Садакаи Фитр бо дамидани субхи рузи иди Фитр вочиб мегардад
ва мустахаб аст, ки пеш аз рафтан ба намозгох пардохта шавад. Но-
феъ аз Абдуллох ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки: «Расули Худо (с)
моро ба пардохтани закоти Фитр пеш аз баромадани мардум ба намоз
амр намуд. Ва худи Абдуллох як ё ду руз пеш аз ид онро пардохт ме-
кард».
Агар кабл аз рузи иди Фитр онро пардохт намояд, чоиз аст ва
агар онро аз рузи ид ба таъхир андозад, аз зиммааш сокит намешавад.
Хатман, онро бояд пардохт намояд.
Садакаи Фитр бар хама, хох руза гирифта бошад, ё нагирифта
бошад, вочиб аст. Мустахиккони садакаи Фитр хамон шахсони муста-
хикки закот хастанд. Яъне ба хар касе закот дода мешуд, садакаи Фитр
низ ба хамонхо дода мешавад.
Садакаи Фитр дар хамон чое, ки худи инсон дар рузи ид буда бо-
шад, бароварда мешавад. Аз Мухаммад ибни Хасан (рх) ривоят шуда-
аст, ки закоти мол дар он чое, ки мол аст, бароварда мешавад ва зако-
ти Фитр дар он чое, ки сохиби мол аст. Зеро садакаи Фитр аксаран
ба сурати галлагй ва маводи хурокворй бароварда мешавад ва инти-
коли он ба чои дигар харочот ва вакти зиёдро талаб мекунад ва шояд
боиси фавт гардидани он аз вакташ шавад. Ба чуз мвридхои истисно-
ие, ки дар боби интиколи закот ба чои дигар зикр шудаанд.
Инчунин кобед
Сохти гуруххои хурд
Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …