Ташкилёбии чумхурии мухтор ва шуравии Точикистон бо кушиш ва муборизаи бевоситаи Ш.Шохтемур тамали гардиданд. Ш.Шохтемур дар байни ходимони хизби ва давлатии он вактаи точик ягона шахсе буд, ки хамчун точики асил то нафаси охирини хаёт ба мукобили пантуркизм ва панисломизми турк, миллатчиёну шовинистон ва сиёсатмадорони калаванда муборизаи беамон мебурд.
Гузоришномаи Ш.Шохтемур ба номи И.Сталин, ки аз манфиатхои миллии халки точик дифоъ мекард ва харгиз гузориши зидди миллати узбек набуд. Ин номаест, ки дар он намояндаи миллат аз кормандони алохидаи ташкилотхои хизбии Узбекистон, ки нисбати миллати точик сиёсати шовининистонаро пеш гирифта буданд, дарди дилашро ошкор намуд. Мактуби Ш.Шотемур бенатича намонд. Он барои ба хайати Точикистон даровардани бисёр мавзеъхои точикнишин кумак расонд. Хизматхои арзандаи ду фарзанди номбардори точик Н.Махсум ва Ш.Шотемурро дар таърихи халки точик ба инобат гирифта шуда, бо фармони Президенти Чумхурии Точикистон ба онхо номи «Кахрамони Точикистон» дода шуд.
Мутаасифона, дар ин солхо дар кори «фош» намудани «душманони халк» дустон ва рафикони хамкор бевосита ширкат доштанд. Онхо бехабар аз он буданд, ки фардо худи онхо курбони ин дасисахо хоханд шуд. Раиси Шурои вазирон (нозирони) халкии чумхури А.Рахимбоев, ки ба чои А.Хочибоев таъин шуда буд, дар хаки А.Мухиддинов чунин гуфта буд: «Ба хамаи шумо шахсияти Мухиддинов… маълум аст. Дар масъалаи дигар кардани номи Душанбе ба Сталинобод. Мухиддинов дар сухбат бо хамкорони худ дар бораи иваз кардани номи Душанбе ба Сталинобод фикри мухталиф дошта ва далел овардаст, ки Рафик Сталин барои Шарк номафхум аст.
Ин акидаи у чунин маъно дорад, ки рафик Сталин байраки коммунизм, сарвари партияи пролетариати чахон барои Шарк кобили кабул нест». (Масов Р., Султонов Ш. Чонбахши адолат ва армони халк //Дарси хештаншиноси.- дафтари 2.-Душанбе, 1991.- С.63).
Дар чумхури хар кас дар барои хамсоя ва рафик ба ОГПУ чосуси мекард.
Баробари аз байн бурдани як зумра рохбарони чумхури маъракаи таъкибу чазодихи ба табакаи зиёиёни эчодкор сар шуд. Ба мукобили устод С.Айни, Ч.Икроми, Х.Карим, Г.Абдулло, Зехни, Фитрат ва дигарон тухмат бофта, онхоро хабсу истинток мекарданд. Кисми зиёди онхо бо карори сегонаи шуъбаи идораи давлатии сиёси (ОГПУ) парронда шуданд. Агар як як нафар аъзои оила айбдор мешуд, тамоми аъзоёни дигари оила низ гунахкор хисобида мешуданд.
Дар баробари зиёиён дар ин солхо бар зидди ходимони дини Точикистон маъракаи васеи такибот амали мекард. Хонахои онхо кофтуков карда тамоми китобхоро мусодира намуда оташ мезаданд. Масчидхо баста шуда вайрон карда мешуданд. Соли 1925 дар Точикистон созмони махсуси «Бехудоён» ташкил ёфта то соли 1928 зиёда аз хазор ячейкахои ин ташкилот амал мекард. Вазифаи асосии онхо аз байн бурдани дин буд.
Ин холат дар мамлакат тарсу вахмро ба вучуд овард. Дар хама чо чосусони органхои чазодиханда амал мекарданд. Бо андак сухани бечо шахс метавонист, ки ба чазои сахттарин гирифтор шавад.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …