ШАХРИ МАККА– гахвораи ислом, низ аз хеч гуна сохтори сиёсии мувофик ба фахми имрузаи мо бархурдор набуд. Дар он асосан кабилаи Курайш бартари дошт. Ягона ташкилоти сиёсии кабила шурои шайхони кабила ба шумор мерафт, ки барои халлу фасли ихтилофхои байни кабилавию авлоди гох-гох дар махалле бо номи “Доруннадва” чамъ мешудаанд. …
Муфассал »АРАБИСТОН КАБЛ АЗ ИСЛОМ
Чазиратулараб аз назари чугрофи хаддиакал ба се минтака таксим мешавад: Арабистони Чануби, ки сарзамини Яман ва Хадрамаутро дар бар мегирад, Арабистони Марказию Гарби, ки минтакаи Тихома ва Хичозро фаро мегирад ва нихоят Арабистони Шимоли, ки дар сархадхои шимолии Шом \ Сурия\ ва Ироки муосир интихо меёбад. Кисмати зиёди ин сарзаминро …
Муфассал »Ислом – Пайдоиш ва таърих
Ислом–сеюмин дини соми (иброхими) ва охирин дини чахони аст. Вай дар нимаи аввали асри VII дар нимчазираи Арибистон, ки арабхо онро “Чазиратулараб” гуянд ба арсаи вучуд омад. Ин дин дар хамсоягии минтакае зухур кард, ки чоррохи бархурди тамаддунихои бузурги таърихи буда, накши арзандае дар тамаддуни чахони гузошта аст. Ин …
Муфассал »ФАЛСАФАИ МАСЕХИ (схоластика)
Дини насрони низ чун динхои дигари чахони дорои мактаби фалсафаи хосе мебошад. Метавон поягузори фалсафаи илохии насрониро Августини Саъид ( Аврелий ) (354-430 м.) номид. Фалсафаи илохии насроният дар заминаи синтези фалсафаи навафлотуни ва сарчашмахои мазхабии яхудиву насрони алалхусус Библия ташаккул ёфтааст. Августин дар тамоми тули куруни вусто то зухури …
Муфассал »Рахбоният, зухд ва ирфон дар масехият
Сарчашмаи зухд ва рахбоният дар дини масехи нахуст худи Библия буд. Аз чумла, суханони хаввори Павел, ки мегуфт. «Муъминони эсавиро аз зан ва мард шоиста аст, ки ба танхои зиндаги карда, душиза бимонанд». Аввалин шахсе, ки ба ин рох рафта– куддус Антони аз ахолии Миср буд. Дар давраи аввал рахбоният …
Муфассал »Маросимхои дини Насрони
Аз маъруфтарин маросимхои ибодатии насрони хафт «фарз» ё «асрор» (таинство) номида метавонд. Он хафт мукаддасот ё асрор (фарзхо), ки хам православхо ва хам катуликхо кабул доранд, аз гусли таъмид (крешение), тадхин( ашои раббони, (рус.-причащение, лот. -евхаристия), такдис (священство), тавбаву икрор (покаяние, исповед), тадхини майит(миропомазание), никох ва санавбарсузи (елосвящение) иборатанд. Аз …
Муфассал »Провославия чист ва таърихи пайдоиши он
Провославия ё Калисохои Ортодокси Шарки бар- хилофи католикхо дорои як калисои маркази намебошад. Вай дар тули таърихи тахаввули худ ба 15 калисои автокефали (мустакил): калисохои Константиния (Костантинопол), Искандария, Антокия, Иерусалим, Руссия, Гурчия, Сербия, Руминия, Кибризия, Элладия, Албания, Булгори, Лахистон, Чехославакия, Амрико таксим шудааст. Усули дини православи дар анчумани чахонии Нико …
Муфассал »ТАХАВВУЛОТИ МАЗХАБИИ НАСРОНИ
Маълум, ки дини насрони дар заминаи дини яхудия ба вучуд омад ва асосгузори он Эсо аз яхудиён буд. Аммо чун дини насрони охиста-охиста берун аз худуди миллати яхуд ва Фаластин нуфуз кард ва дар каламрави империяи Рум густариш ёфта, кам-кам сурати дини мустакилро мегирифт. Шогирдони Эсои Масех дар чараёни густариши …
Муфассал »ТАЪЛИМОТИ АХЛОКИИ МАСЕХИ
Агар фаразан, соф чихати худошиноси ва дигар масъалахои динию мазхабиро истисно кунем, барчастатарин ва мухимтарин чихати талимоти масехи ахлокиёт ва маънавиёти он аст. Асли таълимоти ахлокии у мухаббат ба инсон ва мукобилият накардан ба зулму хушунат мебошад. Асоси фалсафии таълими ахлокии масехият галаба бар адоватухушунат аз тарики мухаббат аст. Яке …
Муфассал »АСОСИ БОВАРИ ВА ТАЪЛИМОТ ДАР ДИНИ НАСРОНИ
Асоси боварй ва таълимот (усули дин)-и масехиён иборат аз мавзухои зерин аст: боварй ба мукаддас ва вахй будани китоби «Библия»; боварй ба Худо дар се симо (икнум): Падархудо, Писархудо(- Эсои Масех=Иисус Христос), Рухулкудс, боварй ба имкони пок намудани гунохон ва начоти инсон аз нахустгунох; боварй ба накши миёнаравии калисо; боварй …
Муфассал »