Главная / Илм / ВАЗЪИЯТИ ЧАМЪИЯТИ-СИЁСИИ ТОЧИКИСТОН ДАР СОЛХОИ 20-30 ЮМ

ВАЗЪИЯТИ ЧАМЪИЯТИ-СИЁСИИ ТОЧИКИСТОН ДАР СОЛХОИ 20-30 ЮМ

Баъди галабаи инкилоб дар Осиёи Миёна Чумхурии мухтори Шуравии Сотсиалистии Туркистон ва ЧХШ Бухоро ташкил ёфтанд. Дар ин чумхурихо сермиллат точикон
47,74% хайати Ч.МШС Туркистон ва 52,3 % дар хайати ЧХШ Бухороро ташкил мекарданд.
Баъди ба амал омадани сохтори Шурави дар асоси барномаи миллии давлати Шурави (хукуки муайянкунии миллатхо), зарурияти гузаронидани таксимоти милли-марзи дар Осиёи Миёна ба амал омад.
Масъалаи гузаронидани таксимоти милли-марзи хануз соли 1920 ба миён омада буд.
Аввалан дар байни рохбарони аз марказ фиристода ва хайати рохбарикунандаи хизби махали зиддият ба амал омад. Баъдан дар байни рохбарияти Чумхурии Туркистон кушиши чудошави аз хайати РСФСР ва ташкил кардани чумхурии мустакил боло гирифт. 13 июн барои гузаронидани таксимоти маркази карори КМ РКП(б) кабул гардид. Карор дода шуд, ки барои гузаронидани таксимот зарур аст, ки харитаи этнографияи кишвар бо назардошти 3- халкият: узбекхо, киргизхо ва туркманхо тартиб дода шавад. Савол ба миён меояд, ки чаро точикон сокинони кадимтарин ва кисми зиёди ахолии кишвар аз назари эътибор дур монданд.
Чунин муносибат нисбати халки точик аз тарафи рохбарияти Чумхурии Бухоро низ амали мегашт. Масалан, мувофики карори анчумани IV умумибухороии шурохо ба халкдои туркман ва киргизу казок дар бораи ташкил додани кумитахои ичроия ичозат дода шуд, лекин дар бораи халки точик ягон сухан намерафт.
Соли 1921 бо карори КИМ шурохои Туркистон дар комисариати милли шуъбахои узбеки, туркмани ва киргизи амал мекарданд. Халки точик бошад ба зер комиссияи майдамиллатхои кишвар дохил карда шуд. Дар натичаи таъсир ва фаъолияти туркпарастон шуъбаи точики ташкил дода нашуд, ки ин дар масъалаи таксимоти милли-марзи таъсири манфи расонд.
Барои ба инобат нагирифтани манфиатхои халки точик дар давраи гузаронидани таксимоти милли-маъмури бисёр сабабхо буданд. Рохбарияти воломакоми давлати шурави аз таърихи халкдои Осиёи Миёна ва таърихи чандинасраи сокинони кадимтарини он халки точик, хуб огохи надоштанд. Бо сабабхои номаълум дар вакти гузоридани таксимот ба ин масъала эътибор надоданд. Эхтимол, гап дар сари он бошад, ки дар вакти тайёр намудани хуччатхои зарури дар хайати комиссия, ки ба он В.Куйбышев сарвари мекард, инчунин як гурух миллатгароёни турк аз кабили Т. Рискулов шомил буданд. Ин гурух аз тамоми воситахо истифода бурда, манфиатхои точинро поймол мегардонданд.
Туркгарои баъди инкилоб бузургманишинии узбекиро ба вучуд овард, ки бар зидди точикон нигаронида шуда буд.
Миллатгароёни пантуркист баъди инкилоб мансабхои калони маъмури ва хизбро ба даст дароварда, сиёсати ошкоро бо рохи зуровари узбек гардонидани точинро пеш гирифтанд. Дар байни намояндагони бонуфузи пантуркисти точин хам дучор меоянд, ки дар Туркия тахсил карда буданд.
