Ибораи инкишофи психика ва шуур дар ду маврид истифода бурда меша вад: якум, дар мавриди баёни инкишофи таърихӣ ё таҳаввулоти психика; дуюм дар мавриди ифодаи инкишофи психикии фарди алоҳида. Мавриди аввал, ки филогенез (аз юн. филесулола, намуд ва генезис-баромад, пайдоиш)-и психика низ номида шудааст, дар мавзӯи сеюми ҳамин боби китоб …
Муфассал »Архивы за день : 26.04.2024
Психика ҳамчун предмети тадқиқоти
Психика мафҳуми марказии психология мебошад. Аз қадимулайём мутафаккирон дар атрофии мазмуну моҳият ва табиати ин мафҳум баҳсу мунозира менамоянд. Мубоҳи- сони ин масъала асосан аз ду мавқеъ, мавқеи идеалистӣ ва мавқеи материалистӣ баромад мекунанд. Идеалистон аз замони Афлотун ва қабл аз он то имрӯз даъво доранд, ки идея, рӯҳ, психика аз азал вуҷуд дошт …
Муфассал »Пайдоиш ва инкишофи психологияи илмӣ
Таҳаввулоти бисёрасраи афкори мухталифи фалсафию иҷтимоӣ ва табиатшиносӣ дар охири асри XIX имконият фароҳам овард, ошкор гардад. Ҳақиқати психикӣ чун предмети тадқиқоти илмӣ мувофиқи ақидаи психолог ва таърихнигори рус М.Г.Ярошевский бар пояи панҷ самти инкишофи донишҳои илмӣ устувор аст.Самти аввал бо номи табиатшиносони немис Г.Ф.Гелмголтс, Э.Г.Вебер, Г.Т.Фехнер ва олими голландӣ …
Муфассал »Инкишофи тасаввурот дар бораи предмети илми психология
Психологияи ҳаётӣ ҳанӯз аз афкори психологии одамони қадим сарчашма гирифта, давра ба давра ташаккул ёфтааст ва самтҳои гуногуни инкишофи он дар марҳалаи муайян ба тадқиқоти илмӣ бархурда, заминаҳои психологияи илмиро ба вуҷуд овардааст. Раванди таҳаввулоти донишҳои психологӣ таърихи ниҳоят дурудароз дошта, якчанд марҳаларо дар бар мегирад. Марҳалаи якуми инкишофи донишҳои психологӣ …
Муфассал »Психология ва донишгоҳи психологӣ
Олами воқеӣ, ки аз ашёву ҳодисаҳо, набототу ҳайвонот, одамон ва муносибатҳои байнионҳо иборат аст, барои ҳамаи мо ошно ва ҳамчунин умумию ягона мебошад, зеро он ҳақиқат аст, ҳақиқате, ки моро иҳота намудааст Дар баробари ин, олами дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки он низ барои ҳар яки мо шинос аст, валебарои …
Муфассал »