Главная / Маданият ва санъат / Ҳафтранг – афсонаи тоҷикӣ (ҳикоя)

Ҳафтранг – афсонаи тоҷикӣ (ҳикоя)

Замоне дар як диёр ҳафт ранг зиндагӣ мекард. Онҳо Сурх, Сабз, Норинҷӣ, Зард, Кабуд, Бунафш ва Гулобӣ буданд. Ҳеҷ кадоме аз ин рангҳо боре бо ранги дигар наомехта буд. Ҳар ранг фикр мекард, ки аз рангҳои дигар зеботар аст.

ҳафтранг

Дар як гӯшаи ин диёр ранги Сафед ҳам зиндагӣ мекард. Вай аз ин рафтори рангҳо огоҳ буд. Рӯзе онҳоро ба назди худ даъват кард ва гуфт:

Биёед, ман шуморо ба назди Ҳафтранг бубарам. Ҳафтранг дар сарзамини хеле дур зиндаги мекунад. Рангҳо рози шуданд ва бо ранги Сафед ба сафар баромаданд. Худписандии рангҳо ҳангоми сафар ҳам ба назар мерасид. Яке ақиб мемонд, дигаре пеш мерафт.

Рангҳо аз болои дарё гузаштанд. Ранги Кабуд фарёд зад:

Ана, маро бинед, чӣ гуна зебоям!

2

Рангҳои дигар чизе гуфтани буданд, ки ранги Сафед гуфт:
– Биёед, поинтар фароем ва каме истироҳат кунем. Ранг- ҳо поин фуромаданд ва раққосаеро диданд, ки бо пироҳани зебо рақс мекард.
Пироҳанаш чунон ҷолиб буд, ки рангҳои гуногуни он бинандаро ба шавқ меовард. Дар пироҳани раққоса рангҳои сурх, сабз, сафед ва кабуд хеле зебо менамуданд.

3

Ин манзараи зебои айриоди рангҳоро ба вачд овард. “Ин хел набояд бошад”, – гуфт ранги Сабз. Норинҷи ҳам бовар накарда гуфт: “Корест ношудани, рафтем аз ин ҷо”. Ранги Бунафш худ ба худ гуфт: “Агар росташро гӯям, ман агар бо Гулоби якҷо бошам, зеботар менамоям”. “Ваҳ, ману Норинҷию Гулоби дар пироҳани он раққоса чӣ сон дилфиреб метобем!” – фикр мекард Сурх.

Онҳо боз парвоз карданд.

Чанд фарсах парвоз карда буданд, ки миёни водиҳои лолазор қасре намудор шуд. Аз даруни он суруди фораме шунида мешуд. Ранги Гулоби гуфт:

  • Биёед, поин фароему сурудро аз наздик гӯш кунем.

Рангҳо поин фуромада, гурӯҳи занонеро диданд, ки сурудхонон гулдӯзи мекарданд. Гулдӯзи саросар аз рангҳои гуногун иборат буд: сурху сабз, нориндию зард, кабуду бунафшу гулоби.

4

  • Эй дӯстон, шитобед, ки ҳоло шамоли сахт мевазад! Бояд сарпаноҳе биёбем, – гуфт ранги Сафед.

Рангҳо боз ба ҳаво парвоз карданд.

  • Ана дидед, бинои зеборо. Биёед, ба он даромада, гарм шавем, – гуфт ранги Гулоби.

Рангҳо вориди хона шуданд.

6

7

Ин бино осорхона буд. Дар деворҳои он расму рамзҳои гуногун овезон буданд.

Рангҳо нашои овезаҳоро тамошо карда, ҳар яке ранги худро меҷуст. Лекин дар алоҳидаги худро пайдо намекарданд. Аз ҷустуҷӯи ранги аслии худ монда шуданду, онҳоро хоб бурд.

8

Субҳи барвақт ранги Сафед онҳоро бедор карда гуфт:

– Сафарамонро давом медиҳем.

Рангҳо аз нав ба парвоз баромаданд. Онҳо парвозкунон ба қасри шишагине расиданд, ки дар осмон ҷойгир буд.

– Соҳиби ҳамин қаср Хафтранг аст, – гуфт ранги Сафед.

Рангҳо бо овози баланд Хафтрангро ҷеғ заданд, ба ҳар гӯшаю канори қаср рафтанд, аммо онро пайдо карда натавонистанд.

9

Ранги Сафед ин ҳолро дида гуфт:

– Дӯстонам! Ман ба шумо омезиши рангҳоро дар пироҳа- ни раққоса, гулдӯзии дугонаҳо, ҷуробҳои биби ва расму ни- гораҳои осорхона нишон додам. То бубинед, ки шумо дар якҷояги чӣ қадар зебо менамоед.

Ҳеҷ гуна Ҳафтранге вуҷуд надорад. Охир, шумо худро дар оина бубинед. Магар шумо дар якҷояги Ҳафтранг нестед? Зебоиро на дар берун, балки дар даруни худ бояд ҷуст!

Рангҳо ба оина назар карданд ва акси худро дар он диданд.

14 15

Фаҳмиданд, ки онҳо дар якҷояги Хафтранг будаанд. Фаҳмиданд, ки ҳар ранг дар якҷояги бо ранги дигар зебою пурҷилотар мегардад.

Аз иттифоқи рангҳо тамоми диёр шукуфон шуд. Осмону Замин аз наш нигори зебою сеҳромез рангину босафо гашт. Дар осмон рангинкамон баромад.

Муаллиф: ЗАҲИНА НАЗАРОВА

КИТОБЧАИ ҲАФТРАНГ

Муаллифи китоби мазкур ба

Оҷонсии ИМА оид ба Рушди байналмилали (USAID) ва
Фонди Оғохон барои дастгирии молиявиашон дар нашри
ин китоб миннатдории худро изҳор менамояд.

Китоби мазкур дар доираи лоиҳаи «Робитаҳои иқтисоди
ва идтимои: сохтори молияви барои рушди
соҳаҳои гуногун дар Тодикистон»
ба нашр расидааст.

Ба чоп 12. 09. 2019 идозат дода шуд.

Андозаи 60х84 1/8. Коғази офсет. Чопи офсет.

Чзъи чопи 2, 0. Адади нашр 7900 нусха.

Супориши № 99/2019

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

pir

Пири бераҳм – ҳикоя аз Кароматуллоҳи Мирзо

Додои Баҳодур ба охури говҳо коҳу кунҷора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи ҷавро аз …

222222222222222