Доро мисли бисту як нафар ҳамсинфаш як бачаи муқаррарист. Ҳар субҳ ба мактаб меравад, нисфирӯз ба хона бармегардад, рӯзҳои шанбеву якшанбе истироҳат дорад. Одобу донишаш бад нест. Агар андак кӯшиш кунад, ба қатори бачаҳои боинтизом дохил хоҳад шуд. Саводаш миёна, яъне рӯзномааш пури “чор” асту гоҳ-гоҳ “панд” ҳам ба назар мерасад. Тозаю озода мегардад. Мисли Даврону Гуландом хушрӯ расм кашида натавонад ҳам, рубоб менавозад ва суруд мехонад. Дар ҳалли муаммо ва чистонгӯиву чистонёби ягон кас ба Доро баробар шуда наметавонад. Аммо футболро хуш надорад. Бозии теннисро зиёдтар меписандад.
Хуллас, Доро як бачаи муқаррарист. Лекин вай соҳиби як истеъдод аст, ки ягон бачаи олам надорад ва ҳар бача онро орзу мекунад!
Доро бо ҳар узви худ гуфтугӯ мекунад. Пагоҳӣ аз хоб хеста мепурсад:
⦁ Пойҳо, пойҳо, шумо акнун чӣ кор мекунед?
Пойҳо мегӯянд:
⦁ Мо туро берун мебарем…
Ё Доро ба оина нигоҳ карда мегӯяд:
⦁ Салом, чашмони ман!
– Дуруд ба ту ! – чавоб медиҳад ду чашм баробар.
Доро метавонад бо гӯш, бини, даҳону дандон, абрувону мижаҳояш ҳам гап занад. Ҳар замон бо мӯйи сараш гуфтугӯ мекунад. Дуруст, ки баъзан алоғула мехезад, зеро дар сар ҳазор-ҳазор мӯй ҳаст ва ҳар кадоми он чизе гуфтан мехоҳад. Бо дасту пой чӣ, бо нохуни ҳар ангушт гуфтугӯ карданашро шунавед, ангушти ҳайрат мегазед.
Аммо аз ин хусус ҳеч кас хабар надорад. Падару модар, бибию бобо, хоҳару бародар, ҳақу ҳамсояҳо, ҳатто, омӯзго- рону ҳамсинфонаш огоҳ нестанд…
Баъзан лозим мешавад, ки Доро якбора бо чанд узви бадани худ дурудароз гуфтугӯ кунад. Ин қисса ҳам аз чум- лаи ҳамин гуна як гуфтугӯи дароз аст, ки пагоҳӣ оғоз ёфту шабҳангом анҷом ёфт.
Инак, бодиққат гӯш кунед.
Пагоҳӣ Доро ба мактаб омад. Дарси аввал хондан буд. Доро баҳои хуб гирифт. Аз дарси дуюм, ҳисоб, баҳояш аъло шуд. Вале вақте дарси сеюм сар шуд, Доро фаҳмид, ки қа- ламҳои рангаю албомашро наовардааст, дар хона фаромӯш кардааст.
– Барои чӣ бекор нишасти? – пурсид муаллима.
– Ку қаламҳои рангаат? Куҷост албомат?
Доро дарҳол ба чашму гӯшу забону даҳон, умуман, ба тамоми узвҳои худ амр дод: “Зинҳор дурӯғ нагӯед!” Узвҳо бо як овоз ҷавоб доданд:
– Дар хона.
– Барои чӣ?
– Барои он ки фаромӯш шудааст.
– Кӣ акнун расми себ мекашад?
Доро ба ин суол чавоб дода натавонист. Хиҷолат кашиду сар хам кард.
– Дигар такрор нашавад, Доро! – огоҳ кард омӯзгор ва аз мизи худ қаламу коази тоза оварда дод, ки Доро расми себ кашад.
Себе, ки Доро дар он коаз тасвир намуд, зебо баромад. Муаллима дар поёни расм баҳои хуб гузошту бори дигар огоҳ кард:
– Фаромӯшхотир нашав!
