Оханги хамин ибораи батаъкидро, ки Гулчехра Мухаммадиева дар як боби рамани худ «Чордодарон» ба гунаи зерсарлавха аз «Дурдонахои хазорсола» меорад, ман дар аксар навиштахои у равшан эхсос кардам. Вокиан хам зистан масъулият аст, алалхусус дар чомиаи демокраи Вале одамон мутаассифона ин хакикати махзро зуд-зуд ба эътибор нагирифта, чи дар хаёти шахси худ ва чи дар рузгори дигарон боиси кинаву кудурат, ранчу озор, хусумати руирост ва хатто бадбахтихои гуш- ношунид мегарданд, ки чунин окибати нопидром хар ин- сони хайрхохро албатта ба домани андеша мебарад. Аз боби он ки бани башар оё медонад у дар асл кист, аз кучо омадааст, рохаш то ба кадом манзил идома меёбад. Ва нихоят агар вай одамизода аст, пас дар ин дунёи пуршебу фароз хабаре дорад аз макоми одаму одамият? Лоакал гузоштаанд? Аз чумла хаким Фирдавси меорад:
Хар он к-у гузашт аз рахи мардуми, Зидевон шумар, машмараш з-одамй.
Хулоса, тарбия мехохад фарзанди инсон, ки аз рузи азал хом аст. Ва ин хомихо факат дар доираи бахра бур- дан аз хирад ва гармии мухаббат ба пухтаги мерасанд. Дар ташаккули ахлоки шоиста тачрибаи рузгор ва ошикона ба мутолиа гирифтани китобхои хуб низ таъси- ри беминнат доранд. Ба якин Гулчехра Мухаммадиева хам мураккабихои хаётро нек медонад, хам аз чашмаи мехри одаму олам бархурдор аст, хам ба кадри сухани сабз мерасад. Ва чи тавре дар чандин таълифи у дидем, ин сифатхо агар тавассути калами дардошно ифода гарданд, хонандаи оди, чавонони бепарво, наврасони хануз но- огах, ба хусус касоне ки аз дарси зиндаги дур мондаанд, хатман сабак меомузанд. Зеро хар чи адиб ба тасвир ме- кашад, гуё аз магз-маи хаёти мардум зухур мекунад. Ба хама неку бадаш…4и ба мухаббат, чи ба разолат, чи ба садокат.
Дар аглаб навиштахои Гулчехра Мухаммадиева ман- зари асоси мехри поки инсонист. Хатто ашхоси пастфит- рат дар гирди хамин чойгах ба сар бурда, аз карда окибат пушаймон, гохо ба дарачаи одамигари мерасанд. Яъне мухаббат кудрате дорад, ки на танхо ба накли маъруф мисхоро зар, балки нокасонро кас гардонад. Вобаста ба ин андеша лоик аст аз персонажхои хотирпазири адиб монанди Хуршеда ва Мурод аз рамани «Чордодарон», Санавбар аз киссаи «Пушаймони» ёдовар шавем. Муал- лиф гуё дидаву дониста мехохад онхоро дар шадидтарин холатхои зиндаги ба тасвир гирад; мехохад натича бар- дорад, ки ин марду занони нексигол оё дар мукобили хи- ёнат ва бухлу хасади баъзе дустон ва хатто нафароне аз табори хеш исодагарй карда метавонанд, ё не… Лекин онхо, азбаски дар дунёи садокат ба обу хоки диёр ва мухаббат ба фарзанди инсон зиндаги карда, чароги адлу инсофро дар дил пайваста фурузон медоранд, дар ба- робари хар гуна разолат шикастнопазиранд.
