Главная / Илм / ЗИНДАГИНОМАИ МУХАММАД (с)

ЗИНДАГИНОМАИ МУХАММАД (с)

Сарчашмахое, ки аз хаёту зиндаги ва корномахои Мухаммад (с) хабар медиханд, пеш аз хама, Куръон (бо тафсиру таъвилхои он) ва сунна-хадисхо мебошанд. Баъд аз инхо дар макоми дуюм китобхое, ки бо номхои «Сират-ун-наби» ва «Китоб -ул-магози» маъруф шудаанд, чой доранд. Аз чумла, «Сират»-и Ибни Хишом ва Ибни Исхок, «Китоб-ул-магози»-и Вакиди, «Табакоти»-и Ибни Саъд ва «Китоб ал-маъориф»-и Ибн Кутайба, «Китоб ал-ахбор ат-тавил»-и Диновари, «Таърих»-и Яъкуби, «Таърих ар – расул вал- мулук»-и Табари, «Футухот-ул-булдон»-и Балозуриро метавон ном бурд.

Дар мавриди шахси таърихи, асосгузор ва пайгамбари ислом будани Мухаммад (с) шубха нест. Харчанд, дар атрофи шахсияти у баъдхо аз тарафи мусалмонон наклу ривоятхои зиёди хусусияти асотириву афсонави дошта низ дар киссахо рох ёфтаанд.

Мухаммад(с) аз кабилаи курайш, авлоди Бани Хошим мебошад, ки аз ашрофони шахри Макка буданд. Вале авлоди Бани Хошим яке аз авлодхои начандон сарватманди курайш ба хисоб мерафт. Падари Мухаммад(с) Абдулло савдогари камбизоъат буд ва пас аз марги худ ба Омина модари Мухаммад, танхо чанд сар гусфанд ва як гулом боки гузошт.\ Дар мавриди шачараи насаби Мухаммад (с) маълумоти муфассал мавчуд аст.\ Ниг.:18: 45\.

Мухаммад 12 Рабиъ-ул-аввал ( рузи душанбе)-и соли 570 таваллуд ёфтааст. Ин таърих мувофики он ривояте гирифта шудааст, ки тибки он Мухаммад дар “соли фил”, яъне соле, ки хокими хабашия-Абраха ба Макка хучуми бемуваффакияте мекунад, таваллуд ёфтааст.\ 4: 1. 171\

Мухаммад аввал аз падар, кабл аз таваллуд, хануз хангоми дар шиками модар будан ва сипас аз модар дар синни шашсолаги ятим мемонад.\ 4:1. 179\ Дар тарбия ва нигохубини Мухаммади хурдсол нахуст бобояш Абдулмутталиб ва сипас амакаш Абитолиб накши асоси бозидаанд. Авлоди бани хошим хофиз ва мутаваллии хонаи Каъба ва тамоми бутхо, санги сиёх (хачар-ул-асвад), чашмаи Замзам ва тамоми амволу осори мутаалика ба он , инчунин масъули хизматрасони, таъмини обу таъом, чои хоби хочиён буданд. Аз хурдсоли Мухаммад(с) дар як чунин мухити мазхаби нашъунамо ёфтааст ва табиист, ки он ба сарнавишти баъдии у бетаъсир намондааст. Мувофики ривоятхо дар овони чавони Мухаммад(с) аввал, ба чаронидани бузу гусфандони амакаш Абитолиб машгул буд ва сипас дар як сафари тичоратиаш уро хамрохи кардааст. Дар ин сафар тибки ривоятхо як рохиби насрони бо номи Бухайро ба Абитолиб аз рисолати пайгамбарии Мухаммад(с) хабар медихад ва ба вай тавсия мекунад, ки уро эхтиёт кунад ва аз у доимо бохабар бошад.