Дар мактаб ҳамин хел воқеа рӯй дод. Аммо дар хона Доро тамоми рӯз ошуфтаю парешон буд. Борҳо аз худ пурсид, ки чаро қаламҳои рангаю албомашро нагирифт. Хатои кист? Дар кучо ва чаро иштибоҳ кард?
Ба ин суолҳо дергоҳ чавоб пайдо карда натавонист. Шаб омад. Хаво торик шуд. Доро либосашро кашиду ба ҷойгаҳ даромад. Боз ҳамон суолҳо ба сараш омаданд: “Чаро қа- ламҳои рангаю албом фаромӯш шуданд. Хатои кист? Гуноҳи чист? Дар куҷо ва чаро иштибоҳ кардам ?…”
Ин лаҳза ба хона модараш даромад.
– Дороҷон, – гуфт вай, – ту имрӯз қаламу албоматро фа- ромӯш карда, мактаб рафти. Вақте ношто мекарди, ба хоти- рат ҳам расондам. Бо вучуди ин дар рӯйи миз гузошта рафти. Бачаи фаромӯшхотир нашав.
“Аҳа! – ба худ омад Доро. – Модарам огоҳ ҳам карда бу- дааст. Пас, чаро фаромӯш шуданд?…”
Нохост ба ёдаш расид, ки ин ҳамаро бояд аз чашму гӯшу даҳону дасту пой ва дигар узвҳо пурсид.
Доро дар ҷойгаҳ ру ба боло шт ва аз пойҳояш пурсид:
– Пойҳои ман, пойҳои ман! Барои чӣ маро бе қалами рангаю албом ба мактаб бурдед? Модарам огоҳ карда буда- аст-ку!
Пойҳо чунин ҷавоб доданд:
– Вазифаи мо танҳо роҳ рафтан буд. Мо ин корро бе ягон хатою нуқсон анҷом додем. Туро аз зинаҳо бо эҳтиёт фаро- вардем, аз чорроҳаи пурмошин осонакак гузарондем, пешпо нахӯрдем, чусту чолок будем. Туро ба мактаб дар вақташ расондем. Аммо аз огоҳ кардани модарат хабар надорем. Ҷавоби суолатро аз дастҳо пурс, Доро.
Доро ба пойҳояш ташаккур гуфту аз дастонаш пурсид:
– Дастони ман, дастони ман! Барои чӣ маро бе катами рангаю албом ба мактаб бурдед? Модарам огоҳ карда буда- аст-ку!
Дастҳо чунин чавоб доданд:
– Вазифаи ^о фақат бардоштану бурдани китобдон буд. Мо ин корро бе ягон хатою нуқсон анҷом додем. Ёд дорӣ, дар автобус роҳкиро супурдем, як қуттичаи холиро аз рӯйи роҳ гирифта, ба партовгоҳ афкандем, вақте ба мактаб раси- дӣ, бо бачаҳо вохӯрӣ кардем, чун ба ошхона даромадӣ, мо якдиарро тоза шустем. Аммо аз огор кардани модарат ха- бар надорем. Ҷавоби суолатро аз забон пурс, Доро.
Доро ба дастонаш ташаккур гуфту аз даҳонаш пурсид:
– Забони ман, забони ман! Барои чӣ маро бе қалами ран- гаю албом ба мактаб бурди? Модарам огоҳ карда будаст-ку!
Забон чунин ҷавоб дод:
– Вазифаи ман фақат сухан гуфтан буд. Ман ин корро бе ягон хатою нуқсон анҷом додам. Вакте аз хона берун ме- рафти, ба модарат “Хайр!” – гуфтам, вақте дар кӯча пира- марде рақами хатсайри мошинеро пурсид “Ҳаждаҳ!” – гуф- там, ба роҳгузарону ҳамсинфону омӯзгорон салом додам, ба суолҳои муаллима дуруст чавоб додам, ҳатто суруд ҳам хон дам. Аммо аз огоҳ кардани модарат хабар надорем. Ҷавоби суолатро аз чашмҳо пурс, Доро.
