Тавсеаи хамкории тичоратии дучониба ва бисёрчониба байни Точикистон ва Франсия дар мулокоти Вазири рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон Завки Завкизода бо Сафири Фавкулода ва Мухтори Чумхурии Франсия дар Чумхурии Точикистон Мишел Тарран дар Душанбе матрах гардид, иттилоъ медихад Вазорати рушди иктисод ва савдои кишвар.
Дар мулокот зикр шуд, ки холо хам иктидори пурраи ду кишвар дар самти тичорату иктисодиёт ба таври зарури истифода нашуда, имконияти ба маротиб афзоиш додани гардиши тичорати дучонибаи молу махсулот мавчуд мебошад.
Дар робита ба ин чихати вусъат бахшидани хамкори якчанд пешниходхо, аз чумла фарохам овардани шароити мусоид барои пайдо кардани бозорхо ва харидорони нави махсулоти кишоварзи, ташкили корхонахои муштарак оид ба коркарди нахи пахта, аз чумла истехсоли ашёи хом, ресандаги, матоъхо, либосхо, хамзамон рушди хамкори дар самтхои истихроч, коркард ва содироти сангхои киматбахо ё нимкиматбахо, санги бинокори ва дигар намудхои ашёи хоми минерали, инчунин дар сохахои гидроэнергетика, парвариши ангур, шаробсози ва дигар самтхои афзалиятнок манзур гардиданд.
Дар анчоми вохури мусохибон омодагии худро барои густариши хамкори ва истифодаи самараноки имконияти мавчуда изхор намуданд.
Инчунин кобед
БЕУНВОН (Без заглавия) Киссаи А.П. Чехов
Дар асри V низ, чун холо, офтоб хар сахар тулуъ ва хар шом гуруб мекард. …