Баъдтар, амакаш уро ба бевазани бой Хадича муъаррифи мекунад, ки вай ба намояндаги аз у корвони тичоратии уро ба Шом (Сурия) барад. Мухаммад(с), ки хануз кабл аз хидматгори ба Хадича бо лакаби ” амин” -ростгуву росткавл шухрат ёфта буд, баъди аз ин сафари бомуваффакияти тичорати, ки Майсара гуломи Хадича, хамсафари у буд, аз мушохидоти худ, аз рафтор ва хаводиси бо Паёмбар(с) хангоми сафар руй дода, накл мекунад. Пас аз ин ходиса Паёмбар(с) ба чашму дили Хадича махбубият пайдо кард ва саранчом ин зани порсо бо у издивоч кард. Хадича хам пеш аз баъсат ва хам баъд аз баъсати рисолати паёмбари метавон гуфт, дар пуштубони ва дастгирии Паёмбар (с) ва ташаккули итминон ба нафси у накши муассир ва халкунандае бозид. Аз як тараф Хадича, ки аз Мухаммад(с) понздах сол калон буд, ба акидахои мазхабии у чидди ва хайрхохона менигарист ва ин худ ба Мухаммад(с) рухи тоза ва субот мебахшид, аз тарафи дигар дар натичаи ин издивоч у фурсат ва имкониятхои бештаре пайдо карда буд, то дар боби масоили дини тафаккур ва андеша кунад. Алалхусус, шояд сафари тичоратии у бо корвони Хадича ба Шом (Сурия) имконият доданд, ки у бо намояндагони дину мазхабхои дигар ва бо ахлоку одоби онхо ошно гардад ва онхоро ба эътикодот ва парастишхои кавми худ мукоиса кунад, вале дар ин боб далоили таърихии боварибахш вучуд надорад.

Мухаммад(с) чун аз кудаки бо парастишхо ва акоиди динии арабхои бутпараст аз наздики шинос буд, хар руз он бутхои бечону берухро медид ва гузашта аз ин мушохида мекард, ки чи гуна ричоли курайш дар сари манофеъи моли аз парастишхои чохилия суиистифода мекарданд, этикодаш ба дини ачдодонии худ то рафт суст мешуд. Ривочи фиску фасод, масти, судхури, касосхои хунин, одати куштани фарзанди духтари навзод аз чумлаи он одот ва русуме буданд, ки шароити ичтимоии онрузаи арабро муташаннич, вазъияти маънавиро хароб карда буданд. Мухаммади чавонро ин вазъияти ичтимои ва одатхои хурофотиву соддалавхонаи бадави конеъ карда наметавонист. Ин аст, ки у шояд дар чусту чуи арзишхои волотар ва гояву эътикоди аълотар мегашта аст.

Дуруст аст, ки бухрони мафкураи бутпарасти хамзамон бо инкирози сохти кабилавию авлоди ва беэътибор гардидани арзишхо ва эътикодоти он ба пайдоиши ислом замина омода карданд. Вале ба хар сурат ин замина бидуни эъчози шахсияти Мухаммад(с), илхомоти хорикулъодаи у, мардонаги, истикомат, сабру шахомати у гумон буд, ки ба пайдоиши дине чун ислом анчомад. Гузашта аз ин барои пайдоиши дини ислом омилу ниёзмандихои зиёде берун аз сарзамини Арабистон низ мавчуд буданд. Инкирози дохилии дини насрони, ба дини хукмрони давлати табдил ёфтани он, пайдоиши фиркахои мухолиф чун: настурия, монофизития ва гайра; хамчунин инкирози дохилии зардуштия дар давраи сосониён, аз оини тавхидии Зардушт дур шудан ва ба дини табакаи ашроф табдил ёфтани он ва гайра як ниёзи хамагонро ба андешаву гояи нави ормони ба вучуд оварда буд.

Табиист, ки бархурд бо адёни дигар низ ханифхо- динчуён, мубаллигони яктопарастиро ба таргиби дини нав водор мекард. Мухаккикони исломшиносро акда бар он аст, ки таъсири дини насрони, махсусан дар оятхои бахшида ба рузи киёмат, дузах, ва азобу чазохои он зиёд аст. Умуман таълимот дар бораи маъод- растохез пас саз марг, дар он дунё, бозчуи ва мукофоти амал, тасвири чаннат ва дузах муассиртарин накшеро дар пайдоиши ислом бозидаанд.

ОГОЗИ НУБУВВАТ. Мувофики ахбори сарчашмахо Мухаммад (с) соли 610 ба таргиби дини нав огоз кардааст. То Мухаммад (с) дигарон хам будаанд, ки таргиби дини нав мекарданд, шояд махз дини ислом набошад, вале таргиби яктопарасти- тавхид дар он чой дошт ва онхоро, чунон ки ишора шуд, “ханиф” меномидаанд. Мухаммад(с) низ, дар аввал дини худро “дини ханиф” меномид ва ин сифат баъдхо низ хамрадифи “ислом”, “мубин” ва гайра ба кор рафтааст. Номи баъзе аз онхое, ки ханифгаро ё тавхидгаро буданд чун: Мусайлима; Саччох, бародари Хадича Варака ибни Навфал то мо боки мондаанд .

