Главная / Илм / Вазъи сиёсиичтимоии Осиёи Миёна дар асрхои IV-VIII.

Вазъи сиёсиичтимоии Осиёи Миёна дар асрхои IV-VIII.

Асрхои IV-VII давраи ташаккулёбии муносибатхои
феодалй махсуб меёбад.
Таърихи ичтимой- сиёсии ин давраи Осиёи Миёна аз Эрони сосонй фарк мекард. Агар дар Эрон феодализм дар шароити марказиятноку муттамарказ ва ташаккули иттиходияи сиёсию-миллии халкияти Эрон ташакул ёфта бошанд, дар Осиёи Миёна ин раванд дар холати парокандагии сиёсй, тез тез иваз шудани салтанатхои хукумрон (Кушониён, хокими турк, эфталитхо) бархурд ва омезиш ёфтани халкитхои мукимй бо кавмхои кучй ва дар фазои бисёр андешии динй (зардуштй ва масехй) чараён гирифтааст. Аз ин сабаб ин вазъият ба холати сиёсй, ичтимой ва фархангии чомеа таъсир расонида, боиси зуд-зуд дигар шудани авзои сиёсй гардида, дар фахмиши фархангй ва раванди таърихй таъсири манфй мерасонд.
Тадричан ташаккул ёфтани муносибатхои феодалй, суст гардидани иктидори харбию сиёсии давлати Хайтолиён ва хокони Гарбии турк пароканда шудани Осиёи Миёна гардид. Бесабаб нест, ки дар асрхои V-VII дар Осиёи Миёна такрибан 15 мулк давлатхои хурди феодалй ба вучуд омаданд.
Замони салтанати Сосониён 224-651 дар таърихи мардумони эронитабор давраи ташаккулёбии муносибатхои феодалй мансуб дониста мешавад.
Дар эрони сосонй зинахои табакавии идоракунй чой дошт. Дар ин чо аз замони кадим се табакаи ичтимой вучуд дошт: рониён, сипохиён ва кишоварзон. Бо мурури замон бо баробарии нкишофи муносибатхои иктисодй табакабандй вусъат ёфта, табакахои ичтимоии «дабирон», (котибон, ходимони дарбор) атрофиёну мансабдарони давлатй, табибону олимон ва айрахо бо ин табакахо дохил мешуданд.
Хар яке аз ин табакахо дар навбати худ ба зертабакахо ва гуруххои ичтимой чудо мешуданд. Сарвари ташкилоти марказй( яъне макомоти олии ичроияро вузург (фармондор, сарвазир) ба ухуда дошт. Пас аз вузург(фармондор) дар сохтори хокимият сарвар, рониён (мубадони маъбад) макоми сеюмро ишол мекарданд. Тамоми масъалахои динй, идораи мазхабй, чараёни сиёсй-динй ва айрахо ба сарвари рухониён марбут буданд.
Дар асрхои IV-VI дар натичаи таъсири эътикодхо ва мубодилаи фархангии халкхо, афкору акидахои зиёди адабию ахлоки ва фалсафй пайдо шуданд. Зардуштия бо динхои яхудй, буддой, масехй бархурд намуда, аз як тараф дар он тагйирот ба амал омада буд, ва аз тарафи дигар шароити худро ба тартибу низоми нави чамъиятй мутобик намуд.
Дар замони салтанати зиёда аз 400 солаи Сосониён Авесто чандин маротиба китобат карда шуд. Бо дархости Хусрави Анушервон барои мустахкам намудани дини давлатй мураттаб намудани китоби мукаддаси зардуштй ооз ёфт. Ба чои нуктахои ба замони Сосониён мувофик набуда ихтисор карда шуда, ба чои он масъалахои ба ахлоки динй вобастабуда хамрох карда шудаанд.
Масъудй кайд мекунад, ки Ардашер ба писараш Шопур чунин васият дода буд: «Бидон, ки дину имон ва подшохй харду бародаранд ва бидуни якдигар вучуд дошта наметавононд. Дин асоси давлат аст ва давлат онро химоя мекунад.
Бо Монавия баробари пойдор гардидани муносибатхои феодалй нисбати ин сохт норозигии мардум торафт зиёд мешуд. Эътирози мардум дар асрхои миёна дар чараён ва равияхои гуногуни характери динй дощта ифода меёфтанд. Дар давраи хукумронии Сосониён харакатхои монавия ва маздакия ба вучуд омада буданд.
Монавия, чун таълимоти динй, ки дар худ унсурхои зардуштия ва масехиятро пайваст мекард, дар давраи салтанати Шопури I пайдо шуда буд. Асосгузори ин чараён паёмбар Монй буд. Монй (216-277) баъди шиканчаи зиёд бо фармони Бахроми II кушта шуд. Мувофики таълимоти у, дар олам аз азал ду кувваи ба хам зид: нуру зулмот, хайру шар вучуд доранд. Дар олами нур- худою фариштахо, дар олами зулмот- деву иблисхо хукумронй мекунанд. Рух- самараи нур, манбаи некй, чисм ( мода)- самараи зулмот, манбаи бадй аст, барои ин рух асири чисм мебошад.
Монй такво ва беникохиро таргиб намуда, фиреб, дуздй, сарватмандй ва моликияти хусусиро махк мекард.
Таълимоти у як навъ эътирози ичтимой буд. Махдудияти ин таълимот дар он буд, ки у халкро на ба муборизаи фаъол, балки ба гушанишинй даъват мекард.
Оини монавия дар инкишофи чомеа, муносибатхои анъанавй ва афкори ичтимоию адабиии Эроншахр таъсири калон гузошт. Гарчанде, ки рухониёни зардуштй бо сарварии Картир монавияро нисбат ба зардуштия як равияи бидъатомез эълон карда бошанд хам, пайравони монавия ба тезй дар Варазруду (Осиёи Миёна) Хуросон, умуман Шарки Наздик ба афкори ичтимоию динй ва фархангии мардум таъсир расонданд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222