Дар мохи зулхичча аз аввали бомдоди рузи дахум то шоми рузи
дувоздахум – дар зарфи се рузи иди Азхо курбонй кардан чоиз аст, хох
шаб бошад ё руз. Вале дар рузи дахум, ки аввали вакт аст, бехтар аст,
зеро шитоб дар кори хайр шаръан писандида аст. Худованд мефармо-
яд: «Ба суи корхои хайр сабкат намоед!».
Дар шахрхо ва он чойхое, ки хондани намози ид вочиб мебошад,
дар мазхаби Абуханифа (рх) пас аз баргузории маросими намози ид
курбонй кардан афзал аст ва дар чойхое, ки намози ид хануз бар ахли
онхо вочиб нагардида, ба монанди дехахои хурду дурдаст ва рустохои
камодам, пас аз дамидани субхи рузи дахум курбонй кардан чоиз аст.
Дар ривоятхои зиёде омадааст, ки забхи пеш аз намоз курбонй ба шу-
мор намеравад. Паёмбар (с) мефармояд: «Аввалин ибодате, ки рузи
40 он курбонии дагаре забх ва касе хануз забх накарда
пас бо номи Худо курбониашро забх намояд».258
Шахсе дар шахр зиндагй кунад ва курбонии худро ба русто (деха)
фиристад, то пас аз дамидани субх ба тарики ваколат аз тарафаш кур-
бонй кунанд, чоиз аст.
Дар рузи дувоздахуми зулхичча то замоне, ки офтоб гуруб накарда
бошад, курбонй чоиз аст. Пас аз гуруб дигар чоиз намегардад. Пас аз гу-
заштани вакти курбонй бояд чорво забхногаштаро зинда садака намояд.
Шахсе дар рузи дахум ва ёздахуми зулхичча мусофир буд ва рузи
дувоздахум муким гашт, ё дар рузи аввал мискин буд ва дар рузи сеюм
сарватманд гашт, курбонй бар онхо вочиб мегардад.
Шахсе, ки худаш забх карда тавонад, бехтар аст курбониашро
шахсан худаш забх намояд. Вале, агар худаш забх карда натавонад,
каси дигаре онро дар хузури вай забх, намояд.
Курбонй танхо аз тарафи худаш вочиб аст, на аз тарафи фарзан-
донаш ва ё одамони зери кафолаташ, вале метавонад онхоро дар са-
вобаш хамрох намояд.