Главная / Илм / Ақволи уламо дар бораи Имом Аҳмад

Ақволи уламо дар бораи Имом Аҳмад

Имом Шофеъӣ мегўяд: «Аз Ироқ берун омадам ва касе беҳтару донотар ва зоҳидтару ботақвотар аз Аҳмад ибни Ҳанбал дар он набуд».
Қутайба ибни Саид мегўяд: «Бо марги Суфёни Саврӣ зуҳду беолоишӣ аз байн рафт, бо марги Шофеъӣ суннатҳои Расулуллоҳ (с) аз байн рафтанд ва бо мурдани Аҳмад ибни Ҳанбал бидъатҳо ошкор хоҳад шуд».
Яҳё ибни Маъин мегўяд: «Аҳмад ибни Ҳанбал хислатҳое доштанд, ки дар каси дигар надидаам. Вай муҳаддис, ҳофиз, олими ботақво, зоҳид ва оқил буданд».
Имом Бухорӣ мегўяд: «Ҳангоме ки Аҳмад ибни Ҳанбал шаллоқ зада мешуд, дар Басра будем. Абўвалиди Таёлисӣ мегуфт: «Агар Аҳмад ибни Ҳанбал дар банӣ Исроил мебуд, забонзади онҳо мешуд».
Абузаръаи Розӣ мегўяд: «Дар миёни ёрони худамон касеро донотар аз Аҳмад ибни Ҳанбал намешиносам».
Яҳё ибни Маъин, ки аз устодон ва ҳамтоёни Имом Аҳмад мебошад, мегўяд: «Мардум аз мо мехоҳанд, ки монанди Аҳмад ибни Ҳанбал бошем. Савганд ба Худованд, тавони таҳаммули шиканҷаҳоеро, ки Аҳмад ибни Ҳанбал кашидааст, надорем ва наметавонем он роҳеро, ки Аҳмад ибни Ҳанбал мепаймояд, бипаймоем».

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222