Главная / Илм / Афкори ҷамъиятй- сиёсй дар асрҳои Х1 – XVIII.

Афкори ҷамъиятй- сиёсй дар асрҳои Х1 – XVIII.

Дар охири асри Х аз байн рафтани давлати Сомониён ва ба дасти сулолахои турк гузаштани Мовароуннахр ва Хуросон дар таърихи сиёсй ва маданияти халки точик дар асрхои минбаъда накши манфии хешро гузошт. Ба чои давлати мутамарказонидашудаи точик хокимиятхои хурди туркй ба арсаи кудрат омада, як дарача монеъаи пешрафти илму фарханг гардиданд. Ба чои Бухоро, ки пойтахту маркази асосии илму фарханги точик ба шумор мерафт – марказхои нав, ба монандй: Ғазна, Балосагун, Марв, Нишопур, Урганч,, ва ғайра пайдо шуданд
Сар задани парокандагии феодалй баробари пастравии илму фарханг, инчунин таъкиби озодфикрон низ накши худро гузошт. Ба вучуди хамаи ин бедодихо, тагйир ёфтани марказхои фархангй ба илму адабиёт таъсири худро нарасонд.
Дар пешрафти афкори сиёсии ин давра Абурайхон Ахмади Берунй (973 – 1053), Носири Хусрав, Умари Хайём, Мухаммад Ғазолй, Абулфазли Байхақй ва дигарон сахми калон гузоштанд.
Берунй дар халли бисёр масъалахои илмй нисбат ба замонаш хеле пеш рафта буд. Асархои нодири ӯ «Осор – ул – бокия», «Тасвири Ҳиндустон» дар сохаи чугрофия, астрономия шӯхрати чахонй пайдо карданд.
Вай Худоро офаридгори ақли Кулл дониста, чунин мехисобид, ки акли умумй нафси кулро ба вучуд меоварад. Рӯхи умумй бошад, материали нахустинро, ки асоси хама мавҷудот мебошад, меофарад. Ин асос замин, об, ҳаво ва оташ аст.
Берунй тасдиқ меекунад, ки материя мустакилона ҷисмҳоро ба вуҷуд меоварад, шакли онҳоро тагйир медиҳад. Вай материяро офаридагор ва қобилиятҳои рӯҳй (ҷон таффакур ва ғайра)- ро хосияти ҷисмҳо медонист.
Дар катори Берунй намоёнтарини файласуфи асри Х1 – Носири Хусрав буд. Вай Худоро офаридагори акли Кулл дониста, чунин мегуфт, ки акли кулл нафси куллро ба вуҷуд меоварад. Рухи умумй бошад, материяи нахустинро, ки асоси ҳама мавҷудот мебошад, меофарад.
Дар масъалаи муносибати руху тан Носири Хусрав, ҷонро сабаб ва ибтидои ҷисми зинда медонист. ӯ мегуфт, ки ҷон дар чор шакл: минералй, растанй, ҳайвон ва одамй пайдо мешавад. Рӯҳи одамшаакли олии рӯҳҳост, ки инсонро аз ҷаҳони ҳайвону растаниҳо ҷудо мекунад.
Бузургтарин намояндаи ахли тасаввуф ва соҳаҳои мухталифи усули исломии ин давра Муҳаммад Ғазолй буд. Соли 1081 Низомулмулк ӯро ҳамчун донишманди илмҳои исломй дар Багдод сардори Академияи «Низомия» таъин карда буд. Дар ибтидо Ғазолй аклро асоси донисани ҳақиқат мешуморид. Аммо баъдтар ба ахли тасаввуф гузашт ва онро ба қоидаҳои дини Ислом мутобиқ гардидонд. Вай асоси дин донишро медонист, ки бо рохи ваҷд ба даст дароварда шудааст. Дар ҳаёт чизи аз ҳама мухим барои ӯ муҳаббат ба илоҳй ва наздикон буд.
Яке аз муарирхони машҳури ин давра Абулфазли Байҳақй буд. Баъди кушта шудани Султон Масъуд аз вазифаи дабирй ронда шуд, вазифаи сафоратро ба зимма мегирад.