Банда, масалан, аз тарзи хаёт, пайванди мудом ба хо- наву дари бобои ва сабру тахаммули беинтихои Мурод дар пеши мушкилихо, инчунин аз назари умедбахши у ба печутоби зиндаги мутаассир шудам. Вай хамон мардест, ки факат як бародари ризои буд ба писарони модари худ ва падандараш амаки Рахим. Аммо ба васияти муйсафед хамеша содик монда, на танхо се кудаки ятимро хор накард, балки пайваста захмат кашида, онхоро бе хеч миннат гул хуронд, покиза пушонд, табъи дил ба воя ра- сонд; ягон бор аз нафси хеш наандешида, хатто нахустин ишкашро берахмона пушти по зада, ба кавле охирин ти- нашро хам сарф карда, дар бехтарин мактабхои оли хо- нонд; ба сафи одамони шоён даровард. Дар рохи тарбияи додарони худ Мурод то андозае чоннисор буд, ки муд- датхои дароз ба сари танхо зистанро афзал дониста, ба кулли ранчхои равони токат оварда, чурми яке аз онхоро ба гардан гирифт ва панч соли хаёти чавониашро боз хам ба умеди ояндаи нек дар махбас гузаронд. Лекин хангоме озод шуд, додари гунахкораш, ки акнун прафессор буд, на факат аз кирдори бадаш сархам узр напурсид, балки як руи гарму ду сухани нармро низ арзони надошт. Дигар хам аз вай бех, набуд. Харчанд аз рафтори онхо хонаи ди- лаш зеру забар мешуд, Мурод тавонист ёди падару мо- дарро муттасил азиз дониста, мехрашро ба пайвандон ко- ста нагардонад. Пас ин марди дар хакикат муъмин , ки доим аз даргохи худованд мадад мечуст, аз нав бахту ба- рор ёфт. Ба висоли ишки аввал расид, хонаву дари дигар бунёд кард, сохиби зану фарзандони солех шуд. Ва баро- дарон тадричан аз пасту баланди рузгор ибрат гирифта, боз ба хам омаданд, ки ин гуна хушихои хаёт бе шубха хосили сабр ва мухаббати софи инсонианд.
Дар таълифи Гулчехра Мухаммадиева хусусан симои занон, чи пир ва чи чавон, равшан тачассум мегардад. Аз чумла рафтору кирдор, насаки зиндаги, иродаи махкам ва дили гарми Хуршеда, Санавбар ва ира мисли онхо мо- дарону хохарон хатман дар ёди хонанда мемонанд. Фикр мекунам ин чозиба вобаста ба тарзи баён, тасвири муътамади неку бад дар хаёти одамон, нашъаи ишки поку захри хиёнат, хамчунин мехри азали ба фарзандон ва обу хоки диёр аз сирати худи муаллиф низ сар мекашад. Зеро аз тартиби калам рондани Гулчехра Мухаммадиева возех ба назар меояд, ки у диёри пурбаракати хешро ба кулли мардумаш, ба замину осмонаш, ба хама дашту сахро ва куху камараш дуст медорад. Хатто хар сангу реги вата- нашро ноёб медонад. Дар баробари ин хеч гох аз лавхи хотир намебарад: хам хонадон ва хам механи кас ба ин- сонхои садокатпешаву вафодор мунаввар мемонанд. Дуруг бефуруг аст, дузди ахир фош мегардад, зино нахси меорад, умри кинакаш дароз нест; боги бахил сабз наме- шавад, сабз шавад хам, мева намедихад; дуруя окибат рахгум зада, гаммоз харгиз рузи хуш намебинад. Танхо пиндори нек, кирдори нек ва гуфтори нек мучиби саодати бани одаманд.
Гулчехра Мухаммадиева чандест дар жанрхои гуногу- ни наср кувва озмуда, дар ин арсаи сангин мекушад ахо ли ростини чомиа ва пахлухои пуртазоди табиати инсон- ро, ки дар боло зикр намудем, то хадди имкон мусаллам ба калам дихад. Ва гохо ба талаботи хакконии адабиёти муосир каробат гирифта, дар кори нихоят мушкил муваффак хам мешавад. Азбаски забонаш бадарду сода ва услубиу баёнаш сарчамъ, бехалал ва самимианд, муно- сиби захмати бахиммат хонандаи сипосгузор низ дорад. Хатто китоби публитсистии у «Бонувони Фархор», ки аз фаъолияти созандаи зиёда занони ин нохияи кадим камо- беш дар бадали сад соли ахир мучаз хикоят мекунад, да- лели ошкор аст аз пуркориву садокати Гулчехра Мухам- мадиева ба миллат ва кишвари куханбунёди худ. Мухим- маш адиб марохили насри бадеиро сахл надониста, дар шебу фарози ин пахнои ранч ва нишот кадамхои торафт устувор мегузорад.
Инчунин кобед
Пири берахм – хикоя аз Кароматуллохи Мирзо
Додои Баходур ба охури говхо коху кунчора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи чавро аз …