Вазифаи хар як илм пеш аз хама
омузиши хамачонибаи предмети
илмиаш ва ба манфиати чамъият дар амалия татбик наму-
дани натичахои ин омузиш мебошад. Вазифаи аввалинда-
рачаи психология низ омухтани конунхои фаъолияти пси-
хики ба шумор меравад.
Илми психология хангоми тадкики предмети илмии
худ чунин вазифахои асосиро дар назди худ мегузорад:
Накшаи 1. Намунаи натичахои аз тадк,ик,оти гендери бадастомада,
ки ночиз будани тафовути чинсиро нишон медихад.
– омузишу дарки мохияти зухуроти психики ва ошкор
сохтани конуниятхои онхо;
– омузиш ва дарёфти имкониятхои идоранамоии
протсессхои психики;
– дар амалия татбик намудани донишхои илмии пси-
хологи бо максади тарбияи шахсияти комил ва баланд
бардоштани самаранокии истехсолот;
– ба вучуд овардани асоси илмию назариявии хада-
моти психологи.
Конуниятхои инкишоф ва зухуроти ходисахои пси-
хикиро омухта истода, психология мохияти инъикоси
олами объективиро дар кишри магзи сар ошкор месозанд,
муайян мекунанд, ки рафтору фаъолияти одам читавр
идора карда мешавад, фаъолияти психики чи тавр ба амал
36
меояд ва хусусиятхои психики чи тавр шакл мегиранд. Аз
сабаби он, ки психика ва шуури одам инъикоси объекти-
вии олами вокеист, омузиши конуниятхои психологи пеш
аз хама маънои муайяннамоии алокаи зухуроти психики
бо шароитхои объективии хаёт ва фаъолияти одамро до-
рад. Вале бо назардошти он, ки хар як фаъолияти одам
(таълими, мехнати, ичтимои) конунан на танхо аз шаро-
итхои объективии хаёту фаъолияти одам, балки аз чан-
бахои субъективи (муносибат, максадгузори, тачрибаи
шахси) низ асос мегирад, пас дар назди психология вазифа
гузошта мешавад, ки хусусиятхои амалигардии фаъолият
ва натичахои онро дар вобастаги аз таносуби шароитхои
объективи ва чанбахои субъективи муайян намояд.
Хамин тавр, конуниятхои протсессхои маърифатиро
баркарор намуда, психология имконият пайдо мекунад,
ки чараёни таълимро ба таври илман асоснок ташкил
намояд; конуниятхои ташаккули шахсиятро муайян наму-
да, дар хамкори бо педагогика ташкили дурусти тарбияро
ба рох монад; конуниятхои пайдоиш ва инкишофи хо-
латхои ногувори рухро ошкор сохта ба пешгирии ихтило-
ли асабию рухи мусоидат кунад; конуниятхои шаклгирии
тагйироти психикаи одами беморро муайян карда, ба ра-
ванди табобат таъсири мусби расонад. Хамчунин конуни-
ятхои психологиро омухта, халли масъалахои ташкили
мехнат, азхуднамоии техникаи нав ва усулхои пешкадами
кор, баландбардории самаранокии фаъолияти истехсоли,
чобачогузории кадрхо, таксими дурусти мехнат ва кувваи
кори, ташкили мухити мусоиди кору муносибат ва гайра-
ро дарёфт намудан мумкин аст.
Психологхо метавонанд бо назардошти конуниятхои
психологи бахри такмили хусусиятхои мусбат, барта-
рафсозии хислат ва одатхои бад ва дигар масъалахои шах-
сию байнишахси тавсия ва маслихатхои муфид пешниход
намоянд.
Доираи фарохи вазифахоро, ки дар асоси мушаххас-
намоии масъалахои психологи ба вучуд меоянд, психоло-
гия дар доираи таълиму тарбия, тиб, варзиш, саноат, суд
ва системаи ислохоти мехнати, хизмати харби, корхои
идоракуни , ташвикоти ва гайра хал менамояд.
Масъалаи махсусе, ки дар муносибатхои чамъияти ба
амал омада, халли он иштироки хатмии психологро талаб
мекунад – ин вазъияти ихтилофнок аст. Психологхо дар
халли низоъхои ботинию байнишахси накши асосиро ме-
бозанд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …