Главная / Илм / Вафоти Имом Ахмад ибни Ханбал

Вафоти Имом Ахмад ибни Ханбал

Солех писари Имом Ахмад мегуяд: «Падарам дар аввали мохи Рабеъул-аввали соли 241-уми хичрии камари мариз шуданд. Дар рузи чахоршанбе дувуми Рабеъул-аввал ба аёдати падарам рафтам, дар холе ки заиф шуда буд ва нафасхои баланд мекашид, пурсидам: «Эй падар, пешин чи хурдаи?». Гуфтанд: «Оби бокило». Сипас Солех издихоми чамъият аз бузургон ва умуми мардумро, ки барои аёдати Имом омада буданд, баён мекунад.
Ибни Касир мегуяд: «Бехтарин кори Имом Ахмад дар охири умраш ин буд, ки хонаводааш ишора карданд, то уро вузу диханд ва у дар аснои вузу ба зикри Худованд машгул буд. Пас аз итмоми вузу вафот ёфтанд. У ду соат баъд аз бомдоди рузи чумъа вафот ёфт ва мардум дар хиёбонхо чамъ шуданд. Дар ташйеъи чанозааш афроди зиёде чамъ шуданд, ки теъдоди онхоро факат Худо медонад ва амири вакт Мухаммад ибни Абдуллох ибни Тохир бар у намоз гузорид. Байхаки ва дигарон накл мекунанд, ки Мухаммад ибни Абдуллох ибни Тохир дастур дод, то чамъияти ширкаткунандаро бишуморанд, теъдоди онхо як миллиону сесад нафар ё бештар будааст ва Худованд донотар аст.
Абдулваххоби Варрок мегуяд: «То кунун, чи кабл аз Ислом ва чи баъд аз Ислом собика надорад, ки чамъияте ба ин афзуни, ки дар ташйеъи чанозаи Ахмад ибни Ханбал чамъ шуданд, дар ташйеъи чанозаи дигаре низ чамъ шуда бошанд».
Ибни Касир аз Доракутни, аз Абдуллох ибни Ахмад накл мекунад, ки падарам мегуфт: «Ба ахли бидъат бигуед, ваъдаи байни мо ва шумо чанозахои мост, ки хохем дид чигуна ташйеъ хохад шуд».
Худованд хам ин сухани Имом Ахмадро ба мархилаи амал расонид, ки дар ташйеъи чанозааш он чамъияти азим чамъ шуданд ва ногуфта намонад, ки Имом Ахмад имоми ахли суннат дар замони худ буданд.
Рахмату ризвони Худованд бар Имом Ахмад бод ва ба хотири захматхое, ки барои Ислому мусулмонон кашиданд, Худованд уро чазои хайр дихад.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222