Философияи эмпирикӣ
ки дар Англия пайдо
шуда буд, дар нимаи
дуюми асри XVIII туфайли тарҷумаи асарҳои Д.Юм,
Д.Гартли оҳиста-оҳиста ба Германия гузашт.
И.Кант (1724-1804) аз бузургтарин мутафаккирони
ин давра шинохта шудааст. Ӯ асосгузори идеализми клас-
сикии немис аст, ки идеяҳои диалектикаро аз нав
барқарор намудааст. Ӯ зидди эмпирияи Волф Х. баромад.
Ба ақидаи И.Кант, дар психология математика ва экспе-
римент имкон надоранд, вале ӯ он давра хато кард. Дар
баробари ин, минбаъд зарурати онҳоро низ қайд мекунад.
Мувофиқи ақидаи И.Кант, протсесси маърифат аз таъси-
ри ашё ба мо сар мешавад ва он хусусияти эмпирикиро
дорад. Аз ин таъсирот мазмуни маърифат ҳосил мешавад.
Ҳамин тавр, ӯ назарияи априориро дар протсесси
маърифат пеш бурд. Маънои априоризми И.Кант ҳамин
аст, ки субъекти дониш дорои шаклҳои муайяни идеяҳои
пеш аз вай мавҷудбуда аст. Ин априоризм бо мафҳуми
идеяҳои модарзодӣ айнан як чиз нест – инҳо идеяҳои мо-
дарзодӣ нестанд, балки шаклҳое мебошанд, ки одам дар
рафти аз шаклҳои маданияти пеш аз вай мавҷуда баҳра-
манд шуданаш аз бар кардааст.
И.Кант шаклҳои априории муроқибаро муайян кард
ва зери он идрокро дар назар дошт. Инчунин шаклҳои
априории тафаккурро дида мебарояд, ки тавассути онҳо
донишҳо ҳосил мешаванд. И.Кант дар таълимоташ доир
ба маърифат ба диалектика низ эътибори калон додааст:
зиддиятро лаҳзаи зарурии маърифат медонад. У дар зами-
наи шаклҳои априории ақл таълимотро доир ба апперсия
пешниҳод намуд. Апперсия, аз назари И.Кант, ин қувваи
фаъоле мебошад, ки синтези тасаввуротҳои дар ибтидо
бетартибона вуҷуддоштаро мекунад. Апперсепсия имко-
ният медиҳад, ки объектҳо хуб дарк ва фаҳмида шаванд.
Баъди И. Кант фалсафаи классикии немисро И. Г.
Фихте (1762-1814) ва Ф. Шеллинг (1775-1854) пеш бур-
данд. Фихте фаъолиятмандии маърифатиро дар як навъ
принсипи ягона дар Ман-и мутлақ ва Шеллинг дар айни-
яти мутлақи ҳастӣ ва тафаккур медиданд. Моҳияти
«Ман»-ро фаъолият ташкил медиҳад. Бинобар ин Фихте
мегӯяд: «мо аз он ҷиҳат маърифат мекунем, ки барои амал
кардан дода шудаем». Дониш на ҳамчун мақсад, балки
чун воситаи ҳокимияти ратсионалӣ ба табиат баромад ме-
кунад. Фихте тараққиёти рӯҳии одамро аз кӯдакӣ то синни
камолат ба таври диалектикӣ дида мебарояд.
Ф.Шеллинг шогирди И. Г. Фихте буда, субъекти-
визми устодашро зери танқид гирифт ва ҳаёти рӯҳиро дар
доираи таълимот доир ба табиат баррасӣ мекунад. Табиат
бо рӯҳ зич алоқаманд аст, мегӯяд ӯ. Шеллинг тараққиёти
шуурро аз эҳсос то ирода қайд намудааст. Мувофиқи ан-
дешаи ӯ, мақсад ва фаъолияти олии «Ман»-ро санъат
ташкил медиҳад.
