Вазъи иктисоди ва ичтимоии мардуми Осиёи Миёна дар давоми асри XIX умуман пеш аз хамрохшавии осиёи Миёна ба Руссия хело мураккаб буд. Хусусан мушкилоти иктисоди дар нохияхои дурдасти аморати Бухоро, яъне нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон мушохида мешуд. То давраи ба Аморат хамрохшудани ин нохияхо ва ба Руссия хамрох шудани осиёи Миёна дар ин минтака ягон давлати ягонаи мутамарказ вучуд надошт. Дар Осиёи Миёна монанди асрхои пеш якчанд давлатхои феодали вучуд дошт, аз кабилаи хонигарии Бухоро, хонигарии Хева ва хонигарии Куканд. Ба гайр аз ин хонигарихо боз якчанд бекигари вучуд дошт, ки дар байни онхо доимо чангхои байнихамдигари мерафт.
Дар кисми марказии Точикистон, бекигарихои Кулоб, Хисор, Дарвоз ва Каротегин вучуд доштанд, ки гохо ба Бухоро ва гохо ба Куканд тобеъ гардонида мешуданд. Аз руи ин нишододи муаррихон, «на давлатхои дуруст, на хокимиятхои мустахкам ва на худуду сархад доштанд. Онхо дар хар холат тагир меёфтанд. Гохо худуди онхо васеъ мешуд ва онхо гохо доираи онхо махдуд мегардид.Дур будан аз роххои байналхалки ин нохияхоро аз нестшави нигох медошт.»
Дар ин минтака ба монанди дигар чамъиятхои феодали хокимият ба манфиати рухонихо ва феодалон хизмат мекард. Замин бошад бар худи хокиму феодалон ва рухониён таалук дошт. Дар ин чойхо дар авали асри XYIII ва то нимаи дуюми асри XIX нишонахои чамъияти то феодали ва хатто нишонахои обшинаи ибтидои мушохида мешуд.
Дар минтакае, ки точикону узбекон бо хам мезистанд муносибатхои феодали хукмрон буд, аммо дар баъзеи дигар минтакахо бошад нишонахои муносибатхои авлодии патриархали, хусусан дар нохияхои кухистонии Кулобу Гарм боки монда буданд. Кисми зиёди заминхо дар тахти назорати рухониёни мусулмонон, ки онхоро «заминхои вакфи» меномиданд, буданд.
Кисми зиёди ахолии бо заминдори, чорводори ва хунарманди машгул буд. Дар давоми асри XIX олоти асосии коркарди замин омоч ва кедман буд. Бо ёрии ин олотхои сода ва кафомондаи дехконон заминро кишт мекарданд. Дар
вакти кишту кор ва дигар корхои хочагидории аз аспу барзагов истифода мебурданд. Дар заминхои кухистон ва заминхои кухдоман заминро бо даст кор мекарданд. Аз хама олоти одди, хатто ДОС он кадар маълум набуд. Дар хирманхо баъд аз он ки галларо медаравиданд онро оварда ба воситаи барзаговхо, ки аз пасашон чапар баста шуда буд, мекуфтанд.
Дар замин асосан дехдонони чоряккор ва мардикор кор мекарданд. Аз чор се хиссаи хосилро баъзе вакт аз хам зиёдашро рухониён ва феодалон сохиб мешуданд. Дар ин бекигарихо заминхои оби нисбат ба заминхои лалми хело кам буданд ва хамаи заминхои оби дар дасти заминдорон ва рухониёни мусулмон буданд.
Девдононе, ки дар заминхои айлоки ва вакфи кор мекарданд аз руи зиндагии худ ба дехдонони крепостнои монанд буданд. Барои истифода бурдан аз замин бо тарзхои гуногун аз онхо андозхо ситонида мешуд. Дар нохияхои кухистони Точикистон асосани Каротегину Хисор шакли ба тарики ичора коркарди замин пахн гардида буд. Дар нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон андозхои гуногун вучуд дошт, ки кариб шумораи онхо ба 50 – то мерасид. Андоз аз ахолии махали, савдогарон ва хунармандони руёнида мешуд. Ахоли андозро аз хосил, хайвони кори, бог ва хавли медод.
Ба айр аз андоз боз як катор корхои бепул вучуд доштанд, ки мардум кор карда музд немегирифтанд. Ба ин корхо асосан сохтани масчидхо, калъахо, рохдо, купрукхо ва сохтани обанборю кандани каналхо дохил мешуд.
