Главная / Илм / Зардуштия – дини Точикон ва Эрониён

Зардуштия – дини Точикон ва Эрониён

Зардуштия аз маъруфтарин дини бостонии халкхои точику эрони мебошад. Ин дин ба номи асосгузораш Зардушт номгузори шудааст. Он ба хато бо номи дини мачуси ва мугон, низ дар адабиётхои юнониву исломи омадааст. Дини Зардушти аз лихози пайдоиш ва доманаи густариш ба гурухи динхои миллию давлатии хавзаи тамаддуни ориёи тааллук дошта, аз лихози даъват ба худо ва илохиёт ба дини тавхидии чахони тааллук дорад. Чунки аз назари эътикод ба худо зардуштия дар ибтидо яктопарасти буда аст ва худованди вай худои хамаи оламиён. Харчанд дар замонхои баъди то санавият (дутопарасти)-и ва дар давраи сосониён то бисёрхудои ва бутпарасти таназзул карда аст.

zardushtЗардушт кадимтарин мутафаккири шинохтаи Эрони бостон аст. У аз дехконзодагони ориёи буда, падараш Пурушасб аз хонадони Спитоман ва модараш Дагдувия мебошад. Номи Зардушт дар асл Заратуштра (дар заб. аврупои- Зороастра) аз калимаи мураккаби ориёии кухан буда, аз ду калима: «зара» ба маънии «доро» ё баъзе «зард» тарчума кардаанд, дуввумин «уштара» ба маънои «шутур», яъне «сохибуштур», «уштурбон» ё «зардуштур» аст.

Замони зухури уро муаррихон ба замони салтанати Гуштосб (ё Виштасб) яке аз шохони силсилаи каёни- пури Лухросб номида. Аммо таърих ва махалли таваллуди Зардушт аник нест. Як гурух олимон таърихи таваллуди Зардуштро худуди соли 660 (асри VII т.м.), гурухи дигар худуди солхои 1500 – 1000 (байни асрхои XV то X т.м.) тахмин мекунанД.

Махалли таваллуди Зардушт низ мавриди ихтилоф аст. Баъзе гуянд дар шахри Рай, баъзе дар нохияи Мод ( Озарбойчон)шимолу гарбии Эрон, баъзе дар Хоразм ва баъзеи дигар дар Бохтар ба дунё омадааст. Аммо аник аст, ки у даъват ба дини худро дар шарки Эрон ( Бохтар) огоз кардааст.

Ривоятхои бостони ба он далолат мекунанд, ки Зардушт вакти таваллуд бар хилофи одати кудакон механдид. Зардушт дар понздахсолаги назди омузгоре таълим гирифта ва аз дасти у “кушти” \ камарбанди хосаи зардуштиён\-ро дарёфт кардааст. Аз синни навчавони бо хулку хуи хуб буд. Нисбат ба пирону солхурдагон хурмату ёри, нисбат ба чонварон рахму шафкат доштааст. Чун синнаш ба бист мерасад, тарки хонавода карда, ба максади ёфтани хакикати рухони, ба чустучу мебарояд ва дарвеширо пеш мегирад.

Дар сисолаги ба Зардушт чандин каромат ва муъчизоте даст медихад. Мухимтарин ходисае, ки ба Зардушт даст дод, чунин буд. Ногахон хаёли шабахе, ки коматбаланд буд, дар баробари назараш намоён мегардад, ки онро фариштаи “Вахумана” /Бахман/, яъне пиндори нек ном додаанд, ки хамтои Чабраил дар ислом аст. Он фаришта ба у гмефармояд,ки омода бошад то бо у боло рафта, дар пешгохи даргохи “Ахуромаздо”- Худои Хаким хузур ёбад. Вай чунин мекунад. Чун Зардушт

дар он анчумани осмони ва чойгохи барин дарун омад, сояи у махв гардид, зеро партави тобиши фариштагон ва шуохои дурахшони арвохи улви вучуди уро чунон гарки нур сохта буданд, ки сояе аз у боки намонда буд. Пас Ахурамаздо ба у таълим дод ва уро ба пайгамбари баргузид ва фармуд, ки хакикат, ахком ва таълиму таклифхои илохии уро ба оламиён расонад.

Зардуш дар Авасто дар бораи рисолати худ чунин мегуяд:

“ Вакте ки “Вахмана”, “Пиндори нек” назди ман омад ва аз ман пурсиш кард, кисти ва ба ки вобастаи? Ва нишони ту дар ин рузгор чист? Ман бар у гуфтам: “Ман Зардушт душмани дуруг, ки то гояти тавоноии вучуд бо дуруг набард мекунам ва пуштибони неруманди ростгуёнам ва саранчом ба олами бе поён хохам расид ва дар он чо Туро эй Маздо ситоиш хохам кард ва нагмахо ба ёди Ту хохам суруд. /А.:Яс.Хот.43:8/

Туро эй равони пок ва мукаддас, Туро эй Ахуромаздо меситоям, хангоме ки Вахман /пиндори нек/ назди ман омад ва аз ман суол фармуд: « Оханги чи кор дори?» Дар посух гуфтам : « Хурмат ва ситоиши оташи Ту оханги ман аст ва то тобу тавон дорам дар тарики Хак кушиш мекунам, ростиро ба ман нишон дех то уро биталабам!»