Байҳаки дар айёми пириаш ба навиштани асари 30 ҷилдаи «Таъри Масъудй» шурӯъ намудааст. Арзиши ин асар дар он аст, ки муаллиф шоҳиди воқеъаҳо буд.
Муаллифи дигари замони Ғазнавиён Абӯсаиди Гардезй буд. ӯ китобе бо номи «Зайн – ул – ахбор»- ро навиштааст. Асар дар бораи шоҳони кадимаи Эрон халифаҳои Араб, музофоти Хуросон, дину ойин маросимҳои мусулмонон, насрониен, яхудиен, хиндуҳо ва туркҳо маълумоти зиед медиҳад.
Дар асри Х111 дар натичаи оратгарии зиёд марказҳои фарҳангии Осиёи Миёна хароб гаштанд.
Замони хукмронии мугулҳо яке аз давраҳои вазнинтарини таърихи халки точик мебошад. Истилои вахшиёнаи мугулҳо ва зулми феодалону руҳониёни маҳалй, бехукукии мехнаткашон ҳама ин сахифаҳои тираю тор хусусиятҳои пешрафти фикрҳои чамъиятию – сиёсй ва афкори чамъиятии халкдои Осиёи Миёнаро муайян мекарданд.
Яке аз хусусиятҳои чамъиятй – сиёсии Осиёи Миёна дар асрҳои Х111 ва минбаъда аз он иборат буд, ки мавзеъҳои зироаткору мукимнишин бо сахронишинони кучманчии молдор мутобиқ карда, дар байни худ муносибатҳои наздики иктисодй ва сиёсй доштанд. Қабилаҳои кӯчй ба навохии барзгарони мукимнишин ҳамлаҳои оратгарона карда, маданият, урфу одаташонро аз бар менамуданд, ба ҳайати онҳо ҳамчун чузъи нави этникй дохил шуда, ба ҳаёти мукимй мегузаштанд ва нуфузи халкиятҳои турку мугул зиёд мешуд.
Дар Ҳафтруд, Хоразм, Фаргона қабилаҳои зиёди турку мугул чойгир шуда, ба чои деҳаҳои очикнишин, қишлоқҳои туркй ташкил медоданд. Дар ин давра рафти турккунонии аҳолии мукимро тезониданд. Дар Ҳафтруд шахру навохии мукимнишинон вайрон шуда, чои онҳоро хаймаҳои кӯчиёни чорводори муғул ишгол карданд.
Аз тарафи Енесей ба ин мавзеъ аҳолии киргиз муҳочир карда шуданд, ки сохти қабила аз сар мегузаронданд.
Мугулҳои ба дашти Қипчоқ омада ба аҳолии бодянишинони туркони ин сарзамин омехта гашта, забон ва урфу одати онҳоро кабул карданд.
Минбаъд кабилаҳои турку муғули нуай, ки дар асри XV бо номи манғит баромад мекарданд, аз наздикии Бахри Сиёҳ ба шахрҳои Ченд ва Сигнаки сохили Сирдарё кӯчиданд. Дар асри XV аҳолии кӯчии Шайбону Урда бо номи (узбек) маъруфй карда мешуд.
Узбекони дашти Қипчақ аз рӯи пайдоиши хеш асоси умумии авлодй надоранд. Итиҳоди чузъиётҳои этникии таърихан дар дашт ташаккулёфта массагету саккой чунну туркй ва мугулй мебошад.
Дар натича як гури калони этникие пайдо шуд, ки дар атрофии худ қабила ва авлодҳои турку мугулро муттахид сохта, гохдо бо унвони туркй ва гохдо мугулй намбурд карда мешуданд.
Қабоили турк ва туркгаштаи дашти Кпчокро «узбек» меномиданд. Қабоил ва қавмиятҳои номбаршуда, бо туркон кай боз ба Осиёи Миёна мукимгашта омехта шуда ташаккулёбии халкияти ӯзбекро тезонданд. Чунин буд, авзои чамъияти сиёсии Осиёи Миёна то нимаи дуюми асри Х1Х.
Аз асри Х1Х сар карда дар Осиёи Миёна тағйиротҳои минбаъда ва авзои чамъиятй – сиёсй ба Руссия алоқаманд мебошад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222