Кисме аз рушанфинкори точик дар зери акидахои туркгарои буданд ва худро узбек эълон карданд. А.Мухиддинов, А.Фитрат, А.Рахимбоев, А.Хочибоев, Ф.Хучаев ва дигарон.
Онхо чунин фикре пеш оварданд, ки забони форси барои мардуми Бухоро забони бегона аст. Ф. Хуча ва хамфикронаш мактабхои точикро ба турки ва узбеки гардонданд. А.Фитрат – нависандаи машхури точик якбора ба турки гузашт ва дар идорахои худ барои онхое, ки ба точики гап мезаданд, чарима мукаррар намуд. (Масов Р. История топорного разделения.- Душанбе, Ирфон, 1991.- 192с.).
Махсусан, гунохи А.Рахимбоев, ки сардори комиссияи кори таксимоти маъмури буд, дар хуччаташ худро «узбек» навишта, барои ташкил намудани Чумхурии Точикистон ягон кушише накард.
Туркпарастон бовар кунонидани мешуданд, ки точикон кариб аст дар Осиёи Миёна дар арафаи омезиш бо халкхои туркзабон хастанд, он руз дур нест, ки ин миллат тамоман аз байн равад. Дар рузномаи «Туркистон» чунин макола чоп шуда буд, майли истифодаи ин забон (точики) маънои онро дорад: якум кушиш аз хаёт кафо мондан аст, чунки хаёт бо чараёнхои таърих ба мукобили уст. Дуюм, кабули ин забон маънои онро дорад, ки кабули он на чизи фоиданок, балки бесамару зиёдатиро дорад. Барои хамин хам точикон бояд хоху нохох ва хатман бе таъхир ба забони узбеки гузаранд ва забони алохидаи точикиро талаб намуданд, чунин равандхои ичтимои такдири онро аллакай хал кардааст.
Онхо хакикати таърихиро инкор мекарданд. Далелхо шаходат медиханд, ки кисми асосии ахолии Бухоро ва Туркистонро точикон ташкил менамуданд ва забони точики забони байналмиллалии халкхои Осиёи Миёна буд. Мувофики маълумоти соли 1913 точикон асосан дар аморати Бухоро мезистанд ва аз 3 миллион ахолии он 70% ва ё 210 000 точикон буданд. Дар кишвари Туркистон 1300000 точик зиндаги мекард. Дар хар як давраи ба руйхатгирии ахолии теъдоди точикон касдан кам карда мешуданд: Соли 1915 дар шахри Самарканд 59901 нафар, соли 1917 ба 44758 нафар точикон ба кайд гирифта шуданд. Мувофики ба руйхатгирии соли 1926, ки хукумати Узбекистон гузаронд шумораи узбекон якбора ба 43304 нафар расида, точикон то 10716 нафар кам шуданд.(Масов Р. История топорного разделения.- Душанбе, 1991.-С.49).
Дар натичаи чунин муносибат точикон дар вазъияти нихоят душвор карор доштанд. Зеро манфиати онхоро кариб хеч кас химоя намекарданд. Дар он солхои такдирсоз ба хамаи халкхо (миллатхо) – и Осиёи Миёна хукук дода шуд, ки комиссияи миллии худро таъсис дода, лоихаи манфиатхои миллии худро пешниход намоянд. Аммо танхо точикон то миёнаи мохи августи соли 1924 комиссияи миллие, надоштанд, ки худуд, усули давлатдори ва пойтахти давлатро муайян мекард.
Бояд кайд кард, ки дар он давраи такдирсоз дар хайати рохбарияти чумхурихои Туркистону Бухоро шахсони мансабдор ва бонуфузи точик хеле зиёд буданд. Лекин ин мансабдорон дар ботлоки туркпарасти ва узбекпарасти афтода, точик будани худро инкор мекарданд. Масалан, Файзулло Хочаев, ки раиси Шурои нозирони халки буд, точиконро яке аз кабилахои турк номид, ки бо таъсири адабиёти классики форс забони худро гум карданд. у 25-уми феврали соли 1924 дар маърузаи худ дар мачлиси васеи коммунистони Бухоро пешниход кард, ки шахри Бухоро бояд маркази 4,умхурии Узбекистон карор гирад. Вилояти мухтори Точикистон бошад танхо аз хисоби нохияхои кухии Мастчох ва Каротегин бунёд карда шавад. Хамин тарик бо хиёнати Хочаев ва думравони у Бухоро аз Точикистон чудо шуд. Мутаасифона, он замон чунин хиёнатгарони миллат кам набуданд. Масалан, дигар точики миллатфуруш Абдулло Рахимбоев, ки дар Чумхурихои Туркистон ва Бухоро вазифахои масъули хизбиро ичро мекард, тарафдори он буд, ки нохияхои Уротеппа ва кисмати дигари шимолии Точикистон низ ба Узбекистон дохил карда шавад. (Масов Р. История топорного разделения.- Душанбе, 1991.-С.49.).
Дар вакти мухокимаи лоихаи таксимоти худуди комиссияи точикон иштирок надоштанд. Танхо 16-августи соли 1924 комиссия дар хайати се нафар. Абдурахим Хочибоев (Раис), Чинор Имомов ва Саидчонов аъзоён ташкил шуд. Комиссия хамаги 5-руз мухлат дошт. Илова аз он комиссия овози халкунанда надошта, дар мачлисхо хамчун машваратчи ширкат менамуд.
Комиссия аз сабаби камтачрибави, надоштани фурсат барои пурра нишос шудан бо хуччатхо, зиёд будани таъсири туркпарастон дар марказии таксимот манфиати точиконро химоя кардан натавонист. Аз ин сабаб комиссияи ба номи «точики» дар лахзахои зарури аз руи накшаи комиссияи узбеки амал мекарданд. Ин мавкеъи комиссияи узбекиро боз хам мустахкамтар намуд.
Дар бораи мавкеъи хиёнаткоронаи аъзоёни комиссия ба такдири халки точик чунин далелхо шаходат медиханд. 21 августи соли 1924 дар чаласаи комиссияи таксимоти милли- худудии Осиёи Миёна А. Хочибоев (раиси комиссия) аз номи комиссияи точикон сухан ронда, чунин изхор дод: Точикони Бухорои арби ва аксари вилоятхои Чумхурии Мухтории Туркистон, аз чихати хочаги ва хам аз чихати идораи маъмури ба узбекхо робитаи зич доранд. Дар масъалаи точикони Хучанд Хочибоев изхор кард, ки точикони баъзе волостхо Хучанд ба вилояти Точикистон хамрох кардан мумкин аст. Аммо дар ин чо иртибот нест, танхо рохдои пиёдагард вучуд доранд ва онхо аз чихати тичорату иктисод бо Узбекистон наздиктаранд. Мо чунин мешуморем, ки дар хайати Узбекистон мондан хатми аст. (Масов Р. История топорного разделения; Газетаи муаллимон.- 1989.- 14 янв.)
Аз сабаби узбекпарасти ва аз манфиати кули халки точик дур будани комиссияи точики Узбекистонро хатто Узбекистони Бузург номиданд. Масалан, Имомов изхор кард, ки ба хайати Узбекистони Бузург дохил шудани Вилояти Мухтори Точикистон гуё ахамияти иктисоди ва сиёси доштааст. (Масов Р. Асари номбаршуда.-С. 46).

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурух хамчун коллектив

Аз тахлилхои психологии дар боло кардашуда доир ба гурух хамчун коллектив бармеояд, ки хар кадаре, ки гурух …

222222222222222