руза медонанд.
Баъзехо дар ин масъала назари дигаре доранд: Агар тазрики су-
зандору аз рохи рагхои хунгард ва умуман, барои кувват гирифтан су-
рат бигирад ва ниёзи бадан ба об ва иоро ба тавре бароварда созад,
рузаро мешиканад. Дар ири ин сурат барои руза хеч зараре надорад.
Ин назар рочехтар мебошад.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …