Главная / Илм / Афкори ҷамъиятии даврони Сомониён.

Афкори ҷамъиятии даврони Сомониён.

Даврони ссалтанати Сомониён дар таърихи халки точик дарачаи баланди ҳаёти сиёсй, пешрафти иктисодй ва комёбиҳои намоёни фарҳанг буд.
Сомониён тавонистанд, зулми бегонагонро бартараф намоянд, тамоми қаламрави ачдодиро дар як марказ муттаҳид намоянд, дастгохи пуркудрати идоракунии давлатиро сомон диҳанд, ба тохтутози ачнабиёни кучй хотима диҳанд, барои пешрафти илму фарҳанг заминаҳои моддй фароҳам оваранд. Хизмати шоёни ин хонадон аз он иборат буд,ки забони дарй – точикиро забони давлатй эълон карданд.
Хидмати бузурги Сомониён ин буд, ки сулола ба раванди бедориву эҳёи фарҳангии мардуми точик ҳамовоз гашта, нагузоштанд, ки забону суннатҳои ин мардуми куҳанбунёд аз байн равад. Нахустин кадам дар ин кор аҳамият додан ба забони (точикй) форсй буд. Дар даргоҳ забони форсй точикй мақоми забони давлатиро гирифт.
Дар замони Сомониён баробари дигар соҳаҳои хочагй, инчунин ба пешрафти илм ва маърифат роҳ кушода шуд. Шахрҳои калони давлат ба марказҳои фарҳангии чаҳонй табдил ёфтанд. Сомониён чунон пояи мустахками маданияти хешро асос гузоштанд, ки онро ачнабиён аз байн набурда, забону урфу одати хешро ба он мутобиқ сохтанд. Ин маданият ба мардуми кӯчй ҳаёти мукимнишиниро омӯзонида, онҳоро сохиби маърифату шаҳрҳо гардонданд.
Дар таърихи давлатдории халки точик ва дигар халкдои Осиёи Миёна накши Сомониён ниҳоят бузург аст. Сомониён бо зиракй ва равшанандешй суннатҳои тоисломии ачдодони моро бо фарҳанги исломй омезиш дода, фарҳанги чаҳоншумули точику форсро барои ҳазорсолаҳои баъдй ба мерос гузоштанд.
Баъзе фарҳангу забон ва тамаддунҳои анй зери таъсири фарҳанги исломй аз миён рафт. Сомониён забону фарҳанг ва истиклоли сиёсии мардуми эронинажодро пас аз дусад сол дубора эҳё карданд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222