Дар нохияхои марказии Точикистон феодалон вучуд доштанд, ки 100 десятин ва аз ин хам зиёд замин доштанд.
Гайр аз замин чуйхо, табакаи хукмрон дар зери дасти худ рамахои зиёди чорво нигох, медошт.
Аз сабаби кам будани замин дехдонон мачбур буданд, ки заминхоро ба таври «шарикона» киштукор намоянд ва хама супоришоти сохиби заминро бегуфтугу ичро намоянд. Ба тарзи «шарикона» кор кардан дар замнхо аз он сабаб буд, ки хамаи дехдонон сохиби чуфти гов буданд. Аксарияти дехдонон олоти кишоварзи хам надоштанд. Хиссаи замини «шарикона»дар байни ширкаткунандагони он аз руи сахми моли таксим карда мешуд. Дар натичаи узви бенавотари он, ки араки чабин рехта кор мекард, кути лоямутеро сохиб мегардид.
Дар катори дехдонони безамин мардикорон хам буданд, ки мавриди истисмори сахт карор гирифта буданд ва музди ночизе ба даст меоварданд. Дехдонон бисёр андозхои иловаги низ мепардохтанд. Монанди «миробона» ( барои обери замин), «алафпули» (барои юнучказор), «кушпули» (барои сари чорво, аз кабили асп, хар, барзагов) ва гайра вучуд доштанд. Дар мулкхои кухистони Бухорои Шарки ахолиро мачбур месохтанд, ки барои хокимон ва амалдорон хезум тайёр намоянд. Дар бораи хайати ахолии Бухорои Шарки маълумоти аник нест. Вале аз руи нишондодхои сарчашмахо ахолии Бухорои Шаркиро асосан точин ташкил медоданд. Ба нохияхое, ки асоси ахолишонро точикон ташкил медоданд кисмати чанубии Хисор ( дарахои Ширкент, Каратог, Хонако, Лучоб, Варзоб, Семиганч), Файзобод,
Дашти Бедона, районхои Кулоб, Каротегин ва Дарвоз дохил мешуданд.
Чои дуюмро аз чихати ахолии узбекон мегирифтанд, ки аз кабилахои гуногун иборат буданд. Асосан онхо дар Хисор, Ёвон, Кулоб, Вахш ва бишкент зиндаги мекарданд. Дар Хисор юзхо, маркахо, барлосхо, туркхо, дар Ёвон ва Кулоб – калми лакайхо дар Вахш ва Кофарнихон узбекхои катаганихо зиндаги мекарданд.
Гайр аз ин узбекон ва точин дар Бухорои Шарки боз кирихо зиндаги мекарданд. Асосан онхо дар Хисор ва каротегин зиндаги мекарданд.
Хамин тарик дар як катор нохияхои маркази ва чанубии Точикистони имруза точикон бо хамрохии узбекон мезистанд, дар Каротегин ва Хисор бошад бо хамрохии киргизхо.
Аз чихати маъмури бошад Бухорои Шарки ба вилоятхо таксим мешуд. Вилоятхо дар навбати худ ба туманхо, яъне ба амлокдорихо таксим мешуданд. Амлокдорихо бошад ба мири хазора таксим мешуданд, ки аз якчанд кишлокхо иборат буданд. Дар сари амлокдори арбобхо меистоданд.
Дар нимаи авали асри XIX сарзамини пахновар аз Шахрисабз то Помир ба хокимияти марказии хонигарихо суст алокаманд буд. Хар яке аз ин хокимиятхои феодали аз чумла Хисор, Кулоб ва Каротегину Дарвоз хокими худро доштанд, ки онхо вилоятхоро мустакилона идора мекарданд. Ин хокимони феодали то унвони фахрии атоликро сохиб мешуданду халос. Албатта бо рухсатии Хонхо.
Дар сари хокимияти феодалии Хисор хоким меистод. Дар Каротегину Дарвоз бошад шох. Дар хамаи ин хокимиятхо дафтари молия вучуд дошт, ки онро амалдоре бо унвони девонбеги идора мекард. Боз амали дигар аз кабили Мирзо – котиби шахсии хоким ё ин ки шох вучуд доштанд.
Дар назди шохи Каротегин маслихатчихо вучуд доштанд, ки шох онхоро аз арбобони наздики худ интихоб менамуд.Дар миёнаи асри XIX дар Каротегин кариб 400 кишлок вучуд дошт. Ин кишлокдо ба 22 гурух муттахид гардида буданд ва хар яке аз ин 22 гурух беки худро дошт.
