Главная / Гуногун / Афсонаи Себ

Афсонаи Себ

Дар канори роҳ як дарахти себ қомат афрохта буд. Писараке дар сояи дарахти себ нишаст, то ин ки аз офтоби сӯзон паноҳ барад. Дарахт шохашро афшонду як дона себ афканд.

Писар хурсанд шуд. Себро хӯрд. Аҷаб ширину хуштаъм буд он!
– Раҳмат ба ту, дарахти меҳрубон! Ба некиат неки карданиам. Чи мехоҳӣ? – гуфт писарак.
– Ту хурсанд шуди, раҳмат гуфти, ҳамин кифоя, – ҷавоб дод дарахт.

– Бо вуҷуди ин ба некиат ҷавоб додан мехоҳам.
– Ин тавр бошад, ба одаме, ки маро шинонду нигоҳубин кард, низ раҳмат бигӯ,- гуфт себ.

Писарак ин себи шаҳдборро низ нӯши ҷон кард ва гуфт:
– Раҳмат гуфтан кам аст, дарахти меҳрубон. Бигӯ, ки чӣ кор кунам, то аз хотири ту фаромӯш нашавад?

афсонаи себ - дарахт

– Ман ба ту чанд дона мева медиҳам. Себҳоро ба ҷӯраҳоят бурда бидеҳ,- гуфт дарахт ва боз якчанд себ ба писарак афканд.
Писарак себҳоро ба ҷӯраҳояш бурд. Бачаҳо себҳоро хӯрда, ба писарак раҳмат гуфтанд.

– Не, аз мо нест. Дарахти себ дар канори роҳ танҳо аст.
– Себаш бомаза будааст, – гуфт чурааш.
– Мо ба ивази некии дарахт бояд амале кунем, ки дарахт ҳам аз мо миннатдор бошад.
– Ёфтам, – нидо кард нафаре.
– Чй ёфтй? – пурсид писарак.
– Ту гуфтй, ки ӯ танҳо аст.
– Бале.
– Мо тирамоҳ ё аввали баҳор дар паҳлуи вай ниҳолҳои дигар мешинонем, – чавоб дод чурааш.

– Фикри хуб, – гуфт писарак.
Пас аз чанд сол аз ду чониби роҳ дарахтони зиёди мевадор қад афрохтанд. Касе намедонад, ки ин дарахтонро ки шинонда ва парвариш кардааст. Вале ҳама медонанд, ки дар сояи онҳо нишаста, меваашонро чашида, ба ки ташаккур гуфтан зарур аст.

Муаллиф: ГУЛСАРА АВАЗОВА

Муаллифи китоби мазкур ба Оҷонсии ИМА оид ба Рушди байналмилали (USAID) ва
Фонди Оғохон барои дастгирии молиявиашон дар нашри
ин китоб миннатдории худро изҳор менамояд.
Китоби мазкур дар доираи лоиҳаи «Робитаҳои иқтисоди
ва идтимои: сохтори молияви барои рушди
соҳаҳои гуногун дар Тикистон»
ба нашр расидааст.
Ба чоп 12. 09. 2019 идозат дода шуд.
Андозаи 60х84 1/8. Коғази офсет. Чопи офсет.
Чзъи чопи 1,5. Адади нашр 7900 нусха.
Супориши № 122/2019
Муассисаи нашриявии «Маориф»-и
Вазорати маориф ва илми Чумҳурии Тикистон,
734024, ш. Душанбе, чаи Аҳмади Дониш, 50.
Тел.: 222-14-66
E-mail: najmiddin64@mail. ru
Дар матбааи ЧДММ «Офсет»
ба табъ расидааст.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

mumu

Муму – Қиссаи Иван Сергеевич Тургенев

Дар яке аз кӯчаҳои ҳошияи Маскав дар бинои хокистарие, ки сутунҳои сафед, болохона ва пешайвоне …

222222222222222