Главная / Илм / ВАЗИ ЧАМЪИЯТИИ СИЁСИИ ТОЧИКОН ДАР ХОНИГАРИИ КУКАНД

ВАЗИ ЧАМЪИЯТИИ СИЁСИИ ТОЧИКОН ДАР ХОНИГАРИИ КУКАНД

Фаргона дар охири асри XVII мулки ниммустакил буд. Шахри Куканд, ки дар нимаи якуми асри XVIII ба давлати мустакил табдил ёфт, дар соли 1732 аз тарафи Абдулрахимби бино шудааст.
Меросхури у Абдулрахимби соли 1740 ба васеъ намудани Куканд шуруъ кард. Дар сари давлат намояндагони кабилаи узбек минг меистоданд. Ташаккули давлат дар нимаи дуюми асри XVIII ба давраи хукмронии Эрдонаби ва Норбута рост меояд. Аз баски, хонигарии Куканд дар охири асри XVIII аз бисёр ходисахои харобиовар дар канор монд ин барои пешрафти иктисодии он мусоидат намуд. Дар рохи ташаккули давлати мустакили Куканд кадами нахустинро Олимхон (1800-1810) гузоштааст. Барои аз тобеияти феодалони ашроф баромадан дар ахди салтанати у дастаи махсуси низоми ташкил карда шуд. Асоси ин дастаро точикони кухистони дарвоз, каротегин, шунон ва ахолии махали узбек ташкил медоданд. Дастаи мазкур имтиёзи комил дошт. Гарчанде ки Олимхон мукобилияти ашрофи феодали ва рухониёнро пурра бартараф карда натавониста бошад хам, худуди давлатро васеъ намуд. Солхои охири хукмронии худ Олимхон Тошканд ва кабилахои казоки гирду атрофии онро ба Куканд хамрох кард.
Дар нимаи якуми асри XIX нохияхои Конибодом, Исфара ва Ашти имрузаи Точикистон дар таарруфи Куканд буданд. Барои ба даст даровардани Хучанд, Уротеппа ва Нов дар байни хонигарихои Бухоро ва Канд мубориза мерафт, ки то истилои Россия дар Осиёи Миёна давом карда буд. Чангхои байни хамдигарии Куканд ва Бухоро то замони Умархон (1810-1822) ва вориси у Маммадали (1822-1842) давом доштанд. Маммадали чандин маротиба ба самти Чануби шарки лашкар кашида, мулкхои Дарвоз ва Каротегинро зери даст даровард. Чанд муддат хокими Кулоб низ дар итоати у буд.
Мухаммадалихон дар хунхори ва золими аз амири Бухоро Насрулло монанди надошт. Вай умри худро дар айшу нуш ва кайфу сафо, шугли доими ба фосики гузаронида буд. Аз чангхои доими мардум ба дод омада буд. Ашрофу аъёни феодали аз у ру гардониданд. Амири Бухоро Насрулло аз ин вазъият истифода бурда, соли 1842 Кукандро забт кард ва Мухаммадалихонро бо ахли хонаводааш ба катл расонд. Лекин дере нагузашта Куканд боз истиклолияти худро сохиб шуд ва Хучанду Тошкентро дубора ба даст даровард.
Хамин тарик, дар чоряки дуюми асри XIX дар натичаи низоъхои байни куввахои мукими ва бодиянишин байни феодалону аъёну ашроф аз падидахои кризиси (бухрони) сиёси дар дохили давлати Куканд шаходат медоданд. Дар чунин шароити таърихи истилои Осиёи Миёна аз тарафи Россия ооз шуд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222