Главная / Илм / ВОЗЕХ

ВОЗЕХ

Кори Рахматуллои Возех соли 1818 дар Бухоро дар оилаи муллои камбагал таваллуд шудааст. Баъди маълумоти ибтидои Возех чанд сол дар мактаби кориги (аз ёд кардани Куръон) тахсил карда, дар зарфи чанд сол ин илмро ба хуби аз худ мекунад.
Лакаби «Кори», ки пеш аз номи вай омадааст, бо хамин сабаб ба вай дода шудааст.
Возех баъди хатми мактаб бо ин рутбаи «Кори» каноат накард. Зеро дар маросиму маракахо Куръон хондан, ба Возех нафорид ва аз ин сабаб ин корро тарк намуда, барои давом додани тахсил ба мадраса дохил шуд.
Солхои тахсил дар мадараса падари Возех вафот мекунаду ахволи зиндагии у боз хам вазнинтар мешавад. Бо вучуди он, шоир аз хондан даст намекашад. Возех аз кудаки хатти зебо дошт. Дар он замон хушнависон асархои шоиру нависандагони гузашта ва муосири худро дар чилдхои мухаллову мутало (зархалу зардор) менавиштанд ва дустдорони шеъру адаб ин китобхоро бо пули накд мехариданд. Хушнависон аз хисоби ин пули накд зиндаги менамуданд.
Возех дар солхои тахсили мадраса барои таъмини зиндагии худ ва оилаи бепарастор мондааш ба хаттоти (яъне рубардор намудани китобу рисолахо) машгул шуд ва ин касб то охири умраш як манбаи даромади рузгори вай гардид.
Возех дар вакти тахсил факат бо омухтани илмхои динии он замон, каноат накарда, ба худомузии илмхои табии, таърих ва адабиёт машгул мешавад.
Тахминан дар солхои 1845-46 Возех мадрасаро хатм мекунад. Аммо он илму донише, ки кариб дар зарфи бист сол хосил карда буд, ба вай хеч манфиате набахшид. Вай дарачаи мударриси (яъне дар мадрасахо дарс додан) дошт, аммо уро дар ягон мадраса ва идораи давлати ба кор кабул накарданд.
Ба хамин тарика, Возех дар як вазъияти сахти зиндаги монд. Дар ин вазъияти танг боз хамон хунари хушнависи ба кор омад: вай китобу рисолахоро барои одамони пулдор китобат мекарду ба хамин даромад умр ба сар мебурд.
Дар аввалхои солхои панчохум Возех ба воситаи шахсе, ба Кармина омада, ба хидмати Музаффар, писари амири он вакта Насрулло дохил мешавад. Вазифаи Возех хамеша дар сухбати амирзода хозир будан ва барои у шеър навиштан буд. Ин хидмат барои Возех мушкил бошад хам, аз тарси хашму газаби амирзода вай чанд муддат онро ба зима гирифт. Аммо дар сухбати як амирзодаи бесаводу чохил нишастан ва уро мадху ситоиш кардан барои Возех хеле гарон ва азоби рухие буд. Вай дар ин зиндони маънави бисёр токат карда натавониста, соли 1858 ба як бахонае хизмати амирзодаро тарк карда, ба Бухоро баргашт.
Ин густохии Возех амирзода Музафарро хеле хашмгин кард. Музаффар баъди вафоти падараш Насрулло соли 1860 ба тахт нишаст, аз руи кинаву адовати пештара аз Возех интиком гирифтанро сар кард. Аввал рафтани Возехро ба мадраса, мирзохонахои козиёну муфтиён манъ кард. Ин муносибати амир Музаффарро дида бисёр шахсон бо Возех рафту омад намекарданд. Худи Возех ба пеши дустонаш, (аз тарси он ки ба онхо ягон гапе нарасад), пинхони мерафт. Ин таъкиботи амир ба Возех то андозае хатари чон дошт. Бинобар ин Возех ба машварати дустонаш барои аз азаби аблахонаи амир халос шудан аз руи зарурат шеъре навишта дар он, аз «гуноху хатохои» худ тавба мекунад:
Ба хаки тавбаи Одам, ба хаки тавбаи Нух, Ки кардам зи хатохои худ хамон тавба, Хамеша рохи ризоят надида намеравам, В-аз он ки нест кабулат, кунам аз он тавба.
Гайр аз ин, Возех, ба амир Музаффар баъзе касидаву газалхо низ мефиристод. Ин икдоми шоир харчанд уро ба мархаматию илтифоти амир наздик накарда бошад хам, аммо аз таъкибот халос кард. Шоир имконият пайдо кард, ки дар зарфи чандин сол дар бораи шоирону нависандагони муосир маълумот чамъ намуда, китобе таълиф кунад.
Вай дар охири солхои шастум ин асарро ба охир расонда, онро «Тухфат-ул-ахбоб фи тазкират – ул – асхоб» (Тухфаи дустон аз зикри ёрон) номид. Дар ин асар тарчумаи хол ва намунаи ашъори бештар аз 145 шоиру нависандагоне, ки дар Бухорою Самарканд, Хучанд ва дигар марказхои адабии Осиёи Миёна зиндаги мекардааст. Чанде аз шоирони Эрону Афгонистон низ ба ин тазкира дохил гардидааст. Пас аз тазкираи Малехо, ки аз таълифи он зиёда аз дусад сол гузашта буд, Возех таърихи адабиёти точикро аз нав зинда кард.