Амалдороне, ки нисбатан вазифаи пастро доро буданд ба воситаи тобеъони худ, яъне оксаколону арбобони худ андозхои давлатиро мегузоштанд. Вазифаи мироб ва доруга дар системаи хокимият нисбатан пастар буд.
Дар давраи хокимияти феодали мансаби закотчи чамъкунандаи андозхои чори аз хайвонот низ вучуд дошт. Хамаи ин амалдорон аз давлат маош мегирифтанд ва аз хисоби ахолии руз мегузарониданд. Хамаи ин ба он оварда расонид, ки дехдонону хунармандон боз хам шоктару
камбагалтар мешуданд.
Дар давраи хокимияти феодали мансаби закотчи чамъкунандаи андозхои чори аз хайвонот низ вуд дошт. Хамаи ин амалдорон аз давлат маош мегирифтанд ва аз хисоби ахолии руз мегузарониданд. Хамаи ин ба он оварда расонид, ки дехдонону хунармандон боз хам шоктару
камбаалтар мешуданд.
Дар солхои хукумронии амир Дониёлби (1758 – 1785) ва баъд аз у дар давраи хукумронии амири дигари мангити Шохмурод (1785 -1800) корхои обёркуни на танхо дар
нохияхои марказии Аморати
Бухоро, балки дар бухорои Шархи низ ривочу равнак ёфтанд. Пеш аз сар кардани корхои обёри бо фармони амир Шохмурод кисмати шаркии Аморати Бухоро ба воситаи намояндагони махсус – танобчихо (заминченкунхо) ба округхо ва округхоро ба туманхо таксим карда шуд.
Чунин корхои обиёркуниро пешгирифтан дар нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон ахамияти хеле калон дошт. Чунки барои парвариш кардани зироатхои техники, сабзавоткорию богдори таъсири мусби мерасонид.
Дар бекигарихои Хиор, Кулоб ва Каротегину Дарвоз асосан намудхои гуногун ба монанди: гандум, биринч,, загир , нахуд, чав, чуворимакка, кунчит ва дигар намуди зироату галларо парвариш мекарданд.
Ба гайр аз корхои дехдони – заминдори дар ин нохияхо боз ба чорводори низ машгул буданд. Дар бекигарии Хиору Каротегин ба парвариши чорвои калони шохдор, гусфанд, буз диккат медоданд. Дар ин нхияхо айлокдое вучуд доштанд, ки тамоми фасли сол рамахои онхо дар ин чойхо мечарид.
Дар як катор нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон дар тимаи авали карни XIX ба истехсоли охан шуруъ карда буданд. Асосан оханро аз кухдои Шахрисабз, Байсун ва Каратог мегирифтанд. Охан дар ванч, низ исехсол карда мешуд.
Тарзи гудохтани охан хело одди буд. Арчаро сузонида лахчаи онро мегирифтанд. Хноми гудохтани охан аз хамин лахча истифода мебурданд.
Онхоеро, ки ба гудохтани охан сару кор доштанд худашон оханро ба корхонахои охангари мебурданд. Масалан: аз Дарвоз оханро ба Гарм оварда ба корхонахо охангари месупориданд. Дар як катор нохияхои дигари Бухорои Шарки бошад охангароне, ки ба ин ашё эхтиёч доштан ба он чойхое, ки охан истехсол мешуд мерафтанд ва дар хамон чойхо аз охан махсулоти гуногун месохтанд. Аз Хиор устохои охангар дар тобистон ба Каратог мерафтанд. Онхо дар сохили рости дарёи Каратог чой гирифта аз охани дар ин чо буда, махсулоти охангари тайёр мекарданд.
Дар нимаи аввали асри XIX дар бисёр нохияхои Чанубу Шаркии Точикистон метали ранга истехсол карда мешуд. Намаки кухи Хочамуъмини назди Кулоб, яке аз конхое буд, ки тамоми ахолии Бухорои Шархиро метавонист аз намак таъмин намояд.
Дар охири асри XYIII ва ибтидои асри XIX ахолии хонигарихои Бухоро ва Куканд асосан ба хунарманди ва савдо машгул буданд. Албатта ин ба дигар нохияхо таъсири худро мерасонад, яъне ба воситаи алокаи байнихамдигарии савдогарону хунармандон на танхо дар шахрхои маркази, балки дар нохияхои дурдасти Аморати Бухоро савдою хунарманди ривоч меёфт.
Пеш аз хама дар шахру дехот хунари бофандаги пахн гардида буд. Хусусан хунари бофандаги дар бекигарии Хиор нисбатан пеш рафта буд. Дар дигар бекигарихои Бухорои Шарки аз чумла дар Дарвозу Каротегин хам хунармандони зиёде буданд. Аз пахта матохои зиёде мебароварданд, ки онро пеш аз хама барои духтани либосхои мардонаю занона истифода мебурданд. Дастгохи дузандаги дар бекигарии Дарвоз, умуман дар тамоми Осиёи Миёна нихоятдарача соддаю кафомонда буданд.Дар Каратог матоъхои абрешими шохи ва атласи мебофтанд, ки онхо нисбатан хушсифат буданд.
«Занону мардон бофанда буданд, дехконон дар зимистон аз сабаби бекор монданашон дар бекигарихои Хисору Каротегин ва Кулоб ба кори бофандаги даст мезаданд. »12
Дар бекигарии Дарвоз матохои аз пашм тайёркардашуда ба сифати хуб бофта мешуданд. Дар Хисор бештар ба истехсоли олча ва бекасаби рахдор, ки онхоро аз пахта тайёр мекарданд, равнакёфта буд. Хунармандон махсулоти худро пеш аз хама дар дехахою бозорхои наздик ба фуруш мебароварданд. Факат як кисми ками махсулоти худро берун аз махала ба дигар кишлоку дехкадахо бурда мефурухтанд.
Ба айр аз бофандахо дар байни ахолии нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон дигар намуди хунархо мавчуд буд. Охангари яке аз хунархои кадимаи мардумии ин сарзамин мебошад.
«Охангарони Хисору Каротегин бо махсулоти истехсолкардаи охании худ, аз кабили корду шамшер, ки дар дигар бекигарию нохияхо шухрат ёфта буданд фахр менамуданд» . Дар байни мардум боз ба дигар хунархо аз кабили заргари, кулолгари, чубкокуни, ярокистехсолкуни, чармгари, музадузи ва гайра вучуд дошт. На факат дар кисмати Шарки, балки дар кисмати Гарбии Бухоро ягон заводу фабрика вучуд надошт.
Ба пешравии хунарманди тартиботи феодали ва тарзикори цехи хунармандон халал мерасонид. Дар хама намуди хунарманди устохо ва шогирдон вучуд доштанд. Усто шогирдону коркунони цехро истисмор менамуд, бе ичозати усто ягон фармоишро надошт. Фармони усто барои шогирдон конун ба шумор мерафт. Дар чунин цеххо усули дуузва (усто шогирд) ва ё худ сеузваи ташкили кор (усто халифа, усто шогирд) мавчуд буд. Шогирд аввалхо барои ичрои кор ба сифати музд танхо хурок мегирифт, баъдтар андак музд хам мегирифтаги шуд; аслан усули шогирди яке аз тарзхои истимор ба шумор мерафт. Пайдоиши усули сеузва (аксаран дар истехсолот бештар ривоч, ёфта бофандаги, кашфдузи) аз вусъати зиёди истехсолоти моди шаходат медод.
Дар бекигарихои Хисор ва Каротегину Дарвоз косиби низ пахн гардида буд. Тараккиёти косиби ба пешрафти иктисодии ин минтакахо ёри мерасонад. Асоси даромади косибонро махсулоти истехсолкардаашон ташкил медод. Аз сабаби дагал будани дастгохи хунарманди сифати махсулоти косибон паст буд. Ба ин нигох накарда аз сабаби камчини махсулот дар бозорхо мефурухтанд ва аз хисоби даромади ба даст омада руз мегузарониданд.
Вазъи хунармандон аз вазъи дехдонон кам фарк мекард. Даромади онхо на факат барои харидани ашёи хом ва таъминоти оила мерасониду халос. Хунармандон хунари худро ба меросхуронашон ба таври авлоди меомузониданд. «Хар як хунар оиннамои цехии худро дошт, ки онро «рисола» меномиданд. Дар «рисола» истехсоли махсулот ва хачми истехсолии он нишон дода мешуд. Хунарманд ин коидаро хукуки вайрон кардан надошт. Аз хамин сабаб дар корхонахо ягон навигариро чори кардан айри имкон буд. Нишондоди оиннамои асримиёнаги ва мухобилияти рухониён сади рохинавовари мегардиданд.»
