Аз назари фиқеҳони киром гӯш низ дорои манфаз ба сӯи димоғ
дониста шудааст. Бинобар ин, чаконидани ҳар гуна доруи моеъ ва ё
равған ба гӯш ва ҳамчунин шустани он рузаро фосид мекунад.
Аммо аз назари илми анатомия имруз ба таври дақиқ муайян гар-
дидааст, ки агар пардаи гӯш накафида ва ё шикоф нашуда бошад, ди-
гар ҳеҷ манфазе аз он ба димоғ вуҷуд надорад. Бинобар ин, Маҷмаи
фиқҳи исломи чаконидани ҳар гуна дору ва равғанро дар гӯш ва ҳам-
чунин шустани онро бо маҳлулҳои махсуси тибби ғайри шиканандаи
руза донистааст. (Карори Маҷмаи фикҳи исломи дар бораи масоили
муосир дар боби руза дар охир зикр мегардад).
Tags Рамазон
Инчунин кобед
Принсипҳои таҳлили лоиҳаи инноватсионӣ
Дар асоси амали лоиҳавӣ ба фаъолияти сармоягузорӣ ва инноватсионӣи корхона принсипи воридшавии пулӣ мавҷуд аст. …