Хулоса, дар синни чихилсолаги аввалин бор вахйи илохи ба Мухаммад(с) нозил гардид. Дар ин даврон Мухаммад (с) зуд-зуд дар гушаи горе(гори Хиро) берун аз Макка дар доманаи кухе гушанишин гашта ба ибодат машгул мешудааст. Дар мавриди аз кучо ва ба кадом ангеза ба гушанишини икдом намудани Паёмбари Ислом(с), кабл аз баъсат (дарёфти рисолати паёмбари) хабари зиёде дар даст нест. Ибни Исхок бо иснод ба хадисе овардааст, ки Расули Худо(с) аз руи одати курайш дар чохилия соле як мох икдом ба гушанишини дар гори Хиро мекард ( 4: Ч.1. с.253) Хамчунин маълум, ки баъзе пайравони дини яхуди ва насрони, ки зохиди пеша карда буданд, чунин тарзи зиндаги доштанд. Хулоса, дар яке аз рузхои мохи Рамазон хангоми гушанишиниаш дар гори Хиро ба у аввалин ояти Куръон аз сураи 96-“ал- Алака” -нозил мешавад ва пас аз чанде таваккуф оёти дигар низ дарёфт гардиданд .

Таблиг ва даъват ба ислом се соли аввал сирри (пинхони) буда аст. Пас аз эълон ва ошкоро шудани даъват низ, пайравони Паёмбар (с) дар аввал зиёд набудаанд. Тибки Куръон ва ривоёт фариштаи худо Чабраил оётро нозил менамуд. Дар мавриди чигунагии нозил шудани оёт ва холати рухии Мухаммад(с) пас аз он, ба тафсил ривоёт зиёд аст. Нахуст, таълимоти Мухаммад(с)-ро хешовандонаш: аввал зани вафодораш Хадича, духтархояш (Рукия, Уммул-Кулсум, Фотима), Али ибн Абутолиб (р) (амакбача ва баъдтар домодаш- шавхари Фотима) кабул мекунанд. Каме баъдтар гуломи озодшуда ва писархондаш Зайд ибн Хориса, савдогари бой Абубакр (баъдтар падарарусаш ва баъд аз вафоти у халифи аввал),Усмон писари Аффон марди сарватманд (баъдтар сеюмин аз хулафои рошидин гардид), ва аз- Зубайр (баъдтар сарлашкари машхур, ки бар форсхо дар мухорибаи Кодисия с. 673 галаба ба даст овард), савдогар Талха ва Абдурахмон ибн Авф ва дигарон ба у пайвастанд, вале ба хар хол кабули даъвати Мухаммад(с) ба кунди пеш мерафт, хатто дар муддати чахор сол адади асхоби Паёмбар бо занон ва гуломони эшон аз чихил тан бештар набуд.

Ашрофи Макка аз савдогарон ва судхурони гуломдор иборат буданд. Онхо дар аввал ба даъватхои Мухаммад(с) эътибор надода бошанд хам, баъд аз афзудани сафи у ва алалхусус баъди хамлахо ва даргирии у ба дину оин ва худоёни онхо рохи душмани ва таъкибро пеш гирифтанд чунки амали уро барои субот ва манофеъ сиёсии Макка хавфнок мешумориданд.

Вокеан, ашроф ва сарватмандони Макка даъвату таблиготи Мухаммадро барои манфиатхои худ хеле хавфнок мехисобиданд, чунки дину ойини онхо ва маками Макка ва хонаи Каъба хамчун маркази мазхаби дар маърази хутар буд аз ин ру бо у ба мубориза бархостанд. Душманони сарсахт ва хавфноки Мухаммад(с) савдогари сарватманд, сардори авлоди уммавиён Абусуфиён бо занаш Хинда, Амр ибн Хошим, ки онро худи Мухаммад(с) Абучахл (падари чохолат) номида буд ва инчунин амакаш Абд-ал-Уззал ибн Абдулмутталиб буданд, ки охиринро Мухаммад (с) Абулахаб (яъне дузахи) номида аст.

Хулоса, даъват ба дини ислом хеле ба мушкили пеш мерафт, пайравони Мухаммад(с) хануз хеле ночиз ва аксарият аз табакоти поёни: факирону гуломон ва оилахои камбизоат буданд. Таъкиб ва шиканчаи мусулмонон руз аз руз бештар мешуд ва онхо мачбур шуданд, ки ба кишвари Хабашия хичрат кунанд.\4: 1. 343-364\ Ин хичрати аввал дар соли чахоруми баъсат-пайгамбари ба вукуъ пайваст.

