Дар аморати Бухоро, аз чумла, Бухорои Шарки хочагии қишлоқ асоси иктисодиётро ташкил мекард. Замин ба категорияҳои: амлоки, амири, вақф, мулк тақсим мешуд. Хочагиҳои дехдони аз ду сеяки ҳосил андоз медоданд.
Дар баробари андози асоси аз замин зироаткорон боз кушпули, кавсан, обчувозпули, миробона медоданд. Илова аз ин, андозҳои дигар, ба монанди закот, аминона, дуконпули, тарозупули, гузаргохпули, дарвозапули, рохпули ва айраҳо мехнаткашонро бенаво ва хонахароб менамуданд.
Дар ин давра дар худуди Бухорои Шарки низ ба табақаҳо чудошавии деҳқонон мушоҳида карда мешуд. Қисми асосии замин ба дасти табақаи болои гузашт. Масалан, дар ҳудуди Ҳисор, Шаҳринав ва Регар табақаҳои болои 76 % хочагиҳоро ташкил намуда, 45, 6% заминҳои обёришавандаро соҳиб буданд, 28 % хочагиҳои деҳқонони камбағал ҳамаги 1% заминҳои обёришаванда доштанд. Чунин вазъит дар ноҳияҳои Бухорои Шарқи чой дошт. Аҳволи деҳқонони ноҳияҳои Ғарбии Бадахшон, махсусан вазнин буд. Дар ин ноҳияҳо заминҳои корам хеле кам буда, тамоми замин дар ихтиёри бойҳо буд.
Дар чор ноҳияи Бадахшон 14190 нафар аҳолии (1303) хочаги, ҳамаги 3066 га замин дошт.
Ҳамин тариқ, дар натичаи инкишофи муносибатҳои молию пули ба чудошавии табақаҳои аҳоли оварда расонд ва сафи бенавоён меафзуд. Аввалин коргарони маҳали аз ҳисоби деҳқонони бенавогашта ташаккул меёфтанд. Деҳқонон дар чустуи кор ба шаҳрҳо рафта, ба сифати мардикор, коргарони мавсими дар корхонаҳо кор мекарданд. Мардикорони точик бо коргарони рус дар корхонаҳои саноати кор карда, тамоми азобу машаққати истисмори капиталистиро аз сар мегузарониданд.
Робита бо пролетариати рус дар чараёни ташаккули синфи коргари точик саҳми бузург бозид. Мӯҳочи ва зиндагии қашшоқона мардумро ба мубориза бархезонд. Ин мубориза таҳти ояҳои инқилоби солҳои 1905-1907 боз ҳам шиддат гирифт.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …