Главная / Илм / Абуалӣ Сино дар 34 солагӣ чиқадар молу мулк дошт?

Абуалӣ Сино дар 34 солагӣ чиқадар молу мулк дошт?

ВАЗИРИ ҲАМАДОН

«Синни ман аллакай ба сиву чаҳор расидааст, – аз фикр мегузаронд Абуалӣ, ба тарафи дарбори ҳокими Ҳамадон рафта истода. – Ин айёми ҷамъбасти самараҳои нахустини ҳаёти инсон аст. Айёмест, ки аллакай таҳкурсиву деворҳои иморати зиндагй сохта шуда, барои комилан аз даст баромадани бино танҳо бомашро пушондану дарунашро андовидан боқи мемонаду бас. Аммо таҳкурсии бинои ҳаёти ман канй?! Баландии иморати умрам чй кадар аст?! Ҳанӯз аз сад яки накшаву андешаҳоямро амалй нагардондаам, кариб умуман коре накардаам. Пас, ман ба хотири чй зиндагй мекунам?».

sino-34Сипас ашъоре, ки начандон пеш аз ин дар роҳ эҷод карда буд, ба хотираш омаданд:

Ай кош, бидонаме, ки ман кистаме, Саргашта ба олам аз пайи чистаме! Гар муқбилам, осудаву хуш зистаме, Варна ба хазор дида бигристаме!

– Гиря кунам?! – мегуфт ӯ худ ба худ. – Не, набояд гирист!

Агарчи ҷаҳони ботинашро ғаму андуҳи зиёде фаро гирифта буд, худро бо шеърҳои худ тасалло мебахшид:

З-он пеш, ки аз ҷаҳон фурӯ мони фард, Он бех., ки набоядат пушаймони х (в) ард!

Имруз бикун, чу метавони, коре, Фардо чи куни, чун натвони кард?!

Ин сатрҳоро дар вакти ҳаёти қашшоқонааш, дар корвонсаройи Чурчон эҷод карда буд. Он вакт ӯ рузе чанд маротиба пулҳояшро мешумурду гуруснагиву нодорй маслиҳаташ медоданд, ки нисбат ба чанд варак оази холй нони ҷави арзон харидан бехтар аст.

Ба дарбор Абуалиро даромадан намонданд.

– Чнби Олй саргарми базманд, – мегуфтанд ӯро. – Ғалабаашонро бар болои Ҳилол ид мекунанд!

– Ман ба эшон кори заруре дорам, – кӯшиши гапгузаронй менамуд Абуалй.

– Боке надорад, кори шумо куҳна намешавад, аз кори ҳазрати Шамс заруртар набудагист!?

Баъд кадом амалдори дарбор берун омад.

-Эшон Тулмулк, муқарраби худи Амир Шамсанд, ба он кас муроҷиат бароед, чораи коратонро меҷӯянд, – мегуфтанд ба Абуалй.

Тулмулк аввал тавдорона ба ри Абуалй нигариста, сонй ба кушодани мактуби Саййида сар кард.

– Бону ба ман гуфта буданд, ки ин мактубро шахсан ба дасти худи ҷаноби амир расонам, – гуфтанй буд Абуалй.

Вале Тулмулк якбора сухани ӯро бурид:

– Чнби Олй ба ман рухсати хондани ҳама гуна номаро додаанд!

Фиристодаро шитобкорона хонда, тарафи Абуалй чашм духт.

– Бону менависанд, ки шумо донишманде бузургу ҳакиме номй ҳастед. Аммо ман шуморо намешиносам. Вакте ки ман шуморо намешиносам, бармеояд, ки шахси он қадар машхуре набудаед. Дар доираи дарбори амири моён табибони зиёде ҳастанд. Шукри Худой, ҳазрати амирамон сивдату саломатанд ва ба табиб эхтиёҷе ҳам надоранд! Шуморо лозим меояд, ки аз ягон ҷойи дигар ҷустуҷӯйи хидмат кунед. Факат илоҷи шуморо ба котибй кабул намудан ҳасту бас. Аммо котибонамон ҳам аз ҳад зиёданд, ҳама сохибмаълумот ҳам шудаанд. Андаке сабр кунед, агар ягон котиб мурад, он гоҳ шуморо дар ҷойи ӯ ба хидмат таъйин мекунам.

Абуалй давоми суханонашро шунидан нахост…

Аз каср баромада ҷониби корвонсарой равон шуд.

«Табиб, ба ҳар ҳол, на танҳо барои ҳукамо даркор аст», – аз фикр гузаронд ӯ.

Онҳо дар корвонсарой рахти икомат густарданд.

Баъди чанде ба назди Абуалй беморон меомадагй шуданд, баъзеи онҳоро бардошта ҳам меоварданд.

Чурчонй ба устодаш ёрй мерасонд.

  • Ман то ҳол аз хунару истеъдоди шумо дар ҳайратам, устод, – мегуфт ӯ. – Ҳозир марде омада буд, ки ҳатто сабаби касалиашро дуруст фахмонда наметавонист, аммо шумо захми меъда доштанашро дарҳол муайян кардед. Охир, шумо даруни шиками ӯро надида будед?
  • Набз ин ҳаракати шарёнҳост, ки аз фишор ёфтану васеъ гаштан пайдо мешавад, – гуфт Абуалй. – Муддате ман давраи фишорёбиро берун аз назар мегузоштам. Сонй таҳқиқу муоинаро то дами эҳсоси тамоми зуҳуроти он давом додам. Баъди ин дарҳои рози набз ба руям во шуданд. Ҳоло фарки миёни набзи муътадил ва ғайримуътадилро ба осонй фахмида метавонам, – идома медод ӯ.

Чурчонй хотираву аъсобашро фишор медод, кӯшиш менамуд, ки ҳама чизро дар ёдаш нигах, дорад.

  • Набз афтодаву ларзида, ситабру борик, оҳуйиву мурчагӣ, аррагиву думимушӣ, ҷуволдузиву дузахмӣ, миёнаву баланд, афтодаву ларзанда, дарозу кӯтоҳ, азиму хурд, тезу муътадил, ҳамвору тиҳӣ ва тангу дирангй мешавад. Ва ҳамаи ин анвои набзро фарк карда тавонистан лозим аст!
  • Ман инро дар ягон китоби тиб нахондаам! – дар тааччуб меафтод Ҷурҷонӣ.
  • Ин нукта дар ягон китоб нест, – розй мешуд Абӯалӣ. – Оид ба набз ман рисолаи махсусе хоҳам навишт, ки он, мумкин аст, ба «Қонун» дохил шавад. Афсус, ки алҳол кам андар ками табибон ҳаракати рагҳоро фарк карда метавонанд. Баъзеи касалиҳоро, алалхусус ба чашм ноаёнашонро, ман факат аз ри таири набз муайян мекунам. Табиати набз ба табиати мусики шабоҳат дорад. Аз ри ихтилоли таносуби набз ҳар гуна касалии пушидаро ёфтан мумкин аст.

Начандон дуртар аз Ҳамадон Кадбонуя ном ҳокими хурде зиндагй мекард.

Дандонҳои ҳоким ликконак шуда буданд. Онҳо ҳанӯз аз овони бачагиаш сусту касалй буданд, аммо ҳозир себро ҳам газида наметавонист.

Хучаини корвонсарой хеши дури Кадбонуя буд. Рузе ҳар ду вохурданд ва саройбон ба Кадбонуя аз хусуси табиби аҷибе, ки дар корвонсарой икомат дорад, ҳикоя кард.

  • Ҳидоятгари дастони ӯ худи Худост! – такрор менамуд ӯ ба вачд омада.

Кадбонуя ба Абӯалӣ номае навишт. Дар мактубаш табибу аҳли хонаводаашро ба хидмат даъват намуда, ҳолати касалии худро тасвир карда буд.

Абӯалӣ мисли пештара аҳлу аёле надошт. Танҳо шогирд, дуст ва дастгираш Ҷурҷонӣ ҳамроҳаш буду тамом.

Онҳо ҳамроҳ ба назди Кадбонуя омаданд.

Муолиҷаи ҳоким ягон кор буд.

Хидматгор аз Ҳамадон катрони зифт овард. Абуалй аз ин катрон, мумиё ва асал маъҷуне тайёр намуд. Ин омехтаро Кадбонуя бояд доимо хойида мегашт. Маводи нофеи маъҷун дар ин асно ба вораҳо гузашта, дандонҳо мустахкам мешуданд.

Баъзан ӯ хандон-хандон хидматгореро наздаш хонда мефармуд:

  • Дастатро шуста, канй як ба ана ин дандони ман бирас!

Хидматгор бечуръатона ба дандонҳои пеши Кадбонуя даст мерасонд.

  • Бирасон, бирасон, натарс!

Хидматгор боҷуръаттар ангушт мерасонд.