Возех айр аз таълифи тазкира ва чанд рисолаи илми, ба сурудани азалу касида низ машгул буд.
Мазмуни бисёр азалхои Возех аз яъсу навмеди ва шикоят аз бевафоии давру «абнои» рузгор иборат аст. Аз ин ру хулоса менамоем, ки рузгори шоир хеле сангин будааст.
Соли 1885 амир Абдулахад ба тахт менишинад. Аз ин вокеа соле нагузашта, (бахорони соли 1886) Возех ба зиёрати шахрхои мукаддаси Арабистон- Маккаву Мадина мебарояд. Шоир дар аснои сафар бо хаёт ва шароити зиндагонии мамлакатхои гуногун шинос мегардад. Ин сафари Возех кариб як сол тул кашид. Возех дар тули сафар бисёр шахрхои саноативу мадании чахонро мебинад ва бо корхонахои саноати, осори илмию мадании халкдои гуногун шинос мешавад.
Возех пас аз бозгашт ба Бухоро мехост, ки хамдиёронашро аз вокеахои ибратангези сафари хеш вокиф намояд. Вай бовари дошт, ки сафарномааш мисли хикхои Ахмади Дониш мардуми афлатзадаи Бухороро ба суи илму маърифат мекашад. Шоир дар як муддати кутох, ин асарашро навишта, соли 1887 онро ба охир мерасонад. Возех аз руи мазмуну мундарича ба ин асар ду ном гузошта буд. Яке «Сановех-масолик ва фаросих – ул – мамолик», яъне «Вокеахои рох ва масофахои байни мамлакатхо», дигаре «Гароиб-ул-хабар фи ачиб –с – сафар», яъне «Хикоятхои ариб аз ачоиботи сафар». Чунон ки мебинем, максади Возех аз ин китоб на тавсифи зиёрати Маккаву Мадина, балки шинос намудани мардуми Бухоро бо хаёту зиндагии кишвархои таравдикардаи дунё мебошад.
Возех барои он ки асараш аз тарафи хаводорони хушомадгуи амир ба таъкиб дучор нашавад, дар муккадимаи он амир Абдулахадро таъриф карда, асарашро ба вай бахшид. Аммо амир ва дарбориён диданд, ки максади шоир аз таълифи ин аср ба амир хушомад гуфтан нест, балки дар байни халк пасмондагонию чахолати хукуматро фош кардан аст. Асари Возех дар байни ахли пешкадами илму адаб зуд шухрат пайдо кард ва шахсони закиву фаросатманд максади муаллиф пай бурданд.
Ин холат нафрат ва адовати амир ва атрофиёни уро нисбат ба Возех аз нав барангезонид. Возехро ба «ношукри» нисбат ба амир «куфру кофири» ва айбхои дигар мутаххам мекарданд. Вазъи зиндагии нависанда боз хам бадтар гардид. Аз эхтимол дур нест, ки бисёр шеърхои шикоятомези шоир дар хамин солхо навишта шуда бошанд. Чунончи, у дар яке аз шеърхояш менависад:
Ман ки аз ташвиши даврон хотирам зери гам аст, Рузи идам дар назар монанди шоми мотам аст.
Карда гамхои чахон чо дар дили ношоди ман,
Лочарам чуз ман ба олам хар ки бини, хуррам аст,
Аз камбагалию муфлиси ва душворихои зиндаги Возех то пиронсоли хонадор шуда натавонист. Ва дар аёми пири хонадор шуда, сохиби чанд фарзанд гардид. Возех дар муфлиси соли 1893 дар Бухоро вафот кард.
Возех нависанда ва шоири пурмахсули замони худ буд. Вай ба забонхои точики, араби ва узбеки шеър гуфтааст. Чунонки муосиронаш менависанд, у бо се забон девони ашъораш хам тартиб дода будааст. Аммо холо хеч яке ин девонхо ба мо дастрас нагардиданд. Шеърхои точикии у дар бисёр баёзхову тазкирахо ва мачмуахои дигар сабт гардидаанд, ки шумораи умумии онхо такрибан 2000 байтро ташкил медиханд. Мавзуи асосии азалиёт ва шеърхои лирики шоир, аз охангхои эътирози нисбат ба беадолатихои сохти чамъиятии он давр, тараннуми ишк ва зиндагии токатфарсои хеш иборат аст. Мероси лирикии Возех дар назми он давра аз чихати ояхои пешкадам ва содагии забону услуб макоми шоистае дорад.
Аммо ояхои пешкадами ичтимои ва афкори
маорифпарварии Возех дар «Сановех – ул – масолик» тачассуум ёфтаанд. Ин асар киммати махсуси таърихи дошта, яке аз бехтарин дурдонахои илмию адабии он давра башумор меравад.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222