Дар системаи идеалистии Г.В. Гегел (1770-1831) пси-
хология яке аз қисматҳои муҳими рӯҳи субъективиро
(шуури индивидуалӣ) ташкил медиҳад. Шуури индиви-
дуалӣ (фардӣ) дар тараққиётӣ худ се зинаро аз сар мегуза-
ронад. Дар зинаи якум, рӯҳ ҳамчун ҷисм таҳлил мешавад
ва он предмети илми антрополгия аст. Дар ин ҷо шаклҳои
гуногуни ҳодисаҳои психологиро дар алоқамандӣ бо ху-
сусиятҳои нажодӣ, синнусолӣ ва физологии одамон, бо
характеру мизоҷ ва инчунин эҳсос дида мебарояд. Дар зи-
наи дуюм, ки онро рефлексия номид, рӯҳ шуурро ифода
мекунад. Шуур предмети рӯҳ ба шумор меравад. У роҳи
тараққиётро аз шуур то ба зинаи худшиносӣ ва то ба ақл
тасаввур мекард. Дар зинаи сеюм, рӯҳ чӣ тавр худро ба
сифати ақл дарк мекунад, таҳлил мегардад: рӯҳи назари-
явӣ, яъне маърифат ва рӯҳи амалӣ, яъне ирода. Ин зинаи
тараққиёти рӯҳ предмети омӯзиши психология мебошад.
Л.Фейербах (1804-1872) охирин намояндаи фалсафаи
классикии немис ба ҳисоб рафта, дар таълимоти ӯ фаҳми-
ши материалистии психика мавқеи калонро соҳиб аст.
Фейербах Л. дар фалсафаи худ инсонро ҳамчун субъекти
тафаккур меҳисобад ва онро аз рӯи принсипи антропо-
логӣ дар ягонагии ҷисму рӯҳ дида мебарояд. У такид ме-
кунад, ки муқобилгузории ҷисм ва рӯҳ ҳатто ба таври
мантиқӣ номумкин аст. Фейербахт Л. одамро аз табиат
наканда, ба он муқобил нагузошта меомӯхт ва онро як
қисми таркибии табиат медонист. У ҷиҳати «табиӣ»-и
одамро муболиға карда, ба ҷиҳати иҷтимоии вай эътибо-
ри ҷиддӣ надодааст.
Дар асри XVIII дар Германия омӯзиши ҳодисаҳои
эмпирикии ба одаму табиат алоқаманд шурӯъ шуд Дар ин
ҷода саҳми муайянро файласуф, педагоги барҷаста ва
психолог И.Гербарт (1776-1841) гузошт, ки ӯ асосгузори
психологияи эмпирикии немис дониста шудааст.
Герберг И. тарафдори психологияи ассотсиативӣ бу-
да. мехоҳад, ки психологияро дар заминаи таҷрибаҳо ва
пеш аз ҳама дар асоси таҳқиқи зуҳуроти шуур мураттаб
созад. Методҳои омӯзиши ҳолатҳои гуногуни шуурро му-
шоҳида, худмушоҳидакунӣ ва таҳлили маҳсули фаъолият
ташкил медиҳанд. Эксперимент, ба ақидаи ӯ, барои
тадқиқи шуур мувофиқ нест. У таъкид менамояд, ки барои
табдили психология ба илм, бояд дар он математикаро
истифода бурд. Фақат математика таърифу фаҳмишҳои
моро аниқу равшан намуда, барои санҷиши онҳо имкони-
ят медиҳад. Тасаввурот, ба қавли Гербарт И., ин образҳои
мураккаби идрок аст. ки зери таъсири объектҳои дар бе-
рун вуҷуддошта пайдо мешаванд. Тасаввурот соҳиби ни-
шондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдорӣ аст. Хусусиятҳои
миқдориро бо чунин мафҳумҳо ифода менамояд:
«бештар» ё худ «камтар», масалан, «тасаввуроти каму беш
равшану аниқ», «ҳолати рӯҳии каму беш бошиддат» ва
ғайра. Тавсифдиҳандаи миқдории тасаввурот – ин қувва
буда, нишондиҳандаи он «аниқӣ» маҳсуб меёбад. Тасав-
вуротро вобаста ба дараҷаи аниқӣ, ба се қисм ҷудо намуд:
а) шуури аниқу равшан; б) шуур – тасаввуротҳои на он
қадар аниқу равшан; в) бешуурӣ – тасаввуротҳое, ки зери
таъсири дигар тасаввуротҳо мондаанд ва хираю норавша-
нанд. Барои он ки тасаввурот ба шуур ворид шаваду рав-
шан гардад, бояд он ба таҷрибаи гузашта такя намояд.
Якҷояшавии тасаввуротро бо таҷрибаи гузашта «аппер-
сепсия» номид. Назариёти И.Гербартро шогирдонаш
М.В.Дробиш, В.Ф.Фолкман ва Т.Вайте давом доданд.