Главная / Илм / ВАЗЪИ ИКТИСОДИ ДУМХУРИ ДАР СОЛХОИ 60-80-УМ

ВАЗЪИ ИКТИСОДИ ДУМХУРИ ДАР СОЛХОИ 60-80-УМ

Солхои 60-80-ум дар таърих бо унвони солхои рукут маълум мебошад. Агар аз нуктаи назари сиёси нигох кунем, нисбати Точикистон ин мафхумро кор фармудан нодуруст аст.
Дар солхои 60-80-ум барои инкишофи хочагии халки Точикистон шароити мувофик мухайё гардид. Дар солхои 60- ум дар асоси барномаи махсус барои азхудкуни ва таравдиёти нохияхои чануби дивдати махсус дода шуд.
Мавчуд будани ашёи хом, манбахои оби ва кувваи кориро ба назар гирифта, Хукумати чумхури барномаи комплексии худуди-истехсолии Точикистони Чанубиро кабул намуд.
Мувофики ин барнома ба истифода додани объектхои зерини саноати муайян шуд: ГЭС-и Норак, Бойгози, Рогун, заводи алюмини, комбинати электрохимиявии Ёвон, комбинати металлургикхии Анзоб, комбинати нурихои азотии Вахш, рохи охани Ёвон- Кургонтеппа-Тирмиз ва гайра.
Дар баробари амали гардидани барномаи комплекси худуди-истехсолии чануби дар чумхури шахрхои нав бунёд ёфтанд. Дар зарфи 20-сол зиёда аз 300 корхонахои нави саноати ба истифода дода шуданд. Дар натича дар чумхури сохахои нави саноати аз кабили металлургияи ранга, саноати химиёви, электроэнергетики ва гайра ташкил ёфтанд. Мутаасифона баъзе корхона ва сохтмонхои комплекси чануби бо сабабхои гуногун нотамом монданд.
Дар барномаи стратеги иктисоди- ичтимоии ин солхо дар чумхури чои муайянро сиесати аграри ишгол менамуд. Дар солхои 60-80-ум баззаи модди-техникии сохаи хочагии ٠؟ишлок мустахкам карда шуда, дар Мирзочулу Дилварзин, Ёвону Бешкент ва Дангара хазорхо гектар заминхои навкорам аз худ карда шуданд.
Бояд кайд кард, ки мавчуд будани захирахои маводи хоми саноати сабук ва кувваи кори талаб мекард, ки дар Точикистон корхонахое сохта шаванд, ки бо ашёи хоми махали кор кунанд. Вале макомоти рохбарии марказ дар ин икдом чорае наандешид. Корхонахои саноати сабуки Точикистон танхо 7-8 дар сади пахтаи чумхуриро кор мекарданд. Кисми зиёди корхонахои бофандаги ашёи хомро аз дигар чумхурихо мегирифтанд.
Дар чумхури барои таравдиёти сохахое диккат дода мешуд, ки бо тези харочоти худро пушонида метавонистанд. Масалан, барои сохтмони баркгохи Норак кариб 700 млн.сум сарф шуд. Ин харочот дар давоми 3-4 сол бароварда шуда, баъдтар истгох соле то 800 млн сум дамромади соф медод.
Мохи майи соли 1982 барномаи озукавории мамлакат кабул гардид. Дар асоси ин барнома дар Точикистон бунёди комплексхои агросаноати ба накша гирифта шуданд. Мувофики он азхудкунии заминхои нав (водии Бешкент, дашти Ашт), бунёди иттиходияи агросаноатии Ховалинг, сохтмони туннели обёрикунии Данара дар назар дошта буданд.
Табиати Точикистон барои таравдиёти тамоми намудхои хочагии кишлок мусоидат менамуд. Лекин чумхури ба яке аз базахои мухими истехсоли пахта табдил ёфт. Вай аз руи хосилноки ва истехсоли пахтаи махинах дар ИЧШС чои аввалро ишгол мекард. Соли 1980 истехсоли пахта хеле зиёд шуда, ба 1 млн тонна расид. Дар бисёр нохияхои чумхури барои таракки додани богдори захираю имкониятхои зиёд мавчуд буданд, лекин онхо истифода бурда нашуданд.
Сохаи кишоварзии Точикистонро ба пахтакори табдил дода, ба сохахои дигари он диккат дода намешуд. Дар чумхури ба галлакори, (ки заминхои зиёди лалми дорад) ва богдори дивдати зарури дода намешуд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222