Дар нимаи аввали асри XIX дар кисмати шаркии Чанубу Шаркии Точикистон хунари охангарии махсусгар- донидашуда ба тарккию пешрафт ноил гардида буд. Як кисми охангарон занчирхо барои дар, наъл, мех ва айрахо истехсол менамуданд. Кисми дигарашон бошад, асбобхои гуногун барои масолехи охангари ва дехкони аз кабили каланд, бел ва гайрахо месохтанд.Кисми сеюм бошад, ба сохтани сузан, кайчи, тег барои риштароши ва кордхои гуногун машгул буданд. Як катор мутахассисоне буданд, ки онхо ба истехсоли яроки оташфишон сару кор доштанд. Онхо хеле кам буданд ва факат фармоиши хокимону амалдоронро ичро мекарданд. Дар миёнахои асри XY «хокими Хисор дорои яроки оташфишон буд. Мумкин, ки чунин ярокро дар худи Хисор тайёр мекарданд, чунки дар ин чо охангари хуб ривочёфта буд». Гайр аз ярок боз онхо (дар Хисор) ба истехсоли корду шамшер ахамият медоданд. Шамшерхое, ки дар Хисор истехсол мешуд, нихоят хушсифат буданд. У стохои охангар бо чунин махсулоташон фахр мекарданд.
Дар бекигарии Дарвоз бошад устохои мохири охангар ба истехсоли асбобхои гуногуни охани сару кор доштанд. Охангарони Дарвози оханро асосоан аз Ванч дастрас менамуданд, чунки дар Ванч охан истехсол мешуд. Хар як устои охангар корхонаи худро дошт, дар он чо дамгох, ки аз пусти буз тайёр карда мешуд, вучуд дошт. Дар Гарм маркази бекигарии Каротегин зиёда аз 100 хочагии хунармандон ба коркарди охан сару кор доштанд. Дар нимаи авали асри XIX дар Гарм, ки аз се гузари калон бо масчидхояш иборат буд, ба гайр аз хочагихое, ки ба коркарди охан сару кор доштанд, боз зиёда аз 100 хочагии хунармандон вучуд дошт, ки ба коркарди чарм машгул буданд.
Дар нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон дар авали асри XIX умуман пеш аз истило шуданашон аз тарафи аморати Бухоро хунари бофандаги, ки мардону занон дар ин кор машгул буданд, ривочу равнак ёфта буд.
Олоти асосии истехсоли дастгох барои коркарди пахта буд. Хамаи корхои бофандаги дасти ичро мегардиданд.
Кулолгари дар хаёти мардуми Хисору Каротегин накши бузургеро мебозид. Маводе, ки барои истехсоли зарфхои гуногун истифода мебурданд, гили махсус буд. Асосан кулолгарон зарфхои гуногун аз кабили Куза, Офтоба ва дигар зарфхое, ки барои хочаги зарур буд, истехсол мекарданд.
Хунари чубкоркуни низ дар ин минтакахо ривоч ёфта буд. Аз чубхои сахт устохо асосан махсулоти гуногун, аз кабили испор,шохин, белхои чубин, кафш, кулфи дар дастгохи бофандаги ва асбобхои мусики истехсол менамуданд. Асосан хунари чубкоркуни дар Дарвозу Каротегин пахн гардида буд. Масалан ахолии яке аз кишлокхои Дарвоз хама устои чуб буданд ва махсулоти гуногун месохтанд. Хунари зинтароши макоми хосро дошт, чунки талабот ба ин зиёд буд.
Дар байни хунармандон инчунин устохои сохтмончи, аз кабили деворзанон, андовагарон, накшон зиёд буданд. Ин кабил мардум, ки аксарияташон дар Каротегину Дарвоз мезистанд, барои кути лоямут пайдо кардан аксар вакт ба Куканду Фарона барои кор кардан рох пеш мегирифтанд.
Дар нимаи аввал ва хусусан дар миёнахои асри XIX дар кимати Маркази ва Чанубу Шаркии Точикистон савдои дохилию хоричи вучуд дошт. Савдо инкишофу вусъат меёфт. Махсулоти асосие,ки ба савдо бароварда мешуд асосан махсулоти хочагии кишлок аз кабили гандум, биринч,, пахта буд. Аз сабаи он, ки дар ин нохияхо чорвои зиёд парвариш меёфт чорводорон гов, гусфанд, буз, асп ва гайраро ба савдо мебароварданд. хунармандон низ дар савдо фаъолона иштирок мекарданд.