  • Мебинй, тамоман аз ҷунбиш мондаанд! Маълум мешавад, ки на ҳамаи табибон дурӯуянд!

Кадбонуя ҳокими хеле ҳам хурде буд. Ва, шояд, аз ҳамин сабаб бошад, ӯ ба тарзи хоса худнамой мекард. Ба тамоми тобеони худ унвону лақабҳои болохонадор дода буд. Ба Абуалй ҳам унвони «Шамсулмаолй»-ро додан мехост.

Муоинаи табиб ӯро хуш омада буд. Абуалй ӯро ҳар рӯз муоина менамуд. Кадбонуя дароз мекашид, шиштухез мекард, гоҳо шах мешуду гоҳо нафаси хирросие мебаровард. Вале дар ҳама ҳолат ӯ қиёфаи мутакаббиронаву мутантани худро нигоҳ доштан мехост.

Абуалй тамоми шав-шуву садои бадани Кадбонуяро меомухт. Чй гуна ва аз куҷо садо баровардани қафаси синаро месанҷид. Ҳамаи тағйироти набзашро хуб дар хотир мегирифт ва дар ҳайрат овардани ҳокими худро дуст медошт.

  • Ҳоким имшаб бофароа нахуфтаанд, пагохй каме ба ғазаб омадаанд, – мегуфт Абуалй.
  • Дуруст, – дар ҳайрат мемонд Кадбонуя аз зиракии табиби худ. – Тамоми шаб сагон уллос мекашиданд, пагохй барои ҳамин ман хидматгоронро сарзаниш кардам.
  • Ҳокимам гушти барра хурдаанд. Гушт аз андоза зиёд бирён шуда будааст, – мегуфт Абуалй, меъдаи Кадбонуяро даст-даст кардаву набзашро санҷида.
  • Тамоман дуруст! – боз дар ҳайрат меафтод Кадбонуя. – Ман аллакай ҷазои ошпазамро додам!

Дандонҳои ҳоким тамоман мустахкам шуданд. Абуалй дарди сари девондор ва исҳоли писарашро ҳам муолиҷа намуд.

Саҳаргоҳон мисли пештара беморонро қабул мекард. Бисёриҳое, ки табобаташонро дар Ҳамадон сар карда буд, низ меомаданд, зеро Ҳамадон начандон дур буда, рохи миёна ҳамагй ду-се фарсах дарозй дошт.

Дар корвонсаройи Ҳамадон ӯ танҳо чарроҳиҳои одй – шикастабандй ва даровардани сутунмухраҳои баромадаро ба ҷой оварда метавонисту бас. Дар ин ҷо, дар хонаи васеву равшан ӯ санги обдони бемореро, ки борҳо назди вай ба корвонсарой омада буд, дур андохт. Олоти ҷаррохиаш кухна, аз ҳамонҳое, ки ҳанӯз Қамарй дар Бухоро туҳфа карда буд ва аз ҳамонҳое, ки дар Хоразму Гурганҷ устоҳои сохибтаҷриба мувофики нашҳои худи Абуалй сохта буданд, иборат буданд.

Дар ҷарроҳиҳо Чурҷонй ҳамдастй менамуд. Абуалй ғурри бинии чандин беморонро дур карда, захми чашми як писараки панҷсоларо муолиҷа намуд.

Аз чаррохии чашм ифтихори махсусе дошт.

  • Хусусияти ин касалиҳоро ҳатман дар «Кнун» тасвир бояд кунам, – мегуфт ӯ шабона ба шогирдаш, – то ҳар як табиб усули ҷаррохии онҳоро омухта тавонад.

Чурчонй таълифотро сафеднавис мекард.

  • Устод, имруз ман бист саҳифаро руйбардор кардам, аммо боре ҳам номи Илохиро дучор наомадам, – мегуфт баъзан Чурҷони.

– Бале, дуруст пай бурдаи! Онро дар як-ду ҷое, ки салоҳ медонй, илова бикун!

Он гоҳ Чурҷонии покизакор ибораи «ва ин бемориро давои зикршуда шифо мебахшад»-ро ба таври «ва ин бемориро бо мадади Илоҳй давои зикршуда шифо мебахшад» тахрир менамуд.

Го дар вакти муоина Кадбонуя мепурсид:

– Абуалй, магар ин рост аст, ки ту ҳамон Ибни Синое ҳастй, ки ӯро Султон Махмуд ба хидмати дарбораш даъват менамояд?! Мегуянд, ки ҳатто вай чихил тасвири туро ба шахрҳои мухталиф фиристодааст. Боз мегуянд, ки сурати ту дар дасти амири моён Шамсуддавла ҳам будааст?!

– Бале, султон маро даъват карда буд, – ҷавоб гардонд Абуалй.

– Худи султон туро даъват мекунад, аммо ту ба ҳузураш намеравй! – ба ханда сар кард Кадбонуя ва баъд аз ғуруру такаббур ба фаххос даромад. – Султон даъватат мекунад, аммо ту дар хидмати манй…

Шиками амири Ҳамадон Шамсуддавла ба хала даромад.

Начандон пештар ӯ дар саросари дарбор базм ороста, ғалабаҳои ҷангии худро          шн мегирифт, дар

тамоми гирду гуша мансабдорони ширакайф сарсарй мегаштанд. Ҳоло саросари дарборро хомушй фаро гирифта буд.

Хидматгорон охиставу бесадо кадам зада, ба ҳамдигар пичирросзанон мегуфтанд:

– Ором! Шиками амир дард мекунад!

Танҳо як одам-худи амир доду фарёд мебаровард.

Амир Шамс аз марг метарсид. Аз банди дасти муқаррабони худ сахт дошта, ба чашмонашон нигариста мепурсид:

-Табибон чй гуфтанд?! Аз ахтаршиносон пурсидед?! Толеи ман дар куҷост?!

Аз нишон додани толеъ ба Шамс мулохиза мекарданд.

Мувофики пешиии ахтаршиносон Шамс дар ҳамин рӯзҳо ба муваффакиятҳои азими ҷангй ва нияту хохишҳояш нойил мегардид.

Аммо вай сар ба болин ниҳода, аз ояти дард ба худ мепечид, доду нола мебаровард, ҳакорату дашном медод.

Ногаҳон ба хотири Тулмулк Ибни Сино омад.

«Дар бораи ӯ ба Шамс гуфтан лозим, – карор дод Тулмулк. – Агар ин табиб аз дард наҷоташ диҳад, ман барои ӯро овардан инъом хоҳам гирифт. Агар табобат карда натавонад, ҷазо насиби худи табиб хоҳад шуд. Кори ман – овардан».

Дар танаффуси миёни хурӯҷи касалй, вакте ки Амир Шамс базур-базур оҳу нола мекард, Тулмулк ӯро аз Абуалй, ки ҳамрохи муаррифиномаи худи Саййида омада буд, вокиф гардонд.

– То ҳол дар андешаи чй будй!? – доду фарёд бардошт Шамс, дардро фаромуш карда. – Ту ҳам мисли инҳо, – амир табибони дарборашро нишон медод, – маро куштан мехохй?! Зудтар аз пайи ҷустуҷӯйи ӯ шавед!

Саворагон ҷониби корвонсаройҳо шитофтанд.

– Ҳа, ҳамин хел як табибе буд, – гуфт хуҷаини корвонсаройи аз ҳама кашшоктарин, – ҳоло ба хидмати Кадбонуя рафт. Бисёр беморонро муолиҷа мекард. Баъзеҳо акнун ба ҳамон ҷой барои табобат мераванд.

– Кадбонуя тобеи ман аст! Табиби ӯро ситонед! – фармон медод Шамс.

Рузи дигар Абуаливу            Чурҷонй     боз вориди

Ҳамадон шуданд.

Онҳоро сипохиёни Шамс мебурданд. Сипохиён онҳоро дар вакти рахтбандй чунон саросема карданд, ки ба назари Абуалй кавлашон дурӯғ намуд.

– Ҳамагй чандрузакак пештар Шамс сихдату саломат буд. Шояд ӯ моро ба сифати туҳфа пешкаши Султон Махмуд фармуданй бошад?! – маслиҳат мекард ӯ бо Чурчонй. – Агарчи то ҳол Шамс аз дустии султон канора мечуст… Дар роҳ як гурехтанро намесанҷем?!

Сипохиён онҳоро таъкиб менамуданд, аз ин рӯ, имкони гурез пайдо нашуд.

Ҷурҷонӣ дар беруни дарбор интизори устод меистод.

Абуалиро даруни дарбор бурданд. ӯро ҳамон Тоҷулмулк истикбол гирифт. Акнун Тоҷулмулк хушнудона калла меҷунбонд. Абӯалӣ аллакай а,з хонаҳои дарун оҳу нолаи Шамси беморро мешунид. у фахмид, ки фиребаш надода будаанд.