Хулоса, пас аз он макошифа ва касби макоми пайгамбари, мувофики ривоятхо, Зардушт бедаранг ба таълиму таргиби мардум ба дини бехин икдом мекунад. Вале дар ибтидо касе ба суханони у эътиборе намедод, пайваста аз мардум ва рузгор чафо ва озор медид. Таълимоти Зардушт ба мухолифати сахти мугон (рухониёни оини оташпарасти) дучор мешавад. У барои интишори таълимоти худ ба дарбори шох Гуштасп (дар Авасто- Виштасп) рох меёбад, пас аз озмоиш ва мубохисахои илмию мазхаби таваччухи шохро ба худ чалб мекунад, вале дере нагузашта бо игвои онхо Зардушт ба зиндон меафтад.

Хангоми дар зиндон будани Зардушт яке аз аспхои дустдоштаи шох сахт касал мешавад. Табибон аз табобати он очиз мемонанд. Зардушт бо истифода аз илмхое, ки дар чавони омухта буд, тавонист он аспро табобат кунад. Баъд аз ин ки дасисахову игвои душманонаш ошкор мегардад, шох ба у аз нав иродатманд мегардад, дар ин байн шахбону низ дини Зардуштро кабул мекунад.

Пас аз ин дини зардушти- «дини бихин» бо дастгирии шох Гуштасп дар каламрави Эрону Турон гох бо зури шамшер, гох аз тарики таргибу ташвик интишор меёбад. Тибки ахбори «Шохнома» Гуштасп дини Зардуштро ба воситаи Исфандиёр дар Эрону Турон пахн мекунад. Фирдавсии хаким зухури Зардуштро чунин тавсиф кардааст:

« Яке пир пеш омадаст сар-сари,

Ба Эрон ба даъвии пайгамбари,

Хаме гуяд аз осмон омадам,

Зи назди Худои чахон омадам. Худовандро дидам андар бихишт,

Мар ин Занду Усто хамунавишт. ..»[1]

Зардушт пас аз интишору ривочу равнаки дини худ боз бист сол умр дидааст. Дар ин муддат ду чанги калоне байни Эрону Турон шудааст ва аз руи ривоятхо Зардушт дар охирин чанг, дар баробари мехроби оташкадаи Балх аз дасти туроние ба катл мерасад. Дар он хангом у хафтоду хафт сол доштааст.

Авесто – сарчашмаи асосии Зардуштия. Зардуштия аз чумлаи динхои сохибкитоб мебошад. Авесто китоби мукаддаси зардуштиён ва гузашта аз ин кадимтарин ёдгории таърихи ва сарчашмаи хатти – адаби, фалсафи ва динии халкхои эронинажод мебошад. Нусхаи аслии Авесто то ба мо омада нарасидааст. Мувофики маълумотхои таърихи ва тахкикоти олимон авалин бор Авесторо Гуштосп ё Доро дар ду нусха бар руи 120 хазор пусти гов ба ранги тиллои навиштааст. Як нусхаи онро дар оташкадаи Гундишопикон ва нусхаи дигарашро дар Истахр пойтахти Эрон гузоштааст. Вакте ки Искандари Макдуни сарзамини Эрону Мовароуннахрро тасарруф мекунад, касри шох, аз чумла китобхонаи Истахрро низ оташ мезананд. Нусхаи дар Гундишопикон будаи Авесторо Искандар гирифта, амр кардааст, ки кисматхои марбут ба тиббу нучумро ба юнони тарчума карда, бакияи онро нобуд созанд.

Умуман Авестои дорои хазор ( 1000) фасл ва аз 21 наск (рисола) будааст. Аз кавли Плиний-донишманди руми Зардушт мачмуан 2 000 000 байт сурудааст. Авастои давраи хахоманиши 815 фасл дошта. Дар давраи сосониён, порчахои парокандаи Авесторо чаъмовари карданд, ки он факат 348 фасл шуда, ки онро низ ба 21 наск таксим кардаанд. Аз 350 х. калимаи Авесто то ба мо хамаги 85 х. калима омада расидааст, ки хамаги шомили 21 наск буда, 5 китоб – Ясно, Виспарат, Вандидод Яштхо, ва Хурд Авесторо дар бар мегирад . Кисмати аз хама кадимтарини Авесто Готхо мебошад, ки 17 боби Ясноро дар бар мегиранд.

[1]   Ниг. Абулкосим Фирдавси. Шохнома.-Ч.6. Душанбе:- «Адиб».1989.- С.88.-ва83-115.

Дар борамон

Инчунин кобед

Bez-nazvaniya-27

Сохти гуруххои хурд

Зери мафхуми сохти гурухи хурд, сохт ва хусусиятхои мавчудаи му- носибатхои байнихамдигарии аъзо- ёни он …

222222222222222