Даъвати Мухаммад асосан мабни ба яктопарасти (тавхид) ва кабули рисолати пайгамбарии худаш буд. Аз матнхои Куръон бармеояд, ки бутпарастон ба у бовар намекарданд. Аз у барои исботи пайгамбариаш такозои гйбгуи ва муъчиза мекарданд. Чунки шунида буданд, ки пайгамбарони бани Исроил (яхудия) ва насрони муъчизахое нишон додаанд. Мухаммад бошад, худро хамчун як инсон, мисли хамаи одамон муъаррифи мекард, донандаи гайбро танхо Худо мегуфт. Вазифаи худро факат аз эъломи хатар ва огохонидан аз азоби рузи вопасин ва начоти инсоният бо даъвату хидоят онхо ба рох рост “сирот-ул-мустаким” медонист. Мучизаи уро аксари уламои ислом танхо Куръон мехисобанд. Худи Паёмбар(с) барои исботи хакконияти гуфтахояш одамонро ба истифодаи акл ва андеша даъват мекард.

Аз мубохисоти кръони маълум мешавад, ки аъроб аз парастиши дини падарони худ даст кашидан намехостанд ва бовари хам надоштанд, ки як марди оддие мисли Мухаммад(с) дар мукобили он хама аъёну ашрофи Макка мавриди инояти худо карор гирифта, ба симати паёмбари интихоб шуда бошад. Арабхо баъзе таълимоти уро масалан, киёмат- растохез ё эхёи дубора, рузи хисобу довариро асотир ва афсонае беш намешумориданд. Хамчунин мегуфтанд, моро ба чуз дахр чизе намекушад.\ К.45: 24\. Мухаммад(с)пайваста онхоро аз азобхои охират, сахнахи хавлноки дузах, ки барои кофирон аст огох мекард. Хадафи асосии Паёмбар(с) ба тавхид хондани бутпарастон ва беэътибор сохтани худоёни онхо, бутпарасти буд. Курайшиён бо хар рох хостанд Мухаммадро аз ин рох боз доранд, хам мансабу мартаба ва хам молу сарват пешниход карданд, то у аз ин амал даст кашад, натича надод. Даст ба фишору зури, хабсу мухосираи иктисоди ва манъи равобит бо авлоди Бани Хошим дар махаллаашонро низ озмуданд ва паймоне бо номи “Паймони сахифа” имзо карданд, ки тибки он бо хонаводаи Бани Хошим издивоч ва хариду фуруш маън ва авлоди бани Хошим хукуки аз шиъаб \дара\-и худ берун омаданро надоштанд. Ин мухосира се сол давом кард вале бенатича буд. Хулоса бо хеч воситае иродаи Мухаммад(с)-ро шикаста натавонистанд. \ 14. с.90\

Душманони Мухаммад(с) дар ибтидо ба куштани у чуръат накарданд, чунки аввалан Абутолиб ва амакони дигари у мардони обруманд буданд ва уро химоя мекарданд, занаш Хадича низ пуштибони у буд. Сониян, мувофики одати арабхои чохилия агар чунин коре мекарданд, бо авлоди бани Хошим дар холати кассоси хунин карор мегирифтанд. Ин аст, ки бо вучуди фишору ихтор ва пешгирихо даъват ва фаъолиятхои таблиготии Мухаммад(с) рузафзун буд. Курайшиён низ бо тамоми роху воситахое, ки дар ихтиёр доштанд фаъолияти Паёмбар(с)-ро махдуд ва аз густариши он чилавгири мекарданд. Аз чумла Паёмбар(с) наметавонист ба чуз дар атрофи хонаи Абутолиб ва беруни аз шахр, дар теппаи Сафо таблигу даъват кунад. Аввалхо ибодат ва таблиг пинхони дар хонаи яке аз мусалмонон бо номи ал-Акрама баргузор мешуд. Баъдан даъват ошкоро гардид. Аммо дар соли дувоздахуми баъсат Мухаммад(с) дар муддати кутох аз хар ду пуштибони асосиаш махрум мешавад. Аввал, амакаш Абутолиб ва баъди як мох зани мехрубонаш Хадича вафот мекунанд. Баъди ин вокиъа вазъияти Мухаммад(с) ва пайравонаш сахт мушкил гардид. Амакаш Абулахаб, ки сардори авлод гардида буд аз пуштибонии у даст мекашад. Аз ин ру рохи чораеро андешидан лозим шуд.

Дар чунин вазъияти вазнин ногах, дари умед ба руи у кушода мешавад. Хануз дар мавсими хаччи соли 620 м. дар бозори Укоз иттифокан Мухаммад бо шаш тан мардони Ясриби сухбат мекунад ва онхо ба чунин андеша афтода буданд, ки уро ба пешвои ё хаками худ баргузинанд.

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222