Ҳолати касалии Шамсуддавла равшан буд: ҷароҳати меъда ва рӯдаҳо. Айни ҳамон таърихе, ки бо амири Бухоро рух дода буд. Гӯё тамоми амирони кабир маслиҳат кардаанд, ки гирифтори бемории якхела мешаванд.

Абӯалӣ хохиш кард, ки фавран доруи пасткунандаи дард омода намоянд. Маъҷун аз зира, тухми ҷаъфарӣ, тухми зардҷома, бодоми талхак ва чанд ашёи дигар таркиб меёфт. Ва ҳамаи инро бо асал омехтан лозим буд.

Маъҷунро табиби дарбор омода мекарду худи Абӯалӣ ба тарзи дорусозии ӯ назорат мебурд.

Муддати кӯтоҳе нагузашта ҳолати саломатии Шамс бехтар гардид. Абӯалӣ ҳамчунин фармуд, ки барои нишондани дарди рӯдаҳо киёми хулбу тайёр кунанд.

  • Хуб, ҳамон табибе, ки аз Рай, аз назди беваи бародари мархуми ман омада буд, ту ҳастӣ?! – пурсид Шамс дар ҳолате ки Абӯалӣ ӯро бодиккаттар муоина менамуд.
  • Бале, манам, – Абӯалӣ хост, ки номаи муаррифиро аз ҷайб берун орад.

– Мактуб лозим нест! Коре, ки ҳозир анҷомаш додӣ, бехтар аз ҳар гуна мактубе туро мешиносонад!

Абӯалӣ наши муолиҷаро фикр карда баромад. Дорувориҳои борҳо санҷидашударо ба руйхат гирифт. Руйхат аз решаи суъд, зирадона, кундури суда, зифти бутм, равғани хно ва таркиботи дигар иборат буд.

Ҳамин дам барои Шамс ҷоми шароб оварданд. Пеши Абӯалӣ ҳам кадаҳ ниҳоданд.

– То гоҳи ба куллй сиҳат ёфтан аз ин чиз андаке парҳез мебоист кард, – гуфт Абуалй. – Ман мукобили майхурй нестам, ба шарте ки он манфиат бахшад. Аммо ҳозир андаке ҳам аз шароб истеъмол фармоед, боиси таҷаддуди дард мегардад ва, ҳатто, дар илош музтар мемонем.

– Хайр, майлаш, бибар! – фармон дод Шамс ба хидматгор. – Фақат       шёр бош, боз дар роҳ нанушй!

Абуалй аз ҷой бархост.

– Ба куҷо?! – дар тааҷҷуб афтод Шамс. – Аввал шаробнуширо манъ кардй, акнун худат меравй?! Агар касал бошам, ту бояд дар хузури ман истй! Агар сихдат бошам, иҷозати шароб бидеҳ!

– Дар беруни дарбор маро… хешбачаам интизор аст, – гуфт Абуалй. – у ҷойи рафте надорад.

– Пас, чаро хомуш истодй? – дар ҳайрат омад Шамс. – Зудтар мегуфтй намешуд?! Ҳама коре мекунанд, ки пули маро ба илоҷе ситонанд, аммо ту хомуш истодай! Ғами хешбачаи туро мехуранд. Барояш хона ёфта медиҳанд. Аммо барои худат аз касри ман хонаи алохидае чудо мекунанд.

Абуалй ба табобати                 амири Ҳамадон –

Шамсуддавла муддати дурударозе машғул гардид.

Дарду халае, ки гоҳо пайдо мешуд, он кадар таъсире надошт. Рафта-рафта касалй тамоман нопадид шуд.

– Канй, имруз иҷозати майнӯшй медихй?! – мепурсид Шамс ҳар рӯз.

Доруворй таъсири нек мерасонд. Абуалй ҳис мекард, ки захмҳо аллакай баҳам омадаанд. Аммо табобатро давом додан лозим буд.

Баъди қавй шудани дил ва рузи ҷиҳилу якуми табобат Абуалй ба Шамс рухсат дод, ки ним ҷуръа шароби тозаи ангур биншад.

Худи ҳамон рӯз Абуалиро ба хона оварданд. Ин хонаро барои ӯву Чурҷонй чудо карда буданд. Хона васеву барҳаво ва дорои таҷхизоти гаронбаҳо буд.

Ҷурҷонӣ аллакай тамоми китобҳои барои тадкиқоту машгулияти илмӣ даркориро пахн карда монда буд.

Дастнависи «Қонун» дар худи ҳамон вараке, ки чихил рузи расо пештар Абӯалӣ таълифашро қатъ намуда буд, кушода меистод.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222