Главная / Илм / Вазъияти иктисоди – ичтимоии нохияхои Чануби Шарки ва Марказии Тикистон то истилои Аморати Бухоро. Таърихи сиёси. Чойгиршавии халки точик.

Вазъияти иктисоди – ичтимоии нохияхои Чануби Шарки ва Марказии Тикистон то истилои Аморати Бухоро. Таърихи сиёси. Чойгиршавии халки точик.

Дар охири асри XVIII ибтидои асри XIX хамоно дар таърихи халки точик парокандагии сиёси давом мекард. Халки точик дар байни давлатхои феодалии Осиёи Миёна ва Афонистон таксим шуда, дар холати чудои ва парокандагии сиёси хаёти дахшатангез аз сар мегузаронд.
Точикон дар Афнистон кисми асосии ахолиро ташкил дода, дар Кобул, Чалолобод, Кухисон, Панчшер, Ничру, Кунгра, Хост ва дигар шахрувилоятхо зиндагй мекарданд.
Дар давлатхои феодалии Осиёи Миёна (хонигарихои Бухоро ва Куканд) точикон ахолии асосии шахрхо ва вилоятхоро ташкил медоданд, дар музофотхои кухии хонигарихо танхо точин истикомат мекарданд.
Парокандагии сиёси феодали, ки дар таърихи халки точик аз озири асри Х , аз давраи парокада шудани давлати Сомониён сар шуд, дар нимаи дуюми асри XVIII боз хам вусъат ёфт. Маммадрахимби кушиши менамуд, ки Хисор, Кубодиён, Панчакент ва Уротеппаро ба зери тасарруфи худ дарорад. Дар давраи салтани амир Шохмурод ( ибтидом асри XIX ) низ чунин кушиш карда шуд. Вилоятхои Хучанд ва Уротеппа мувакатан ба каламрави Бухоро дохил шуда, дар давраи минбаъда майдони муборизаи байни Бухоро ва Куканд гардиданд.
Вакте, ки мангитиён дар талоши хокимият ба муборизахои дохили банд буданд, шохи афон Ахмадшох (1747 – 1773) дар нимаи асри XVIII (1750 – 1752) Балх, Адхой, Маймана, Ахча, Шибирхон, Кундузро, ки аксарияти ахолии ин вилоятхо точикон буданд ба тасарруфи худ даровард. Баъдтар Бадахшон хам тар тахти нуфузи сиёсии Афонистон карор гирифт. Даро асри XIX кисми зиёди заминхои сохилхои чапи дарёи Аму вокеъ гардида, ки точикон дар ин минтаха бартарият доштанд ба хайати давлати Афгонистон дохил гардид.
Барои нохияхои Шимолии Точикистони имруза дар охири асри XVIII ва асри XIX дар байни Куканд ва Бухоро чангхои тулони мерафтанд. Дар нимаи асри XIX районхои Конибодом, Исфара ва Ашт дар тасарруфи Куканд муборизаи шадид мебурданд. Танхо дар муддати 50 – 60 сол Уротеппа зиёда аз 40 дафъа тохтутози амирону хонхоро аз сар гузаронида, 23 маротиба хокимонаш иваз шуданд.
Дар нимаи аввали асри XIX нохияхои маркази, чануби ва Шаркии Точикистони хозира мулкхои мустакил буда, аз тарафи хокимони чудогонаи феодали идора карда мешуданд. Вилоятхои саргахи дарёи Аму аз хокимияти Бухоро руй гардонида, ба хокимигарихои мусткил Рушон, Шугнон ва Вахон таксим шуда буданд. Бадахшон мустакил буда, мулкхои феодалии Каротегину Дарвоз дар зери итоати мири Дарвоз мутахид шуданд. Хисору Кулоб низ мустакил буданд, аммо дар охири нимаи якуми асри XIX муносибатхои байни онхо тезу тунд гардид.
Аз солхои 60 уми асри XIX парокандагии сиёсии халки точик дар натичаи истилои Россияи подшохи дар Осиёи Миёна боз хам пуркувваттар гардид.
Дар нохияхои точикнишин дар баробари халки точик боз бисёр авлоду кабилахои туркзабон зиндаги мекарданд. Аз сари XVIII сар карда дар нохияхои маркази ва чанубии Точикистон кабилахои турк, кунгурот, юз, марка, барлос, карлук, лакай, Катаони узбек баъди точикон аз чихати шумораи ахолии чои дуюмро мегирифтанд. Дар Каротегин, Хисор ва Помири Шарки баъзе аз кабилахои киргиз сукунат доштанд. Дар водии Вахт дар нимаи асри XVIII аз Чорчуй бодиянишинони туркман кучида омаданд. Дар хар ду хонигарии забони точики забони давлати буд. Тамоми коргузори ба забони точики ичро карда мешуд.
Хони охирини Чониён Абдулфайзхон аз сабаби айшу тараби бепоён машгул шуданаш аз ухдаи идоракунии давлат баромада натавонист. Ин буд , ки кори давлат ру ба инкироз ниход хар касс тамъаи сардори, хар фард арази рохбари дошт.
Дар чунин вазъияти бесарусомон тохтутози ачнабиён ба мулкхои Мовароуннахр сар шуд. Масалан: бодиянишинон дар зарфи солхои 1723 – 1730 водии Зарафшонро ба
харобазор табдил доданд. Шохи Эрон Нодиршохи Афшор дар соли 1740 аз рохи Балх ва Чорчуй ба Мовароуннахр дохил шуд.
Дар чунин вазъият табакаи ашрофи кабилаи мангит имтиёзи зиёд пайдо карда, хокимияти хониро торафт бештар ба эътибор намегирифт. Нодиршох аз ин ваэъият мохирона истифода бурда, барои пурзурии худ шароит мухайё намуд. Дар ин кор асосгузорони давлати ояндаи мангитиёни Бухоро – Мухаммадхаким атолик ва писараш Мухаммадрахим ба Нодиршох кумак мерасонданд. Мухаммадхаким, ки аз тарафи хони Чониён Абдулфайзхон барои гуфтушунид ба назди Нодиршох фиристода шуда буд, пас аз боз гашт бо ёрии у хукмрони Бухоро таъин гашт.
Пас аз вафоти Мухаммадхакимбии атолик писари у Мухаммадрахимби ба кушуни пуркувват такя карда, исёни амирони мухолифро бартараф намуд ва дар дарбор мавкеи худро мустахкам намуд. Бохамин барои иваз шудани сулолаи хоким шароити мусоид фарохам расиб.
Мангитиёни Бухоро аз давраи авали салтанати худ запт намудани вилоятхои Маркази ва Чанубу Шаркии Точикистони имрузаро максади асоси карор доданд. Нихоят бо кумаки Руссияи подшохи дар охири асри XIX ба максад ноил гаштанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222