Главная / Илм / хангоми дохил шудан ба хочатхона

хангоми дохил шудан ба хочатхона

Инсон одатан баъд аз хоб бархостан барои казои хочат ба хочатхона дохил мешавад. Барои мухофизат аз зарархои рухию чисмони аз чинну пари Паёмбар (с) дуои зайлро ба мо таълим додааст. Хазрати Зайд ибни Аркам (р) аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки фармуданд:images-13
«Маконхое, ки (шумо барои казои хочат мераведу истифода мекунед) чои чамъшавии шайтонхост. Пас, вакте яке аз шумо дохил шудан хохад, ин дуоро бихонад:
«Аллохумма инни аъузу бика мина-л-хубси ва-л-хабоис».
«Худоё ! Ба ту аз бадии шайтонхо панох мебарам, (чи аз чинси мард бошад ва чи аз чинси зан».
Хазрати Анас (р) ривоят мекунад, ки худи Паёмбар (с) пеш аз дохил шудан ва рафтан ба казои хочатхона хамин дуоро мехонд.
Як масъала: Бояд донист, ки дуои мазкурро хангоми хорич шудан ва берун рафтан аз хочатхона бихонад ва агар фаромуш кард, вакти казои хочат нишастан набояд онро бо забон бихонад, албатта метавонад ба дил биёрад, зеро баъд аз нишастан барои казои хочат хондани хар навъ зикру дуо ба забон мамнуъ аст. Аллома Навави дар ин хусус мефармояд: «Хангоме ки барои казои хочат нишастааст, ёди Худо кардан ва сухан гуфтан макрух аст, хох дар сахро бошад ё дар хона ва хар навъ сухан ва зикр хамин хукмро доранд».

Дар борамон

Инчунин кобед

jubron-xalil

Чуброн Халил Чуброн

ЧУБРОН ХАЛИЛ ЧУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар дехаи Башраи Лубнон  …

222222222222222