Главная / Илм / Устураи худоёни сегона: Осирис, Изис ва Хорус

Устураи худоёни сегона: Осирис, Изис ва Хорус

Устураи Изис ва Осирис, ки дар байни мисриёни кадим маъруф буда, нишон медихад, ки тасаввуроти мисриён дар бораи худоён ва зиндагии онхо сад дар сад мисли зиндагии инсонхост. Онхо зану фарзанд доранд, кинаву душмани мепарваранд, мечанганд ва гайра.

Осирис (ё Озирус) аввал дар Шом хамчун худои зироату кишт парастида мешуд ба Миср накли макон карда. Вале мисриён эътикод доштаанд, ки Осирис аз омезиши худои мардинаЧеб бо олиха-занхудои замин Нут зоида шуд ва пас аз он Осирис бо хохари худ Изис хонадор шуда аст. Изис хануз 1500 т.м. назди мисриён маъруф буда, мавриди эхтиром ва парастиши хосу омм будааст. Зиндагии бофарогати Изис ва Осирис вакте тира шуд, ки Осирис мавриди хашму газаби бародараш Сет карор гирифт. Сет бо хиллаву найрангхо бародарашро мекушад ва часадашро дар тобуте аз чуб дар руди Нил меафканад. Аммо зани Осирис Изис ба чустучуи часади шавхараш баромад ва он тобутро дар сохилхои Шом пайдо карда, ба Миср бозгардонида онро пинхон мекунад.

osirisДар хамин муддат аз вай писаре таваллуд мешавад, бо номи Хорус. Дар ин байн Сет бори дигар тобути бародараш Осирисро пайдо карда, часади онро аз руи кахр ва газаб пора-пора карда, хар китъаашро дар яке аз чахордах китъаи кишвари Миср пароканда, дафн кард. Мисриён аз ин чихат бовари доштанд, ки сабаби руидани тухмии галлахо аз хок ва борваршудани онхо дар асари хамин китъахо мебошад.

Фарзанди Осирис Хорис чун бузург шуд, ба талаби хуни падар ва интикоми вай баромад ва бо амаки худ бичангид ва дар як мухорибаи хамоси уро маглуб сохт ва дастбаста назди модараш овард. Модараш аз хуни шавхараш гузашт ва Сетро бахшид.

Пас аз ин Хорус дар фикри чамъ овардани китъахои часади падараш ва зинда кардани он мешавад, ба ин кор ба у худои хикмат Тот (Тко1к) кумак мекунад ва у ба ин максадаш ноил мешавад. Як чашми Хорус дар хангоми мухориба бо амакаш Сет кур шуда буд. Падарашро, ки зинда сохт, падараш (яъне Осирис) ба у бинои бахшид. Дар ин чо мазхар-рамзи худои Офтоб аст ва чашми у хамеша равшан шуд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222