Доро ба забонаш ташаккур гуфту аз чашмонаш пурсид:
– Чашмони ман, чашмони ман! Барои чӣ маро бе қалами рангаю албом ба мактаб бурдед? Модарам огоҳ карда буда- аст-ку!
Чашмҳо чунин ҷавоб доданд:
– Вазифаи мо фақат дидан буд. Мо ин корро бе ягон хатою нуқсон анҷом додем. Мо дар варзиш карданат, ли- бос пӯшиданат, ба мактаб рафтану аз мактаб омаданат бе- дору ҳушёр будем. Мо китоб хондем, ки ту савод бигири, мо чароаки сурхро дида туро боздоштем, вақте чароак сабз шуд, фармудем, ки аз роҳ гузар. Агар мо ҳамроҳи ту наме- будем, ҳатто аз хона берун рафта наметавонисти. Аммо аз огоҳ кардани модарат хабар надорем. Ҷавоби суолатро аз гӯшҳо пурс, Доро.
Доро ба чашмонаш ташаккур гуфту аз гшояш пурсид:
– Гӯшҳои ман, гӯшҳои ман! Барои чӣ маро бе қалами рангаю албом ба мактаб бурдед? Модарам огоҳ карда буда- аст-ку!
Гӯшҳо чунин ҷавоб доданд:
– Вазифаи мо фақат шунидан буд. Мо ин корро бе ягон хатою нуқсон анҷом додем. Мо садои занги соатро шунида, туро бедор кардем, хониши булбулонро шунида, туро хур- санд кардем. “Дороч^н, наҳорӣ тайёр аст!” – гуфтани мо- даратро мо ба ту хабар додем. Дар мактаб чӣ гуфтану чӣ пурсидани муаллимаро мо шунидем. Дар роҳ ба чанд кас салом гуфти, ҷавобӣ салому таҳсину офарини онҳоро шуни- дан кори мо буд ва мо инро хуб анҷом додем. Аммо аз огоҳ кардани модарат хабар надорем. Ҷавоби суолатро аз майна- ат пурс, Доро.
Доро ба гшояш ташаккур гуфту аз майнааш пурсид:
– Майнаи ман, майнаи ман! Барои чӣ маро бе қалами раню албом ба мактаб бурди? Модарам огоҳ карда буда- аст-ку!
Майна чунин ҷавоб дод:
– Ман ҳокими гӯшҳоям, ман ҳокими чашмонам, ман ҳо- кими забонам, ман ҳокими дасту пой ва тамоми узвҳои туям. Агар ман ҳушёр набошам, ҳамаи узвҳо хато мекунанд. Вақте модарат туро ог^ҳ кард, ки қаламу албоматро бигири, ту ба ман кори дигар фармуди, ба кори беҳуда машғул карди. Аз ин сабаб гӯшҳо нашуниданд.
– Он кори беҳуда чи буд? – тааҷҷуб кард Доро.
Майна чунин ҷавоб дод:
– Ту он лаҳза пойафзол мепӯшиди. Онро дирӯз туҳфа кар- да буданд. Наву оҳарӣ, чармину хушҷило, хушдӯхту хуш- намуд… Хаёл мекарди, ки пойафзолат беҳтарин аст ва дар сифатон ҳеҷ кас чунин попӯш надорад… Хулоса, ба таърифу ман-мани овора шуда, сухани модаратро нашуниди.
– Дуруст, – дарҳол иқрор шуд Доро. – Маҳз чунин буд. Дар ёдам ҳаст, ба попӯшиҳои навам мафтун шуда, ҳамаро фа- ромӯш кардам. Бобоям рост мегуфтаанд: “Таърифу ман-мани ақлро тира мекунад…” Бубахш, ки ба кори ту халал расондам.
– Минбаъд ҳушёр бош, – маслиҳат дод майна ба Доро. – Ҳар кор ки мекуни, дидаву дониста бикун!
Доро ба майна ҳам ташаккур гуфт ва аз пойҳову дастон, аз забону чашмон ва гӯшҳояш узр пурсид.
Ба зуди ӯро хоб бурд, хоби ширин…
Муаллиф: АЗИЗИ АЗИЗ