Харидорони асосии галла асосан кабилахои кучи ва кучиёни чорводор буданд, ки онхо бо замин сару кор надоштанд. Асосан махсулоти галлагиро бекигарии Хисор бо дигар минтакахо (ба Карши, Чорсу, Керки) ба фуруш мебароварданд. Ба айр аз махсулоти номбаршуда боз махсулоти дигар – меваи хушкардашуда бароварда мешуд, ки он хат то аз каламрави кишвар берун бароварда мешуд. Хамин тарик дар солхои 1837 то 1847 ба дигар минтакахои осиёи Миёна ба маблаги 171 898 сум меваи хушкардашуда фурухта шуд.
Дар хаёти иктисоди ичтимоии нохияхои Бухорои Шарки роххо ахамияти мухим доштанд. Дар минтакахое, ки роххои нагз доштанд, барои вусъат ёфтани муносибатхои савдои ёри мерасониданд. Асосан савдогарон хангоми сафар аз уштурхо истифода мекарданд, чунки наклиёти чархдор дар аксари
нохияхои Бухорои Шархи дида намешуд. Дар рохдои кухии ин нохияхо аз хару асп ва уштур истифода мебурданд. Тамоми ахолии нохияхои Каротегину Дарвоз аз сабаби вучуд надоштани роххо азоб мекашиданд ва баъзе аз кисматхои ахолии ин нохияхо тамоми сол аз сабаби набудани роххо аз олам беруна канда мешуд. Аз кисмати Маркази ва Чанубу Шаркии Точикистони имруза савдогарон молхои худро дар бозорхои Уротеппа, Куканд, карши ва Бухоро бурда мефурухтанд. Дар Гузор бозори калони чорво вучуд дошт, ки савдогарони Бухорои Шарки асосан рама – рама
гусфандхоро бурда, дар он чо мефурухтанд. Дар навбати худ савдогарони Куканду Уротеппа ба нохияхои баландкух аз кабили каротегин рафта, молхои савдо мекарданд. Асосан савдои онхо ба таври ивази мол сурат мегирифт. Аввал савдогар нархи моли худро ба тангаи нукраги гардонида, баъд ба хамин восита молашонро иваз мекарданд. Дар нимаи авали асри XIX дар Хисор савдогарон моли худро ба пул иваз карда метавонистанд. Вале савдо ба кучманчихо ва кишлокхои дурдасти кухистон ба таври ивази мол сурат мегирифт.
Чи хеле, ки дар боло зикр ёфт, савдогарон аввал арзиши моли худро бо пул муайян мекарданд ва баъд онро бо дигар молхое, ки арзиши онхо хам бо пул муайян шуд, иваз менамуданд. Пули асоси дар аморати Бухоро ва дигар нохияхои гирду атрофии он, аз чумла дар Бухорои Шарки хам тангаи нукраги ба шумор мерафт, ки арзиши вай 20 тин (20 кп) – ро ташкил медод. Дар Каротегин 1 пул гандум 9 тин, 1 фут равгани гов аз 3 то 8 сумро ташкил медод. Дар ин минтака пашму пуст хам арзон буд. Савдогароне, ки молашонро ба Каротагину Дарвоз мебароварданд, онро се баробар зиёд аз нархаш мефурухтанд. Мисол: матои олачаро аз Хисор бурда, дар Каротегин як порчаашро, ки хамаги 60 тин арзиш дошт, бо як гусфанд иваз мекард. Халки кашшоку камбаал пул надошт. Факат табакаи болои аз худи шохону бекон сар карда, то заминдорону наздикони онхо пул, яъне тангахои нукрагиро дастрас карда метавонистанду халос. Дар Хиор каму беш савдогарону хунармандон пудро дастрас карда метавонистанд., вале дар Каротегину Дарвоз дастрас кардани пуд хеле мушкил меафтод.
Хулоса вазъи иктисоди – ичтимоии нохияхои Чанубу Шарки ва Марказии Точикистон дар даврахои пеш аз истилошуданашон аз тарафи Аморати Бухоро, хело кам ногувор буд. Сабаби ин хама зиндагии кишлоконаю факиронаи ин мардум, дур будани онхо аз марказхои савдою таравдикардаи онвакта, инчунин набудани рохдои дурусти алока, вазъи нотинчи сиёси дар минтакаи Осиёи Миёна буд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …