Главная / Илм / ВАЗЪИЯТИ СИЁСИ-ИЧИМОИИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АРАФАИ ИНЦИЛОББ (1905-1917).

ВАЗЪИЯТИ СИЁСИ-ИЧИМОИИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АРАФАИ ИНЦИЛОББ (1905-1917).

Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX Россия ба дарачаи олии таравдиёти капитализм – империализм расид. Дар ин давра капитализми рус ба иктисодиёти Осиёи Миёна торафт бештар ворид гардида, муносибатхои феодалиро вайрон мекард. Албатта дар шароити мустамликави хучуми капитал, нихоят суст ба амал омада буд. Ба ин нигох накарда халкдои мустамлика, аз чумла, точикон ба доираи нуфузи капитал кашида мешуданд. Чи дар Туркистон ва чи дар аморати Бухоро молхои истехсоли саноати рус мавкеи махсулоти косибону хунармандони махаллиро танг карда, чои онро мегирифтанд.
Муносибатхои капиталисти дар баробари нохияхои марказ дар кисми зиёди каламрави аморати Бухоро низ пайдо шуданд. Хусусияти хоси муносибатхои капиталисти дар он буд, ки воридшавии сармоя ба иктисодиёти ин чо суст гузошта, муносибатхои феодали афзалияти худро дер боз нигох медоштанд.
Истисмори милли – мустамликави, ки хукумати подшохи дар Осиёи Миёна мегузаронд, пешрафти тараккиёти куввахои истехсолкунандаи кишварро боз медоштанд. Илова аз он, сиесати мустамликави мутлакити подшохи сади рохи таравдиёти сиёсию иктисодии халкдои Осиёи Миёна гардид. Дар тамоми давраи мустамликави замини точикон аз чихати сиёси пароканда буд. Уезди Хучанд ба хайати вилояти Самарканд дохил шуда, нохияхои Конибодом, Ашт ва Исфара тобеъи губернатори харбии Фарона буданд. Нохияхои Бухорои Шарки (Марказ ва Чануби Точикистони имруза) ва Помири Гарби дар хайати аморати Бухоро, Помири Шарки ба хайати вилояти Фарона дохил мешуданд.
Чунин таксимоти маъмурии сарзамини точикон ба пешрафти иктисоди, таравдиёти куввахои истехсолкунанда, худшиносии милли ва ягонагии халки точик халал мерасонд.
Дар арафаи инкилоби солхои 1905-1907 ба монанди давраи пештара иктисодиёти Осиёи Миёна ба манфиати капиталистони рус мувофикгардонда шуда буд. Капиталистони рус барои конеъ гардонидани талаботи худ ба пахта барои таравдиёти ин соха дар Осиёи Миёна ахамияти махсус медоданд. Соли 1895 чамъияти хочагии кишлок ва дар назди он комитети пахтакори ташкил дода шуд. Вазифаи ин комитет аз он иборат буд, ки майдони кишти пахта зиёд карда, сифати пахтаро бехтар кунад. Сол то сол майдони кишти пахта васеъ гардида, ба чои пахтаи навъи махали, пахтаи навъи баландхосили америкои кишт карда мешуд.
Агар соли 1884 дар Туркистон пахтаи навъи америкои дар 450 х. десятина замини кишт карда 7 х. пуд хосил дода бошад, соли 1887 ба микдори 200 х. пуд пахтаи навъи америкои истехсол карда шуд. (История таджикского народа. Кн 2.-С. 199-200).
Дар нохияхои Шимолии Точикистон истехсоли пахта асосан дар ихтиёри фирмахои «Курдин ва К» ва мануфактураи калони Ярославск буд. Фирмахо
плантатсияхои худро доштанд. Дар заминхои плантатс ияви пахтаи навъи америкои кишт карда шуда, аз мехнати кироя истифода бурда мешуд. Барои ба Россия кашонидани пахта рохи охани Закаспий ахамияти калон дошт.
Дар баробари ин, дар инкишофи хочагии кишлок ва аз чумла, пахтакори монеахои зиёд буданд. Кафомонии умумии иктисодии кишвар ба мавчуд набудани рохи наклиёт, таъмин набудани бехатарии рохдои савдои ва дигар душворихо вобаста буд. Аз сабаби набудани алокаи бевоситаи байни истехсолкунандагони пахта ва муассисахое, ки пахтаро кор мекарданд, дар байни онхо гури миёнаравон пайдо шуданд.
Фирмахои капиталисти пахтаро аз дехдонон бо ёрии агентхои хурд, тарозудорон, аробакашон бо чандин фанду фиреб мегирифтанд. Миёнаравон аз фирмахо карзи дарозмуддат гирифта, онхоро хамчун бунак дар байни дехдонон пахн мекарданд. Миёнаравон дехдононро бо хар бахона фиреб медоданд. Дар бисёр мавридхо дехдонон баъди «фурухтани» пахта чои харочоти сарфшударо пур карда наметавонистанд.
Дар баробари пахтакори дар хочагии молию пули нохияхои Шимолии Точикистон богдори ва токпарвари ахамияти аввалиндарача доштанд. Масалан, соли 1890 дар 1310 десятина замин ток парвариш карда шуда бошад, соли 1909 барои токпарвари 5436 десятина замин чудо шуда буд. Соли 1890 дар Уезди Хучанд 655 хазор пуд кишмиш истехсол карда шуд. Соли 1899 ин ракам ба 16045 хазор пуд расонда шуд. (История таджикского народа.-Т.2, кн.2.-С.203).
Дар хочагии Точикистон он давра чорводори низ мавкеи калон дошт. Дар ин чо микдори муайяни гусфандхои киргизи махинпашм ва карокули парвариш карда мешуд. Дар худи Уезди Хучанд хар сол то 20 хазор сар чорво ва чандин пуд пашм ба фуруш бароварда мешуд.
Дар нохияхои Шимолии Точикистон кирпарвари таравди карда буд. Аз нохияхои Шимолии Точикистон танхо дар соли 1908 ба Россия 13364 пуд шохи бурда шуд.
Инкишофи минбаъдаи муносибатхои молию пули ба табакахо чудо шудани дехдононро тезонид. Кисми зиёди дехдонон хонавайрон шуда, сафи мардикоронро зиёд мекарданд. Кисми дигари девдонон бой шуданд. Масалан, соли 1908 дар Уезди Хучанд 2389 хонаводаи дехдонон тамоман замин надоштанд. 1000 хонавода аз 1 то 0, 25 таноб
замин доштанд. Чунин вазъият дар нохияхои дигари
Тикистони Шимоли чой дошт.
Хамин тарик дар арафаи Инкилоби солхои 1905-1907 дар нохияхои Шимоли Точикистон дар дохили муносибатхои феодали муносибатхои капиталисти пайдо шуданд, лекин асосхои феодали бе тагйир монданд ва асосхои капиталисти мавкеи устувор гирифта натавонистанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222