Хамаи он дигаргунихое, ки дар Туркистон ба амал омада буданд ба хаёти сиёсии Бухоро бетаъсир намонданд. Давлати амири бо тамоми истибдоди асримиёнагиаш боки монд. Амир аз тамоми вокеъахои ичтимоии асри ХХ ба ягон хулосае наомад.
Баъд аз «ислохоти» амири Бухоро Олимхон (7 апрели соли 1917) кисме аз аъзоёни фиркаи чавонбухориён ноумед шуда аз мамлакат фирор намуданд. Баъди тахлили вазъи сиёси тирамохи соли 1917 дар макомоти рохбарикунанда ва сохтори созмони чавонбухориён тагирот ба амал омад. Мувофики барномаи навтаъсис масъалахои сиёси, иктисоди, ичтимои ва фарханги ба таври муфассал баён карда шудаанд. Ба вучуди ин дар барнома зарурияти сарнагун кардани амир ба миён гузошта нашуд. Аз чумла дар барнома нишон дода шуда буд:
⦁ озод намудани галакорон аз супоридани кафсан (андоз ба фонди муллохо), аз молиёт;
⦁ тармим намудани мактабхои дини, дуняви ва масчидхо аз хисоби заминхои вакф;
⦁ ба хизмати харби чалб кардани тамоми сокинони Бухоро, ки 22-сола шудаанд;
⦁ ба ихтиёри Вазорати молияи навтаъсис гузоштани хамаи андозхое, ки аз заминхои мавриди истифода ба даст меоянд;
⦁ таъсис макомоти олии казои «истиноф» ва Вазорати адлия. Ашхосе, ки ба карори козихонахо рози нестанд, ба
«истиноф» аризаи шикояти диханд;
⦁ аз нав бунёд намудани роххои охан ва роххои мошингард;
⦁ бо ичозати амир таъин намудани раиси шурои вазирон;
⦁ таъсисёбии макомоти махсуси назорати (аз 10- нафар хукукшинос ва 10-нафар намояндаи ахоли. (Инкилоби Бухоро //Садои Шарк.- 1990.-№ 9.- С. 98-99).
Баъдтар доираи муайяни чавонбухориён масъалаи шуриши мусаллахонаро ба миён гузоштанд. Ин гурух (тарафдорони шуриши мусаллахона Н.Д.) баъди галабаи инкилоби октябр дар Туркистон, дар Тошканд кумитаи низоми ташкил карда, хукумати Шуравии Туркистонро бовар кунониданд, ки дар Бухоро шуриши оммави тайёр шудааст. Дар шуриш якбора 30-хазор кас метавонад ширкат кунад.
Раиси Шурои комиссарони Туркистон Ф.Колесов бе хеч андеша ба ин игвои чавонбухориён бовар карда, 28-феврали соли 1918 бо як дастаи 500-600 нафари аскарони сурх ба Бухоро харакат кард.
Колесов ба Бухорои нав (Когон) омада ба амир Сайд Олимхон бо чунин матн ултиматум фиристад: дар Бухоро озодихои матбуот, озодии сухан ва чамъомадхо эълон карда шаванд; чазодихи умуми ва катли ом бекор карда шаванд; микдори андозхо аз ахоли кам карда шавад. Аз хайати чавонбухориён кумитаи ичроия таъсис дода шуда, аз болои фаъолияти хукумат назорат кардан ичозат дода шавад. Амир аз ичрои ин талабхо даст кашид ва Колесов бо дастаи худ ба Бухоро хучум кард. Бо даъвати амир ба мукобили дастаи Колесов ба чанги «мукаддас» баромаданд. Колесов бошад дар Бухоро ягон дастгири пайдо накард ва мачбур шуд, ки ба тарафи Самарканд акибнишини кунад. Ба ёрии дастаи Колесов куввахои иловаги фиристонда шуданд ва 17-март ба сарбозони амир шикаст дода шуд.
25-марти соли 1918 дар Кизилтепа байни хукумати Туркистон ва амири Бухоро созишнома ба имзо расид. Мувофики он амир ваъда дод, ки лашкарашро беярок менамояд, афсарони русро, ки дар артиши амири хизмат мекунад ба ихтиёри Хукумати Туркистон месупоранд; рохдои охани вайрон кардашудаи Когон-Кизилтеппаро баркарор мекунад; Минбаъд бехатарии рохдои охан телеграф ва мухобираро (почтаро) таъмин мекунад.
Юриши Колесов ба Бухоро, ки хатогии большевикони Туркистон буда натичахои вазнин дод. Ин камбудии хукумати Туркистон аз тарафи марказ (Москва) ба зери танкид гирифта шуд. Ин амалиёт бе баназардошти вазъияти сиёсии Бухоро, бо рохи зури бор кардани инкилоб ба мардуми аморат буд. Дар ин бора худи Колесов чунин гуфта буд: «Мо хаки халкдоро дар таъмини сарнавишти хеш химоят карда, чунин мешуморем, ки акоиди чавон бухориёнро аксари халки Бухоро тарафдори менамояд. Вазъи сурат гирифтаи чанг нишон медихад, ки мо дар ин кор хато карда ба игвои чавонбухориён дода шудем».
Хучуми бебарори Колесов боиси он гашт, ки амир Олимхон ба дастгирии куввахои иртичои кисме аз рухониён ба мукобили хамаи рушанфикрони мамлакат таъкибу катлро сар кунад. Садхо нафар кушта ва хазорхо нафар ба зиндон партофта шуданд. Чунин маълумот аст, ки танхо дар як шабонаруз чаллодони амир 450- нафаро куштанд. Аз тарафи дигар ин амалиёти Колесов раванди инкилобиро дар Бухоро боз дошта, нисбати сиёсати давлати шурави дар байни мардум норозигиро барангехт.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …